Мо, аҳли маориф, ифтихормандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи таълиму тарбияи насли нав-рас таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ин анъана боз ҳам идома ёфт. Ин дафъа Президенти муҳтарам зимни ибрози мулоҳизаҳо оид ба соҳаи маориф мушаххасан таъкид бинмуданд: «Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар». Дар ҳақиқат, ин ду масъала дар соҳаи маориф омили бағоят муҳиму асосианд. Солҳои охир вобаста ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат соҳаи маориф хеле рушд ёфту муҷаҳҳаз гашт, шароити созгор барои таълиму тарбияи насли наврас ба миён омад. Аз ҷумла, омӯзгорони зиёде аз нав рӯ ба мактаб оварданд, теъдоди зиёди ҷавономӯзгорон ба кор шурӯъ карданд. Аксари таълимгоҳҳо ҳамин тавр бо омӯзгорон таъмин гардиданд. Вале сатҳи маҳорати касбӣ ва донишандӯзии омӯзгорон, ба вижа, омӯзгорони ҷавон бозгӯи талаботи муосир нест. Аксаран омӯзгорон аз бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барканор мемонанд, ба худомӯзӣ чандон эътибор намедиҳанд. Ин ҳолат ба сатҳу сифати таълиму тарбияи шогирдон, албатта, бетаъсир намемонад. Ҳоло аз ин лиҳоз фаъолияти омӯзгорони муҳтарам батадриҷ такмил металабад. Сарвари кишвар зимни ироаи Паём баҳри ислоҳи ин вазъи носозгор дастурҳои судманду корагар доданд ва изҳор намуданд, ки минбаъд аз ин лиҳоз боз ҳам тадбирҳои бештар аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ва мақомоти дахлдор андешида хоҳанд шуд. Дар баробари ин, Сардори давлат зикр карданд, ки вобаста ба забономӯзии наврасону ҷавонон низ бояд тадбирҳои бештар муассиру самарабахш андешид, зеро ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ қабул шуда бошад ҳам, то ҳол дар ин самт фаъолияти таълимгоҳҳо тақвиятталаб аст. Дар баробари ин ҳама мулоҳизоти судманду ҳидоятгар Сарвари кишвар дар бораи омӯзгорон бо ихлосу эҳтиром сухан гуфтанд ва зикр карданд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем».
Ин суханони самимӣ хеле рӯҳбаландсозу илҳомбахшу неруафзоянд ва мо – омӯзгоронро водор месозанд, ки фаъолиятамонро бознигарӣ карда, вусъат бубахшем.
Меҳринисо АБДУРАҲИМОВА,
омӯзгори мактаб -
интернати №1-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр