Нашрияи Омӯзгор

Паём - дастури раҳнамо

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳалли ду мушкилоти умдаи кишвар ва ноил гардидани давлат ба ду ҳадафи стратегӣ; баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мужда доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мақомоти давлатӣ вазифа гузоштанд, ки барои аз мамлакати аграрӣ- индустриалӣ гузаштан ба мамлакати индустриалӣ- аграрӣ аз тамоми имконот истифода намуда, бояд Тоҷикистонро дар даҳсолаи наздик ба як кишвари саноатӣ – аграрӣ табдил дод.

Эълон шудани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бешак, барои боз ҳам обод шудани Тоҷикистон, ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намудани фарҳангу анъанаҳои неки сокинони кишварамон, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва оби ошомиданӣ, махсусан, дар деҳот, таъмири босифати роҳҳо ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.

Барои мо, маорифчиёни мамлакат, Паёми Пешвои миллат ҳамчун дастури раҳнамунсоз дар кору фаъолияти ҳаррӯза ҷиҳати дурусттар ва беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли ҷавон, тайёр кардани мутахассисони донишманду  варзида  хизмат хоҳад кард.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар зимни ироаи Паёми хеш изҳор дош-танд, «агар омӯзгор сатҳи баланди касбӣ надошта бошад, бо ягон роҳу усул наметавонад сифати таҳсилотро баланд бардорад ва шогирдони босавод тарбия намояд».

Роҳбарияти коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷаласаи худ, ки ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд, дар назди ҳамаи  омӯзгорони муассисаи таълимӣ вазифа гузошт, ки талаботи пешгузоштаи Сарвари давлатро оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишомӯзон ва боло бурдани дараҷаи худомӯзии кормандони педагогӣ дар авлавият қарор дода, барои ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани ҳар як омӯзгор тадбирҳо андешида шавад. Дар назар аст, ки тамоми омӯзгорони коллеҷи тиббӣ соли 2019 аз аттестатсияи дохилимуассисавӣ гузаронида шуда, барои ба курсҳои такмили ихтисос равон намудани омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба чораҷӯӣ карда мешавад. Аттестатсия бо дарназардошти то кадом дараҷа ба талабот ҷавобгӯ будани сатҳи касбият, дониш ва малакаву маҳорати педагогии омӯзгорон то моҳи марти соли 2019 баргузор мегардад.

Сарварони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди Пешвои миллатро дар мавриди ҳар се сол аз аттестатсия гузаронидани кормандони педагогӣ дастгирӣ менамоянд. Ҷаҳду талош бояд кард, ки аттестатсия  мунсифона, беғаразона ва дар доираи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», №281 аз 7 июни соли 2017 гузаронида шавад.

Ба ҳайати комиссияҳои аттестатсионии муассисаҳои таълимӣ ва шуъбҳои маориф бояд мутахассисони варзидаи дасту дилашон пок ва донишманд ҷалб карда шаванд, то ин ки ба дониш, савод ва маҳорату маърифати ҳар як аттестатсияшаванда воқеӣ ва мунсифона баҳогузорӣ намоянд.

Дар коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани талаботи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таҳия гардида, иҷрои он зери назорат гирифта шудааст.

 

С. РИЗОЕВ,

директори коллеҷи

тиббии ноҳияи Рӯдакӣ,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

Т. САИДОВ,

омӯзгори калони коллеҷи мазкур,  Аълочии маорифи Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш