Нашрияи Омӯзгор

Марҳиласози ҳаёти мамлакат

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Зиндагии мо аз марҳилаҳои  гуногун иборат аст. Ҳодисаву воқеаҳои  гуногун, рӯйдодҳои  махсусан муҳим ва мондагору таъсиргузор  марҳилаҳои  зиндагии  моро муайян мекунанд. Хушбахтона, дар рӯзгорони  халқи шарафманди  тоҷик  воқеаҳои хушоянду муассиру марҳиласоз, махсусан, дар тӯли  солҳои охир хеле зиёд ба вуқӯъ мепайванданд, ки ин аз пешрафту  рушди  пайвастаи  ҳаёти  аҳли мамлакат дарак медиҳад.

Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа мешавад, марҳилаи  тозаеро дар таърихи  кишвар  ифтитоҳ мебахшад. Дар ҳар Паёми  Сарвари  ҷумҳурӣ  муҳимтарин рухдодҳои  соли  сипаришаванда  таъкиду баррасӣ ва арзишдоварӣ  шуда, ҳадафу мақсадҳо барои  соли навин  муайян мегарданду тавзеҳ дода  мешаванд. Паёми  навбатии Пешвои миллат боз ҳам  хеле пурмуҳтавою  фарогир буд ва воқеияти  замону  моҳияту  аҳамияти  ҳаводиси  гуногунро, ки дар  ҳаёти  мамлакат  ба вуқӯъ пайвастанд, чун оина  равшану возеҳ  инъикос  менамуд. Сарвари  кишвар дар Паёми  навини  худ ба  Маҷлиси Олӣ (26.12.2018) аз байни  воқеаҳои  зиёди  фараҳбахше, ки дар дарозои  соли гузашта ҷараён  гирифтанд, ба се  ҳодисаи  махсусан нишотбахш  ва мондагору  муассир  ба таври  алоҳида таъкид намуданд. Соли 2018 бо ташаббуси   бевоситаи  Президенти ҷумҳуриамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар  сатҳи  СММ баррасӣ ва пазируфта шуда буд, оғоз ёфт ва татбиқи  он дар  тамоми  мамолики  мутамаддини  ҷаҳон идома дорад. Ин  тадбири башардӯстона ба манфиати  кулли  сокинони   сайёра  буда, моҳияти  глобалӣ дорад ва ҳадафи  ниҳоияш пешгирӣ аз  фоҷеаҳои  экологӣ  дар тамоми  қитъаҳои  олам  мебошад.

Дар Паём, ҳамчунин, фаъол гардидани  чархаи  аввали Неругоҳи  барқи  обии «Роғун» аз ҳодисаҳои  мондагортарини сол  дониста шуд. Ин рӯйдоди нишотовар аслан иртиботманд бо орзуву ормони  дерини  халқи  тоҷик буда, афсонаи  ба воқеияти табдилёфтаро  мемонад.  Бунёди «Роғун» ҷасорату матонат, азму иродаи қавӣ ва неруи  созандаи  тоҷиконро дар ҷодаи ободии  Ватани маҳбуб бори дигар  барои  тамоми  ҷаҳониён собит сохт. «Роғун» шукуфоии диёри  мо,  равшании  ҳар хонадон, иқтидорафзои  коргоҳҳои  саноатӣ,  манфиатовар ба ҷумҳуриҳои  ҳамҷавори Тоҷикистон аст. Чунонки Пешвои миллат иттилоъ доданд, соли 2019 чархаи  дуюми  ин  неругоҳи  муқтадир  фаъол карда хоҳад шуд ва ба боз ҳам рушд ёфтани некуаҳволии  аҳли  кишвар мусоидат  хоҳад кард.

Ва ниҳоят,  воқеаи сеюми  фараҳбахши  сол, ки аз он  дар Паём Президенти муҳтарам бо қаноатмандиву  эҳтиром ёдовар шуданд, дар сатҳи  баланди  сиёсию  давлатӣ  барқарор  гардидани  муносибатҳои  ҳасанаву  барои тарафайн  судманду  сурурбахш байни ҷумҳуриҳои  ҳамсояву  ҳамтақдиру  ҳамфарҳанги  Тоҷикистону Ӯзбекистон буд. Воқеан ҳам, дӯстию рафоқат ҳамеша гуворою  бошарофат аст ва боиси  равнақу  ривоҷи   кишварҳо, ҳамбастагии  пурсуди  одамон  мегардад.

Дар Паёми хеш Пешвои миллат  ба дигар  масъалаҳои  мубрами  айём, чун тақвияти  муносибатҳои  дӯстонаи  давлатҳо, баланд бардоштани  сатҳи  некуаҳволии  мардум, тадбирандешӣ нисбат ба рушди  соҳаҳои  маориф, илм ва тандурустӣ, пешгирии зуҳуроти  номатлуби  ҷомеа (амсоли экстремизму  терроризм) низ дахл  карда,  мулоҳизоти  пурдалелу  муфид  иброз доштанд. Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони муосир  аҳамияти  ҳамкорию  робитаҳои  некбинонаи  байни халқҳову  кишварҳо  боз ҳам  афзудааст ва танҳо ба шарофати  дасти  ҳам гирифтану  ҳаммарому  ҳаммақсад гаштан мо метавонем хонаи ягонаи  худ – сайёраи Заминро аз ҳама  гуна хавфу  хатарҳои  мудҳиш, чун  ҷангҳои  бардавом, садамаҳои  экологӣ, ҳаракатҳои  ифротгароёна эмин нигоҳ дорем.

Бояд гуфт, ки  дар татбиқи  дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои миллат, ки  дар Паём  омадаанд, дар қатори тамоми сокинони ҷумҳурии  азизамон мо, омӯзгорон, низ масъулияти  зиёд ба дӯш  дорем ва бояд дар ин ҷода ҳар чӣ бештар фаъол, эҷодкору  ҷӯянда ва ташаббускору  пешрав  бошем.

 

Дилором ТОШМАТОВА,

методисти  гимназияи

хусусии «Тоҷикистон»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш