Дар соле, ки сипарӣ шуд, дар ҳаёти ҷавонон дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омаданд. Аввалан, дар масъалаи таъминоти мутахассисон ба ҷойи кор дар тамоми сохторҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Сониян, барои беҳтар шудани шароити фароғати ҷавонон дар тамоми маҳаллаҳо майдончаву толорҳои варзишӣ ба фаъолият пардохтанд. Пирӯзии ҷавонони тоҷик дар озмунҳои ҷаҳонии илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ маҳз натиҷаи чунин тадбирҳост, ки моро сарбаланд гардониданд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 дар кишвар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Минтақаи туризм будани Тоҷикистон ба ҳама маълум аст. Ҳам дар Зарафшону ҳам дар Хатлон, ҳам Ҳисору Рашт ва ҳам дар Бадахшон мо чашмаҳое дорем, ки назирашон дар ҷаҳон нест. Дастгирии мутахассисони ҷавон дар бунёди осоишгоҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ ва ҷалби ҳунармандони мардумӣ ба ин самт амри зарурист. Зеро бо хуб гардондани шароити истироҳат ва дастрасӣ ба обҳои шифобахш сайёҳон ба кишвар зиёдтар рӯ меоранд.
Мо, омӯзгорон, танҳо ба дастури иловагӣ интизор нашуда, бояд тадбирҳои дигар андешем. Масалан, наздикӣ бо маҳалли сайёҳӣ моро вазифадор мекунад, ки хонандагонро ба саёҳат ҷалб намоем. Баъд аз тамошо мо метавонем хотироти онҳоро хаттиву шифоҳӣ талаб кунем. Ё дар ҳамаи маҳалҳо ҳунармандон ҳастанд, ки ҳамарӯза бепарво ба онҳо менигарем. Аз ин рӯ, ташкили вохӯрӣ бо ҳунармандони маҳал метавонад тадбири дигар бошад. Баргузории корҳои беруназсинфӣ бо иқдоми роҳбарони синфҳо, омӯзгорони фаннӣ ва дастгирии роҳбарияти муассиса метавонад сурат гирад. Муҳим ҳамин, ки мо ба шогирдон моҳияти масъаларо фаҳмонда, таваҷҷуҳи онҳоро ба ин самт ҷалб карда тавонем.
Барои мо, омӯзгорони пойтахт, барои тамошои мавзеъҳои сайёҳӣ имконоти зарурӣ мавҷуд аст. Масалан, қалъаи Ҳисор аз беҳтарин чунин мавзеъҳост. Ё тамошои дараи Ромит, Варзоб, Роғунро ҳам метавон ташкил кард, аммо бояд ба инобат гирифт, ки барои хонандагони синфҳои поёнӣ ин амал чандон кори осон нест. Зеро кӯдакон ниҳоят шӯханд ва теъдоди онҳо дар синф ҳам хеле зиёд аст. Як воситаи дигари ҳавасмандгардонии хонандагон ташкили гурӯҳ аз ҳисоби онҳоест, ки дар интихоби касб таваҷҷуҳ ба ин самт доранд. Ба ҳар сурат, дар шаҳр ҳам мо метавонем шогирдонро ба тамошои осорхонаву театр, кӯл ва боғи ҳайвонот барем. Дар дарсҳо аз намоиши барномаҳое, ки тарғиби ҳунарҳои мардумиро дар бар гирифтаанд, истифода кардан низ бар суди кор аст.
Давлатбегим ҲИСАЙНОВА,
омӯзгори мактаби №33, ш.Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр