Нашрияи Омӯзгор

Дарс ҷолиб мешавад, агар…

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Омӯзиши фанҳои дақиқ дар ташаккулу такомули зеҳнии хонандагон нақши муҳим мебозад, тафаккурашонро  сайқал мебахшад ва доираи нигоҳашонро бавусъат мекунад. Дар радифи фанҳои дақиқ фанни математика ҷойгоҳи махсус дорад. Ин фан ҳам дониши хонандагонро мукаммал месозад ва ҳам дар ҳаёти воқеӣ мудом мададгорашон мешавад. Математикаро амиқ наомӯхта, ҳеҷ фарде (аз ҷумла, хонандагони мактабҳо) ба комёбӣ расида наметавонад.

Барои он ки шогирдон ба омӯзиши математика ҷиддан мароқ зоҳир намоянд, пеш аз ҳама, дарс аз ин фан бояд ҷолибу муассиру шавқовар бошад. Албатта, омӯзгорони математика муваззафанд, ки баҳри баргузории чунин дарсҳо пайваста ҷидду ҷаҳд намоянд. Яъне, онҳоро мебояд, ки эҷодкору ҷӯё бошанд, мунтазам худомӯзию такмили ихтисос кунанд, барои омодагӣ ба дарс илова ба китоби дарсиву дастурҳои расмии методӣ аз адабиёти илова, нигоштаҳои дахлдори рӯзномаву маҷаллаҳо васеъ истифода баранд.

Маълум аст, ки ба забони русӣ оид ба таълими босамари фанни математика китобҳои зиёде мавҷуданд, аммо ба забони тоҷикӣ чунин китобҳо чандон зиёд нестанд, ки ин ҳолат кори омӯзгорони математикаро то ҷое душвор мекунад. Якчанд номгӯй китобу дастури илмию методие, ки бо забони тоҷикӣ дар иртибот ба фанни математика мавҷуданд, ба қалами олимони риёзидони тоҷик Қ.Осимӣ ва М.Маҳкамов мансубанд. Ман ҳамчун омӯзгори математика аз китобҳои ин олимони варзида мунтазам истифода мебарам. Махсусан, китоби «Роҳнамои математика» (М.Маҳкамов, Қ.Осимӣ) мададгори илмии омӯзгорони математика мебошад. Аз далелу арқом, маълумот, нишондодҳо, ҷадвалу таблитсаҳо ва иттилооти китоби мазкур метавон дар ҳар соати дарсӣ бамаврид ва бо мақсади шавқовар кардани машғулиятҳо барои шогирдон хеле зиёд истифода кард.

Маводи китоби «Раҳнамои математика» оид ба омӯзиши рақамҳои римӣ, усулҳои зудтақсимкунӣ, ченакҳои халқии тоҷикӣ, номҳои қадимаи касрҳо, номгӯи ададҳо, доимиҳои математикӣ, ҳисоби миёнаи баъзе суръатҳо, масоҳати сатҳи сайёраҳо, массаи миёнаи баъзе ҷисмҳо, меъёри миёнаи кишти зироатҳои гуногун, ченакҳои байналхалқӣ, баъзе кашфиёти илмӣ ва татбиқи онҳо, суръати овоз, таърихи пайдоиши баъзе рамзу аломатҳои риёзӣ, хосияти баъзе ададҳо, давлатҳои ҷаҳон ва масоҳати онҳо… басо ҷолибу таваҷҷуҳбарангезанд ва истифода аз онҳо дарси математикаро барои шогирдон шавқовар месозад. Далелҳоро аз китоби мазкур метавон дар лаҳзаҳои гуногуни дарс ҳамчун лаҳзаҳои дамгирӣ, лаҳзаҳои махсуси дарс истифода бурд. Масалан, ба хонандагон дар ягон лаҳзаи мувофиқ оид ба ададҳои ба ҳам дӯст маълумот додан ҷолиб хоҳад буд: «ададҳои а ва b бо ҳам дӯст номида мешаванд, агар ҳар яке аз онҳо ба суммаи тақсимкунандаҳои дигаре (бо истиснои худи адад) баробар бошад. Ин таъриф ба Пифагор мансуб аст. Ададҳои 220 ва 284 мисоли чунин ададҳоянд. Тақсимкунандаҳои адади 220 (ба истиснои худаш) инҳоянд: 1,2,4,5,10,11,12,22,44,55 ва 110. Суммаи ин тақсимкунандаҳо ба 284 баробар аст. Тақсимкунандаҳои адади 284 (ба истиснои худаш) ададҳои 1,2,4, 71,142 мебошанд, ки суммаи онҳо ба 220 баробар аст. Ададҳои 1184 ва 1210, 2620 ва 2924, 5020 ва 5564… бо ҳам дӯст мебошанд. Қоидаи ёфтани ададҳои ба ҳам дӯстро аввалин маротиба Собит ибни Қурро (асри IX) дар асараш «Рисолаи ба тарзи осон ёфтани ададҳои ба ҳам дӯст» овардааст.

Боз  як мисоли ҷолиб: «Адади шоҳзода. Адади 1001-ро адади шоҳзода меноманд, чунки он ба ҳосили зарби се адади содаи пай дар пайи 7,11 ва 13 баробар аст: 7.11.13=1001.

Барои омӯхтани ченакҳои халқии Тоҷикистон низ, ки  мавзӯи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ аст, китоби «Раҳнамои математика» маълумоти ҷолиб пешниҳод мекунад. Чунонки дар оғоз гуфтем, аз саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ ҳам омӯзгорони математика барои шавқовар кардани дарсҳояшон маводи рангин дастрас карда метавонанд.

 

Матлуба Шамсиддинова,

омӯзгори математика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш