Дар шароити пуртазоди муносибатҳо ва сиёсати ноустувори иқтисодии ҷаҳонӣ ҳар як кишвар дар сурате метавонад вобаста ба ташкили иқтисодиёти худ истодагарӣ ва ё муқовимат намояд, ки агар заминаҳо ё таҳкурсии устувори иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ дошта бошад.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 -2021 ҳамин гуна ва воситаи расидан ба иқтисодиёти иҷтимоии устувор мебошад.
Сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар даҳсолаи охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун шаклу намудҳои муассири хизматрасонӣ тадриҷан рушд ёфта истодааст. Имрӯз дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ ду соҳаи мустақили сайёҳӣ: байналмилалӣ ва дохилӣ бо низом ва сохторҳои махсуси худ амал менамоянд ва дар байни ҷомеа низ маъруфият пайдо кардаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳамчун воситаи аёнии муаррифии фарҳанг ва тамаддун арзёбӣ гардида, шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи бевоситаи сайёҳонро ҷалб намудааст, ин молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакли туҳфа, руқъа, фита ва ғайра мебошад. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон ба ин намуди кору истеҳсолот аксар вақт дар маҳалҳо оилаҳои ҳунарманд машғул мегарданд, чун маҳсулоти дастӣ бо дарназардошти сатҳу сифат маъруфияти хосро доро мебошад ва талаботи бозор низ ба истеҳсоли маҳсулоти мардумӣ зиёд аст. Зимнан, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият — рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар навбати худ он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва ба ин восита беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоии иқтисодии оилаҳо сабаб гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин давлатест, ки дар фазои ИДМ ба сайёҳии дохилӣ афзалият дода, бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартибот дар бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»-ро қабул кардааст.
Аслан, миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат ва фарҳанг мебошад, бахусус наврасон ва ҷавонон дар роҳи пайдо кардани маълумоти беш аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба боздиди ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд.
Аммо шароит, имконият (захира) ва завқу рағбату хоҳиш дар айни замон тавъами якдигар нестанд, байни худ фосилаи зиёд доранд, ки маҳз ҳамин нуқта андешидани тадбирҳои судмандро тақозо мекунад. Яъне, имрӯз вақти он расидааст, ки захираҳои мавҷудаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама, ба истифодаи васеи шаҳрвандони ватанӣ, бо шароити фароҳам пешниҳод карда шаванд, то барои қабули сазовори меҳмонон (сайёҳони хориҷӣ) аҳли ҷомеа омода гардида, маданияти муносиби сайёҳиро (меҳмондории сатҳи байналмилалиро) аз худ кунад. Мисол, дар мамлакатҳои Чин, Корея ва Тайиланд аз 100 сайёҳ ҳамагӣ 20-30 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, боқимонда сайёҳони ватанӣ буда, пайваста ба омӯзиши таъриху фарҳанги худ машғул мебошанд, яъне онҳо ба маконҳои гуногуни кишварашон мунтазам сайру саёҳат мекунанд. Зимнан, маданияти сайёҳӣ - ин на танҳо доштани дониш оид ба рукнҳои ихтисосии сайёҳист, балки иттилоотнокию бархурдор будан аз фарҳанг, таърих, тамаддун, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои муосир, маконҳои сайёҳӣ, мавзеъҳои таърихии фарҳангӣ, ҷойҳои табобатӣ, истироҳатӣ, фароғатӣ ва ғайра мебошад.
Воқеан, агар аз як тараф барои рушди соҳаи сайёҳӣ, захира ва имкониятҳои сайёҳӣ шароити инфрасохторӣ зарур бошад, пас аз тарафи дигар нақши калидиро дар ин самт захираи инсонӣ — неруи зеҳнӣ дар шакли маданияти сайёҳӣ ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат амалӣ гардонидани тадбирҳои муайян, ки тақозои бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мебошанд, муҳим арзёбӣ мегардад.
Бадалмоҳ Раҷабова,
омӯзгори мактаби №28,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр