Ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз оғози соли 2018 ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бо ҳадафи инъикосу тавзеҳу баррасии бештару муассиртари аҳамияту моҳият ва аҳдофи ин ташаббуси бузурги сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо талошҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботманд аст, барои беҳтарин мақолаҳо озмун эълон карда буд. Ба озмун беш аз сӣ мақола пешниҳод шуд, ки аксари онҳо дар давоми соли гузашта дар саҳифаҳои «Омӯзгор» ба нашр расиданд. Инак ҳайати доварон, ки аз ҳисоби донишмандони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳам омада буданд, пас аз омӯзишу баррасии ҳаматарафаи мақолаҳои озмунӣ ғолибонро муайян намуданд.
Ҷои аввал: Амиралӣ Шарифов – директории мактаби №11 ба номи Ф.Зарифов, ноҳияи Рӯдакӣ; барои мақолаи «Чашмаи азиз»
Ҷои дуюм: Ҳаким Қодиров – омӯзгори мактаби №50-и шаҳри Панҷакент; барои мақолаи «Ман зиндагиофарам!»
Ҷои сеюм: Бахтиёри Қутбиддин – мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; барои мақолаи «Чанд мантиқи тасмим ва ташаббуси бузурги Тоҷикистон».
Ғолибони озмунро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар озмун бо нигоштаҳои ҷолибашон ширкат варзида, саҳифаҳои «Омӯзгор»-ро рангинтар сохтанд, арзи сипос менамоем.
Ҳамчунин, аз донишмандони муҳтарами ПРМ ба номи А.Ҷомӣ барои ҳамкорию дастгириашон сипосгузорем.
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр