Барои баланд бардоштани дониш, шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба фанни математика лозим аст, ки аз бозиҳои дидактикию математикӣ, масъалаҳои шавқовару ребусҳо бештар истифода барем, зеро бачагони синни хурди мактабӣ ба бозӣ зиёдтар майл доранд. Ҳар як бозии математикӣ ба бачагон ташаббускорӣ, тезҳисобкунӣ, тездарккуниро омӯзонида, ба пешрафти дониши хонандагон кумак мерасонад ва онҳоро аз хасташавӣ нигоҳ медорад. Барои шавқовар гузаштани ҳар як дарс бозиҳои гуногунро истифода бурда, дар лаҳзаҳои дамгирӣ шеър, панд, чистонҳо, бозиҳои «Кӣ зудтар?», «Зинача», «Ҳисоби занҷирӣ», «Мисолҳои даврӣ», «Мусобиқаи математикӣ», ребусҳо, «Хатояшро ёбед» ташкил карда, хасташавии хонандагонро бартараф менамоям.
Барои корҳои хонагиву мустақилона чунин супоришҳоеро додан зарур аст, ки хонандагони сустхон ҳам аз уҳдаи мустақил иҷро кардани онҳо баромада тавонанд. Супоришҳои хонагӣ ё мустақилона дараҷаи ҳисобдонии хонандагонро бо мурури замон баланд бардошта, маҳорат ва малакаи онҳоро инкишоф медиҳад. Кори хонагии хонандагон бояд ба мустаҳкам кардани маводи дар синф азхудкардашуда алоқаманд бошад. Дар синфҳои ибтидоӣ ҳар як дарс, хусусан, дарси математика бо асбобҳои аёнӣ, бозӣ ва шаклҳои дигари шавқмандкунӣ сурат гирад.
Нақши асосиро дар ташаккули умумии хонандагон дарсҳои интерактивӣ мебозанд. Усулҳои худсанҷишӣ, кор дар гурӯҳҳо бо мақсади тартиб додани шарти масъала, ёфтани роҳи осон ва дурусти ҳалли мисолҳо, иҷро кардани супоришҳои мустақилонаи гурӯҳӣ ва кори фардӣ бо хонандагони сустхон дар дарс ва дарсҳои иловагӣ самараи хуб медиҳанд.
Дар литсейи инноватсионии «Душанбе», ки аз рӯйи равияи табиӣ - риёзӣ фаъолият мекунад, ба омӯхтани фанҳои дақиқ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ин омил мо, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро водор месозад, ки барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ҳамвора талош намоем.
Мӯнисахон ҶӮРАЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
литсейи инноватсионии
«Душанбе»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр