Пас аз соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон имкон пайдо шуд, то низоми маорифи кишварамонро таҷдид намуда, онро ба равандҳои ҷомеаи демократӣ мутобиқ созем.
Дар ин ришта силсилаи фанҳо, ки дарки бештари нафосату зебоӣ ва имкони фаровони тамос бо санъату фарҳангро молик аст, хидмати шоиста карда метавонанд, бахусус, дарси мусиқӣ, ки миёни анвои ҳунарҳои нафиса мақому манзалати хоса дорад.
Мусиқӣ таҷассумгари рӯҳ ва набзи миллат аст. Абулмуъмини Ҷурҷонӣ дар китобаш «Беҳҷат-ур-рӯҳ» овардааст: «Аз ин илми (мусиқӣ) шарифаи рафиъа (олӣ, баланд) ғофилу бебаҳра будан ғояти балоҳату (аблаҳӣ, гӯлӣ, нодонӣ) ҷаҳолат аст». Пас, моро зарур аст, то насли худро аз ҷаҳолату балоҳат берун оварем ва ҷаҳонашро бо нури маърифати мусиқӣ мунаввар созем. Ҳадафи асосии мусиқӣ ҳамчун дарс, қабл аз ҳама, тарбияи инсон аст.
Инсони дорои ақлу хиради баланд, ахлоқи ҳамида, поквиҷдон, ғамхор, меҳрубон, сулҳдӯст ва накукор тарбия кардан амали басо наҷиб аст. Мо, омӯзгорон, барномаи мусиқиро бояд тавре тартиб диҳем ва истифода барем, ки дар он ҳадафи асосӣ таълиму тарбияи инсони комилу ҳақиқӣ бошад. Маълум аст, ки дарси мусиқӣ аз синфи 1-ум то синфи 6-ум таълим дода мешавад; ҳафтае як соат. Ин хеле кам аст. Дар аксар мактабҳо аз нарасидани мутахассисони ин фан душворӣ мекашанд ва таълими онро ба омӯзгоре ғайриихтисос ҳамчун сарборӣ вомегузоранд. Дар натиҷа хонандагон ба ин фан таваҷҷуҳ намекунанд. Баъзан соатҳои дарси суруд ва мусиқиро ба машғулиятҳои дигар сафарбар мекунанд, ки ин ба маърифати мусиқии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Мутахассиси фанни мусиқӣ бояд нақшаи таълимии худро тавре созад, ки тамоми қисматҳои дарси мусиқӣ дар он бошад: мавзӯъҳо оид ба сурудсароӣ ва машқҳои овозӣ, назарияи мусиқӣ, шунавонидани мусиқӣ, ҳаракатҳои зарбӣ – мусиқӣ, мақсад, соат, омӯзиш ва тадқиқот. Ин барои рангорангии дарси мазкур аҳамияти бузург дорад.
Дастури методӣ бояд аз қисматҳои зерин иборат бошад:
1. Миқдори соатҳо, ки дар барномаи таълимӣ барои ҳар як мавзӯи калон ҷудо шудааст.
2. Омӯзиш ва тадқиқот.
Қисми «омӯзиш ва тадқиқот» ду ва ё зиёда фаъолияти эҳтимолӣ ва имконпазирро барои гузаронидани ин ё он мавзӯъ пешниҳод намуда, ба ташаккул додани маҳорати фикрронии ҳаматарафа, эҷодкорӣ дар хонандагон ва ҳамгиро намудани фанҳои гуногун ба омӯзгор ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин, хонандагонро ба пайдо намудан ва равнақ додани маҳорати навиштан, хондан, гӯш кардан, андешидан водор месозад.
Нақшаи таълимӣ ба фаъолиятҳое бояд такя кунад, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани ҷустуҷӯ ва ташаббуси хонанда, баҳсу мунозира, тадқиқот, кашф намудани чизи нав ва шарҳ додани он бошад. Мақсад ва фаъолиятҳо дар дастури методӣ барои ҳар як дарс бо мақсади ғанӣ гардонидани мундариҷаи дарс хизмат намуда, хонандагонро ба фикр кардан водор месозанд. Хонандагон бо истифода аз фаъолиятҳо бояд ҳар мавзӯъро аз худ намуда, ба мақсади он сарфаҳм рафта тавонанд.
Қобилшо ПОДШОЕВ,
омӯзгори суруд ва мусиқии мактаби №52-и шаҳри Душанбе
Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Иловакунӣ
Иловакунии фикр