Нашрияи Омӯзгор

Маориф дар меҳвари Паём

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вазифаҳои мушаххас барои як сол пешниҳод карда шуданд. Яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар Паёми навбатӣ (26.12.2018) боз ҳам таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф дар марҳиаи кунунии ҳаёти кишвар мебошад. Аз ин рӯ, мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем.

Ин нукта мо - омӯзгоронро муваззаф мегардонад, ки пайваста дар пайи омӯзиш бошем ва дарсҳоямонро тавре роҳандозӣ намоем, ки шавқи хонандагон ба омӯзиш бештар гардад. Дар соҳибмаърифат гардидани хонандагон нақши омӯзгор муҳим мебошад. Агар омӯзгор дониш ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, метавонад ба дилхоҳ фан шавқи хонандагонро бедор намояд. Барои ин бояд пайваста омӯзад, аз воқеаву ҳодисоти ҷаҳон огоҳ бошад, онҳоро таҳлил карда тавонад. Дар замони ҷаҳонишавӣ як лаҳза фориғболии омӯзгор метавонад, ӯро даҳҳо сол аз дониш ва иттилооти нав қафо гардонад.

Дигар масъалае, ки Пешвои миллат дар Паём интиқод карданд, вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, англисиву русӣ ба ҳисоб меравад. Чаро насли наврас дар давраи мактабхонӣ забонҳои русиву англисиро азхуд карда наметавонанд? Ин саволест, ки сари он бояд ҳар як омӯзгор андеша намояд.  Ин ҷо фақат ду омил метавонад монеаи забондонӣ ва забономӯзии хонандагон гардад.

Якум, омӯзгорони забонҳои англисӣ ва русӣ  худ озодона сухан карда наметавонанд ва аз методу усулҳои шавқманд гардонидани хонандагон истифода намекунанд. Ҳамон вақт меҳри кӯдак ба забономӯзӣ  пайдо мегардад, ки омӯзгор аз шеваҳои гуногуни таълим самаранок истифода намояд.

Дуюм, раванди дарс дар муассисаҳои таълимӣ бо забонҳои мазкур  сурат намегирад. Бояд дарсҳои забонҳои англисиву русӣ пурра бо ҳамон забонҳо ҷараён бигирад.  Ба андешаи инҷониб, қисми зиёди омӯзгорон бештар дар дарсҳои забонҳои хориҷӣ бо забони тоҷикӣ такаллум мекунанд. Ин омил наметавонад нутқи шифоҳии хонандагонро инкишоф диҳад.

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз муассисаҳои таълимӣ  бо тамоми шароит  ва  васоити таълимӣ  таъминанд. Мо - омӯзгоронро мебояд дар баланд бардоштани сифати таълим ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас  ҳамвора талош намоем.

 

Абдуллобек Ҳотамов,

омӯзгори тарбияи ҷисмонии

мактаби №44-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш