Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №40, деҳаи Олимтойи Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод конфронси илмию бадеӣ дар мавзӯи «Шоҳин – шоири тавоно» ба ифтихори 160 – солагии шоири шинохта Шамсиддини Шоҳин баргузор гардид.
Нахуст сарвари муассисаи таълимӣ Холмурод Неъматов дар мавзӯи «Осори Муҳаммад Шамсиддини Шоҳини Хатлонӣ ва мақому манзалати ӯ дар рушди адабиёти тоҷик» суханронӣ кард.
Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Пиралӣ Қурбонов вобаста ба мавзӯи «Шоҳин - шоири тавоно» ибрози андеша намуд. Гурӯҳе аз хонандагон низ оид ба паҳлуҳои эҷодиёти шоир суханронӣ карда, гурӯҳи дигари хонандагон аз ашъори Шоҳин намунаҳо қироат намуданд. Саҳначаи «Шоҳин дар диёри падар» хеле ҷолибу муассир буд.
Бибиоиша Назарова,
Файзулло Шамсуллозода,
хонандагони мактаби №40,
ноҳияи Муъминобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр