Нашрияи Омӯзгор

Саломатӣ - неъмати бебаҳо

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо маром идома дорад, ки барои солимии насли наврас нигаронида шудаанд. Ҷавонону наврасон ва умуман, одамони синну соли гуногун бояд барои ташаккули ҳаёти солим, махсусан, дар фасли тобистон реҷаи рӯзи худро тартиб диҳанд. Масалан, ҳар пагоҳирӯзӣ ба машқи бадан машғул шаванд.

Баъди ҳамаи ин машғулиятҳо инсон ба хӯрдани хӯроки пагоҳирӯзӣ, ки аз витаминҳо ва сафедаҳо бой аст, бояд шурӯъ намояд.  Одам аз рӯйи реҷаи рӯз ва машғулиятҳои дар давоми рӯз иҷронамудааш бояд донад, ки чӣ қадар неру сарф мекунад.

Инсонҳое, ки касбашон бо меҳнати ҷисмонӣ алоқа надорад, дар давоми шабонарӯз аз 13000 кҶ ва шахсони касбашон бо меҳнати ҷисмонии вазнин алоқаманд  зиёда аз 20000 кҶ неру сарф мекунанд. Барои барқарор кардани неруи сарфшуда одам бояд аз хӯрокҳои серғизо истифода намояд. Роҳи дигари ташаккули ҳаёти солим ин обутоб додани бадан тавассути оббозӣ мебошад. Ҳангоми оббозӣ ҳарорати оби ҳавз ё кӯл аз +20с бояд боло бошад. Оббозӣ  1-2 соат баъд аз хӯрдани хӯрок ва давомияташ  аз 15-20 дақиқа зиёд  набошад. Дигар роҳи обутоб додани бадан  ин  муолиҷаи  офтобӣ  (загоратся)  мебошад, ки  соатҳои 9-11-и рӯз дар фасли тобистон бояд сурат бигирад. Муолиҷаи офтобӣ  аз 4-5 дақиқа  то ба 35-40 дақиқаро дар бар мегирад, ки дар ин муддат сарро пӯшонидан зарур аст.

Дигар омили ташаккули ҳаёти солим ва ҳифзи саломатӣ ин истифодаи хӯрокҳои хушсифат мебошад. Хӯрокро бояд мо тарзе истифода барем, ки ҷисми мо аз он ғизо гирад, на ин ки ҷазо. Истифодаи хӯрок як меъёри муайян дорад, аз ҳад беши он барои бадан зараровар мебошад.

Дар вақти фориғ аз меҳнати фикрӣ одам бояд ба меҳнати ҷисмонӣ машғул шавад, ки роҳи дигари ташаккули ҳаёти солим мебошад. Чунки ҳангоми машғул шудан ба меҳнати ҷисмонӣ ҳаракати хун дар бадан тез шуда, мубодилаи моддаҳо зиёд мешавад, хориҷшавии ҳормонҳо (гормон) ба низом медарояд ва барои инкишофи муайяни организм мусоидат мекунад.

 

Идибек АҲРОРОВ,

ходими калони илмии

Пажӯҳишгоҳи

рушди

маориф ба номи А.Ҷомӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш