Паёми пурмуҳтавои имсолаи Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон давоми мантиқӣ ва таҳкимбахши Паёмҳои пешинаи Сарвари давлат ҳисобид.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар атрофи масъалаи иқтисодӣ сухан ронда зикр намуданд, ки ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2017 ба 60 миллиард сомонӣ расонида шуд. Тайи се соли оянда то ба 82 миллиард сомонӣ расонидани он дар назар аст. Соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли оянда 12 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ то 10 фоиз, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 21,5 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 7,2 фоиз таъмин гардидааст. Қисми даромади буҷети мамлакат соли оянда ба 21,3 миллиард сомонӣ расонида мешавад.
Дар навбати худ пешрафти иқтисодиёти кишвар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ хуб мусоидат менамояд. Аз 1-уми сентябри соли 2018 ба андозаи 15 фоиз баланд шудани маоши хизматии кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг, хизматчиёни давлатӣ, нафақапулӣ ва стипендияҳои донишҷӯён, 10 фоиз афзудани моҳонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратиро, ки аз сиёсати инсондӯстона ва халқпарваронаи давлату Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат дарак медиҳад, кормандону ходимони ин соҳаҳо бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.
Дар масъалаи рушди соҳибкорӣ зикр гардид, ки ҳоло ҳам дар корхонаю субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ тафтишу санҷишҳои беҳуда, ки баръакс ба пешравӣ халал мерасонанд бисёранд. Ба ҳар як соҳибкору роҳбари субъектҳои хоҷагидорӣ ҳар сол 5 санҷиши бемаврид рост меояд, ки бояд ба ин гуна ҳолатҳо хотима бахшида шавад.
Дар Паёми кунунӣ ба соҳаи маорифу фарҳанг ҳамчун як соҳаи афзалиятноки ҷомеа эътибори махсус дода шуд. Танҳо дар соли 2017 дар мактабҳо 24 ҳазор ҷойи нишасти иловагӣ барои толибилмон пайдо шуд ва ин раванд минбаъд ҳам идома меёбад. Давлат дар соли 2018 баҳри иҷрои пурсамари як қатор барномаҳои давлатии марбут ба таълиму тарбия қабулгардида, аз ҷумла, «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» мусоидат менамояд. Бобати дастрасӣ ба таълим ва сифати таҳсилот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё ҷойи 54-ум ва дар байни давлатҳои ИДМ яке аз мақоми аввалинро ишғол менамояд. Мо бояд дар ҷодаи таълиму тадрис, сифати таҳсилот, самаранокии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ наз-диктар шавем, зикр гардид дар Паём.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ инчунин доири як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили касбомӯзӣ ва шуғли аҳолии ҳар як аъзои оила, нақши босазои ҷавонон дар пешрафту шукуфоии Ватан, гиромидошти таъриху фарҳанги боғановатамон, дастовардҳои шоёни варзишгарони тоҷик, ҳамчунин вазъи ҷинояткорӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ бобати истифодаи замин, ба сафи хизматчиёнии давлатии мақомоти худидораи шаҳраку деҳот ҷалб намудани ашхоси ҳалолкору покиза ва донишу таҷрибаи кофидошта, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», авзои сиёсии ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани терроризму экстремизм ва ғайраҳо сухан ронд.
Дастури пурарзиш-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар яки мо, минҷумла, омӯзгорон, танҳо амалҳои созандаро тақозо мекунад.
Акмалҷон АҲРОРОВ,
Нуриддин ҶАМОЛОВ,
муовинони директори
гимназияи №2-и
шаҳри Истаравшан
Иловакунӣ
Иловакунии фикр