Нашрияи Омӯзгор

Робитаи омӯзгорон бо нашрияҳо

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Бо ташаббуси сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и пойтахт бо иштироки роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муовинони директор оид ба корҳои таълимии мактабҳо семинари омӯзишӣ дар бораи тарзи дурусти иншои мақолаҳои илмию методӣ  дар  нашрияҳои соҳавию  ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсон Сафарзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Саида Набизода, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбиддин Мухторӣ ширкат карданд. Дар оғоз корманди сарраёсати маорифи шаҳр Пӯлод Муъминов ҳадафи семинарро шарҳ дод. Ӯ қайд кард, ки дар арафаи баргузории аттестатсияи омӯзгорон зарурати ҷалби устодону муаллимон ба эҷоди мақолаҳои илмӣ-методӣ бештар эҳсос мешавад.

- Барои дастгирию рӯҳба-ландии  омӯзгорон аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе китоби «Нури дониш»  рӯйи чоп омад, ки маҷмӯаи мақолаҳои омӯзгорони пешқадамро дар бар мегирад, - афзуд П. Муъминов.

Сипас, С.Набизода дар хусуси роҳҳои ҷалби омӯзгорони эҷодкор, зарурати паҳн намудани таҷрибаи педагогии онҳо ва дарёфти муаллифони болаёқат, Э.Сафарзода дар бораи тарзи навиштан ва пешниҳоди мақола ба ҳафтаномаву маҷаллаҳои кишвар, Қ.Мухторӣ дар бораи моҳияти мақолаҳои методие, ки дар бораи низоми муносибати босалоҳият дар таълим навишта мешаванд, ибрози назар карданд. Омӯзгорон аз суҳбат бо аҳли эҷод изҳори қаноатмандӣ намуда, андешаву пешниҳодоти ҷолиби худро ба меҳмонони семинар баён карданд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш