Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳисоботи Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дар солҳои 2018 шунида, масоили таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, барномаю роҳнамо ва замимаҳо ба китобҳои таълимӣ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа мушовирони китобдории раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд. Нахуст директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ К.Исоев дар хусуси фаъолияти марказ дар соли 2018 маълумоти муфассал ироа намуд. Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, ки яке аз беҳтарин иқдоме, ки дар даҳсолаи аввали асри нав аз ҷониби роҳбарияти Вазорати маориф ва илм роҳандозӣ гардид, ҷалби муаллифон ба таълифи китобҳои дарсӣ мебошад. То ин дам нашрҳои сеюм ва чоруми китобҳои дарсӣ бо дарназардошти ислоҳоти соҳаи маориф (хусусан, гузаштан ба муносибати босалоҳият ба таълим) омода гардиданд. Комилшоҳ Исоев ба масъалаи чоп ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ барои ақаллиятҳои миллӣ дахл карда, зикр намуд, ки соли гузашта барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ китобҳои дарсии «Забони давлатӣ», синфҳои 2-11 нашр карда шуд. ҳамчунин, панҷ номгӯйи китобҳои дарсӣ ба забони қирғизӣ тарҷума гардида, ҳамчунин, барои хонандагони таълимашон бо забони ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» аз синфи 2 то 11 таҳия ва нашри онҳо идома дорад. Бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон шакли электронии 27 номгӯйи китоби дарсӣ барои синфҳои 2,5 ва 7 аз забони рӯсӣ тавассути муассисаҳои зерсохтори вазорат ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба Ҷумҳурии Қазоқистон ирсол карда шуд. Айни замон тарҷумаи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 3,6 ва 8 аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст.
Номбурда дар идома иттилоъ дод, ки ду сол мешавад марказ ҷиҳати таҳия ва чопи барномаҳои таълими фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва табиию риёзӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонда истодааст.
- Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи марказ тайи чанд моҳи охир як қатор мушкилӣ ва камбудиҳо дар фаъолияти мушовирони китоби раёсату шуъбаҳои маориф ошкор карда шуд, - қайд кард К.Исоев ва афзуд, ки дар бештари маврид китобҳои дарсии тибқи борхат аз вазорат ба раёсату шуъбаҳои маориф дастрасгардида аз ҷониби мушовирони китоби шуъбаҳои маориф ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври дуруст тақсим намешавад.
Мушкилии дигар ин аст, ки дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои маориф вазифаи мушовири китоб ба зиммаи иқтисодчӣ ва ё дигар кормандони раёсату шуъба вогузор шудааст. Ғайриихтисос будани китобдорони муассисаҳои таълимӣ ва ба болои ин, зуд – зуд иваз шудани онҳо яке аз дигар мушкилоти мавҷуда ба ҳисоб меравад. Мушкили дигар дар самти пешниҳоди эҳтиёҷи раёсату шуъбаҳои маориф оид ба китобҳои дарсӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола мутасаддиёни бахши таъминоти китобҳои дарсӣ дар раёсату шуъбаҳои маориф ва директорони мактабҳо эҳтиёҷи таълимгоҳҳояшонро ба китобҳои дарсӣ дақиқ насанҷида, теъдоди онро аксар вақт тахминӣ нишон медиҳанд. Маҳз дар натиҷаи чунин бенизомӣ норасоии китобҳои зарурӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба миён меояд.
Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид зимни суханрониаш таъкид намуд, ки дар фаъолияти мушовирони китоби аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ камбудию норасоиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. Камбудии ҷиддӣ аз ҷониби шуъбаю раёсатҳои маориф ба муассисаҳои таълимӣ интиқол нагардидани китобҳои дарсӣ мебошад. Вазир аз он изҳори ташвиш намуд, ки соли гузашта бахши аъзами раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо маблағи солонаи иҷораи китобҳои дарсиро пардохт накардаанд. Илова бар ин, пардохти маблағи иҷораи солҳои пешини китоби дарсӣ суст амалӣ мешавад. Хариди китобҳои бадеӣ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо он қонеъкунанда намебошад. Ҳол он ки, гуфт Нуриддин Саид, ба ин мақсад аз маблағҳои сарикасӣ метавон истифода намуд. Дар охир ба мушовирони китоби раёсату шуъбаҳои маориф супориш дода шуд, ки то санаи 20-уми январ маблағи боқимондаи иҷораи китобҳои дарсии соли гузашта пурра пардохт карда шавад.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр