Нашрияи Омӯзгор

Кохи муҳташаму безаволи дӯстӣ

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Дӯстӣ  ҷавҳари  ҳастии инсонҳост. Он омилест, ки  зиндагиро гуворою шукуфо месозад, неруҳои созандаро ба ҳам  меоварад ва одамонро  накукору тавоно  ва шарафманду ҳамақида месозад. Аз ин ҷост, ки аз қадим  то  имрӯз аҳли  хирад, эҷодкорону  бузургмардон дар ситоиши  дӯстию  рафоқат суханони баланду дилписанд гуфтаанд. Мавзӯи  тарғибу тавсифи  дӯстӣ  (ҳам байни  ашхоси  алоҳида  ва ҳам байни  миллатҳову кишварҳо) дар адабиёти ғановатманду пуровозаи  тоҷик  мавқеи  барҷаста дорад. Ҳанӯз қофиласолори  адабиёти  тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  фармуда, ки  «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон». Ин ба он маънист, ки тоҷикон табиатан мардумони дӯстихоҳу дӯстпарваранд ва зиндагию фаъолияташон бо дӯстию  рафоқат  омехта аст.  Паёми нав-батии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар  таҷассумгари  он  гашт, ки аҳли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно ба дӯстӣ  арҷ  мегузоранду аз ҳар падидае дар ин боб сарафроз мегарданд. Дар шумори муҳимтарин рӯйдодҳои  фараҳафзои  соли 2018 Сарвари кишвар дар  Паёми  хеш ба Маҷлиси Олӣ  барқарорсозии  муносибатҳои хайрхоҳонаро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон номбар карданд. Ба  ин мавзӯъ дахл намуда, Пешвои миллат нахуст чунин иброз доштанд: «Мо ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои  гуногунҷанба дар минтақаи  Осиёи  Марказӣ аҳамияти  аввалиндараҷа медиҳем. Густариш ва таҳкими  муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чун анъана дар  асоси  дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории  судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи  мушкилоти муштарак равона  гардидаанд». Пасон Президенти муҳтарам мушаххасан ба дӯстию  равобити  дерини халқҳои  тоҷику ӯзбек  дахл намуда, бо эҳтиром ва қаноатмандӣ  чунин зикр карданд: «Соли 2018 дар  муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо – Ӯзбекистон таҳаввулоти  таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли  охир байни ду кишвар ба миён  омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи  шарикии стратегӣ  баровардем». Пешвои миллат изҳори  боварӣ карданд, ки  минбаъд дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек боз ҳам вусъат хоҳад ёфт, зеро бунёди  кохи муҳташами  ин дӯстиро бузургмардони шарифе, чун устоду шогирд -  Ҷомию Навоӣ ниҳодаанд ва он бегазанд хоҳад буд.

Мо – аҳли  таълиму тарбияро  мебояд, ки дар заминаи ин гуфтаҳои хирадмандонаи  Президенти  ҷумҳурӣ насли наврасро  ҳар чӣ  бештару  муассиртар дар рӯҳияи  дӯстиву бародарӣ  ва ҳамзистии  осоишта тарбия намоем.

Насиба ЭРМАТОВА,

омӯзгори  мактаби №48-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш