Нашрияи Омӯзгор

Дурахши «Уфуқҳои истиқлол»

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

(Сухане чанд дар ҳошияи китоби тозанашри Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Дар соли 2018 боз як китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Уфуқҳои истиқлол» ба нашр расид. Он идомаи мантиқии таҳқиқоти  Пешвои миллат  дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллӣ буда, дастоварди муҳим ва нотакрори  илмию сиёсӣ маҳсуб мешавад.

Ҷонибдорӣ аз ғояҳои ватандӯстона, адолатпарварона ва инсондӯстонаи Президенти муҳтарам миёни аҳли заҳмат ва мардуми кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти зиёиёну аҳли илму фарҳанг ва хизматчиёни давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро асарҳои Пешвои миллат фарогири ақидаҳои олии ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ҳамчун дастури роҳнамо ба шумор мераванд. Аз муҳтавои китоб бармеояд, ки ҳар сатри  «Уфуқҳои Истиқлол” тафсири қисмате аз таърихи набарду ҷоннисориҳои мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат аст ва ҳар як нуктаи ин китоб дар болоравии ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихормандии шаҳрвандон аз обу хоки ин диёри маҳбуб -Тоҷикистон нақши муассир мебозад. Китоби “Уфуқҳои истиқлол”, ки  охири соли 2018 ба нашр расид, барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва ба доираи васеи хонандагон, донишмандон, донишҷӯёну дигар ҳаводорони таъриху фарҳанги мардуми тоҷик, ҳамчунин, барои тамоми тоҷикони ҷаҳон, ки сарнавишти Тоҷикистони азиз барояшон муҳим ва арзишманд аст, пешбинӣ шудааст.

Дар сарсухани китоби мазкур басо бамаврид зикр шудааст: «…Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст».

Дар ҳақиқат, омӯзиши таърихи даврони истиқлол барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчунин, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шарти муҳими шинохти арзишҳои миллӣ ва омили асосии хештаншиносиву ватандорӣ дониста мешавад.

Китоби “Уфуқҳои истиқлол” аз 5 боб ва фаслу зерфаслҳои мантиқан мураттабу пайдарҳам ва басо мутаносибу муназзам иборат аст. Забони нигориши китоб басо ҷолибу фаҳмо буда, диққати ҳар хонандаро зуд ба худ мекашад.  Истифодаи вожаҳову таъбирот ва истилоҳоту ибораҳои асили тоҷикӣ  забони  асарро боз ҳам таъсирбахшу ҷаззобтар бинмудааст.

Боби якуми китоб таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ-марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон» ба масъалаҳои марҳила ба марҳила эҳё гардидани низоми давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи давлату давлатдории тоҷикон дар давоми чоряк аср мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Боби дуюми китоб бо унвони «Рушди иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он» ба масоили иқтисодӣ ва стратегияи ояндаи кишвар бахшида шудааст.

Дар боби сеюми китоб масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва дастовардҳои ин соҳа мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст. Диққати махсуси Пешвои миллат дар ин боб ба дастовардҳои соҳаи илм, маориф, тандурустӣ ва танзими ин самтҳо равона шудааст. Дар боби мазкур зикр мешавад, ки «масъалаи маориф дар таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад. Мо зимни паёму суханрониҳои худ дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои муҳиму мушаххас дода, рушди пайгиронаи онро дар сиёсати кунунии давлату ҳукумат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоем. Омӯзиш ва таҳлили вазъи мактабу маориф ва таълиму тарбия дар марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф гардонид, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рушди соҳаи маориф чораҳои саривақтӣ ва муассир андешад ва давра ба давра бо қабули санадҳои меъ-ёрии ҳуқуқӣ ва консепсияҳою барномаҳои давлатӣ ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти соҳаи ниҳоят афзалиятнок иқдоми ҷиддиро амалӣ гардонад».

Дар ҳақиқат, соҳаи маориф омили муҳим ва такягоҳи устувори рушди ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад ва дар ин росто таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат ба ин соҳа беасос нест.

Дар фасли якуми боби сеюми китоби мазкур, ки «Дастовардҳои соҳаи илм дар замони Истиқлолияти давлатӣ» унвон шудааст, масъалаҳои рушди илму пажӯҳиш, роҳандозии корҳои тадқиқотии самтҳои афзалиятноки ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба таври муфассал мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар ин бора Пешвои миллат бо таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи илму таҳқиқ таъкид намудаанд, ки “Имрӯз илм, бешубҳа, ба як рукни муҳими  иҷтимоӣ, ба манбаи арзишманд, неруи истеҳсолкунанда ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст ва дар ин замина ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як шахс дар ҷомеа бояд соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар бошад”.

Фасли дигари китоб бо унвони «Рушди соҳаи маориф дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» ба масъалаҳои мубрами маориф дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст. Аз нигоҳи муаллиф, соҳаи маориф манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ муаррифӣ мешавад. Дар идома ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти барқарорсозиву эҳёи соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми наву муосири таълим нуктасанҷона ба риштаи таҳқиқу таҳлил кашидааст.  

Дар боби чаҳорум сухан аз ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ меравад. Маълум, ки бегумон масъалаи мазкур дар меҳвари асосии сиёсати дохилии давлат қарор гирифтааст. Дар ин боб бештар оид ба фарҳанг, забони давлатӣ, идораи давлатии замони Истиқлолият, мақоми зан дар ҷомеа, озодии виҷдон, танзими расму анъанаҳои миллӣ, озодии сухан ва рушди матбуоти миллӣ, муҳимияти таъмини амнияти миллӣ дар кишвар сухан меравад.

Боби панҷум бо унвони «Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ: мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» ба масъалаҳои манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир бахшида шудааст.

Дар охирсухани китоби тозанашри худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фардои дурахшони кишвари маҳбуб назар андохта, таъкид месозанд: «Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддие пешорӯи мо хоҳад буд, вале бо вуҷуди ин, мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем».

Дар китоби арзишманди Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» дар бораи рушд ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодиёти мамлакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон сухан меравад.

Дар ин росто барои ташвиқи ғояҳои арзишманди миллӣ, ки дар китоби бунёдиву пурмуҳтавои  “Уфуқҳои  истиқлол” нуктасанҷона зикр шудаанд, мехостем чунин тавсияҳоро пешниҳод намоем:

- омӯзиши ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои фарогири китоби мазкур дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва доир намудани пажӯҳишҳои илмӣ доир ба ин китоб;

- таҳлилу баррасӣ намудани бахшҳои дахлдори китоби мазкур дар дарсҳои тарбиявӣ, соатҳои кураторӣ ва ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангию фароғатӣ оид ба асарҳои Пешвои миллат дар таълимгоҳҳо;

- пажӯҳиши осори Пешвои миллат дар кафедраҳои ҷамъиятшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ташкил намудани озмуни беҳтарин мутолиакунандаи китобҳои Пешвои миллат дар байни хонандагону донишҷӯён.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш