Нашрияи Омӯзгор

Рушди варзиш рушди миллат аст

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

(Мусоҳиба бо директори коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Бахтиёр Камолов)

Муаррифӣ. Бахтиёр Камолов қабл аз ба вазифаи директори коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ таъйин гаштан солҳои зиёд ба сифати омӯзгор, мудири кафедра ва роҳбари таҷрибаомӯзӣ  дар  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов фаъолият намудааст. Дотсент, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизматҳояш дар соҳаи маориф ва рушди тарбияи ҷисмонӣ бо  чандин мукофоти дигари давлативу соҳавӣ қадр  шудаанд.

- Устоди муҳтарам, тавре шоҳидем, баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвар муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати миллиамон мазмуну моҳияти нав пайдо кард ва бесабаб ҳам нест, ки дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат оид ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ бори дигар ба таври хеле ҷиддӣ сухан гуфтанд. Мехостем суҳбатамонро вобаста ба ҳамин нукта оғоз намоем.

- Дарвоқеъ, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушдбахшии он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа муқаррар шудааст.  Роҳбари давлат ба  соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд ва барои рушди он пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Аз навгониҳои ҳамарӯзаи соҳа дар саросари кишвар, бахусус, дар пойтахти зебоямон ҳамагон огаҳем. Бешубҳа, он майдону толорҳои варзишие, ки дар ҳар як гӯшаи ҷумҳурӣ бунёд ёфта истодаанд, ҳамагонро рӯҳбаланд менамояд. Ин иншооти варзишӣ  ба ҷойи дӯстдоштаи хурду калон, бахусус, ҷавононе, ки ба варзиш рағбат доранд, мубаддал гаштаанд. Имрӯз қисмати асосии сокинони Ватанамонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҳам воситаи нерубахшу ҳам василаи маъруфияти ҷавонон, пеш аз ҳама, варзиш аст.

- Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки яке аз  боргоҳҳои бонуфузи   омодасозии варзишгарон ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ дар  ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ин ҳама рисолати хешро имрӯз чӣ гуна   иҷро  менамояд?

- Коллеҷи мо бо равияҳои гӯштии миллӣ, волейбол, баскетбол, футбол, гимнастика, варзиши сабук, якҳарбаи шарқӣ ва бокс ихтисосманд омода менамояд ва  айни замон зиёда аз 60 устоди ботаҷриба, ки бештарашон дорои тахассуси дараҷаи олии омӯзгорӣ, унвони илмӣ, унвонҳои соҳавӣ (Аълочии маориф, Корманди шоистаи варзиш) ва дараҷаҳои варзишӣ мебошанд, ба шогирдон сабақ меомӯзанд. Дар муасссиса дар баробари шуъбаи рӯзона шуъбаи ғоибона амал менамояд ва китобхона, се синфхонаи компютерӣ, ки бо шабакаи интернет пайваст аст, ошхонаву хобгоҳ дар хизмати донишҷӯён қарор доранд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба тарбияи маънавию ахлоқӣ, эстетикию ҳуқуқӣ, ҳарбию ватандустӣ, меҳнатию экологии донишҷӯён дар муассиса аз ҷониби масъулини бахши тарбия пайваста  тадбирҳо роҳандозӣ  мешаванд.  Баргузории семинару конфронсҳо, мизҳои мудаввару вохӯрию мулоқотҳо ба ифтихору ҷашну санаҳои таърихӣ бо роҳнамоии омӯзгорону иштироки муҳассилин ва волидон дар муассиса ба ҳукми  анъана даромадааст. Мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли адаб, санъат, намояндагони ҳифзи  ҳуқуқу дигар сохторҳо ҳармоҳа баргузор мешаванд. Ин ва дигар тадбирҳо, албатта, дар ташаккули ҷаҳонбинию худшиносӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии донишҷӯён нақши калон доранд. 

Мо ифтихормандем, ки имрӯз дар қатори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон коллеҷ ба яке аз боргоҳҳои бонуфузи таълимии варзиши мамлакат  табдил  ёфтааст. Ин таълимгоҳро ҳазорон нафар бомуваффақият хатм карда, дар рушди соҳа саҳм гузошта истодаанд. Имрӯз бисёр варзишгарони ҷумҳурӣ ифтихор  менамоянд, ки алифбои варзишро аз ин боргоҳ  омӯхтаанд. Ба  шарофати шогирдони муваффақаш шуҳрату эътибори муассиса дар байни сокинони мамлакат  боз ҳам афзудааст, ки ин ба афзудани сафи довталабон  мусоидат бинмуда.   

- Мехостем оид ба дасто-вардҳои варзишии донишҷӯёни муассиса сухане чанд бигӯед.

- Ин маврид бо камоли қаноатмандӣ метавонам иброз дорам, ки бисёр варзишгарони собиқадору ҷаҳонпаҳлавонон омӯзишу тамрини варзиширо аз ҳамин муассиса оғоз намудаанд. Хушбахтона, сафи онҳо мунтазам меафзояд. Чанд далел меоварам. Дар Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки чанде пеш дар он  футболбозони навраси тоҷик ба комёбии барҷаста ноил гардиданд, дар қатори дигар ҳамдастагонашон  муҳассилини коллеҷи мо Ҷонибек Шарифов ва Шоҳрух Сангов,  инчунин, дарвозабони даста Муҳриддин Ҳасанов бо ҳунари худ ҳамагонро мафтуну мамнун карданд.  Сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов низ дастпарвари коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад.    Варзишгардухтар Мадина Ғафурова, ҷоизадори чандин мусобиқаи сатҳи минтақавию байналмилалӣ оид ба бокс, имрӯз яке аз довталабони асосӣ барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ аст. Дастовардҳои варзишгарон –муҳассилини коллеҷ дар дигар риштаҳо низ шоистаи ситоиш мебошанд. Рауф Хӯҷамов, Навҷавон Муллоев, Сиддиқ Талбаков ва Забир Ҷумъаев аз намуди гӯштии миллӣ, Некрӯз Зуҳуров ва Ороста Раҳматова аз намуди қаиқронӣ, Некрӯз Идиев аз намуди футбол, Ҷамол Ибодов ва Ислом Абдуназаров  ва боз даҳҳо шогирди дигари имрӯзаи коллеҷ ифтихори варзиши тоҷиканду бешубҳа, дастовардҳои боз ҳам бузург онҳоро дар пеш аст.  Бояд зикр намуд, ки ҳоло бисёр собиқ дастпарварон ва  донишҷӯёни кунунии муассиса узви тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ зикр гашт, ки танҳо дар соли 2018 230 иншооти варзишӣ ва дар даҳ соли охир 9300 чунин иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд. Чун мутахассиси соҳа муносибати сокинон, бахусус, ҷавононро ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

- Воқеан ҳам, инкишоф додани варзиш дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа аст. Илова ба ин, он ҳама иншооти варзишие, ки бунёд ёфта истодаанду теъдодашонро ёдовар шудед, имрӯз ба бештар оммавӣ гаштану рушд ёфтани варзиши миллӣ мусоидат мекунанд. Бо ин ҳама, чун дар мавриди муносибати сокинон, бахусус, ҷавонон ба варзиш  сухан меравад, бояд иқрор шуд, ки ҳанӯз муносибати ҷавононамон ба варзиш чандон қаноатбахш нест. Мутаассифона, на ҳама ҷавонон аз шароити мавҷуда истифода мебаранд, ҳол он ки ба варзиш шуғл варзидан бояд амали ҳамарӯзаи онҳо бошад. Муҳим он нест, ки ҳатман варзишгари касбӣ бошем ё ба варзиши касбӣ шуғл варзем, муҳим он аст, ки тавассути шуғлварзӣ ба варзиш ба солимии хеш, ки аз ҳама неъмати бебаҳо аст, диққат диҳем. Дар мисоли пойтахт қазоват бикунем: бубинед, ки дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр имрӯз муосиртарин иншооти варзишӣ бунёд ёфтаанд ва ҳоло мактабу боғчае ёфт намешавад, ки дорои майдон ва ё толори варзишӣ набошад. Пас, чӣ монеа барои ҷавонону наврасон вуҷуд дорад, ки садди роҳи ба варзиш  шуғл  варзидан гардад? Лоақал субҳгоҳон соате машқи бадан намудан ҳеҷ мушкилие надорад. Имрӯз, тавре ҳамагон шоҳидем, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор бобати ҷалби ҷавонон ба варзиш корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, вале  аз оила, боғча, маҳалли зист   оғоз намуда, тамоми ҷомеа бояд барои ташаккули тарзи ҳаёти тарбияи ҷисмонии аҳолӣ саъй намоем.

Сарвари кишварамон тандурустии ҷавононро  тандурустии  миллат номида, ба варзиш  ва обутоби  ҷисмонӣ ҷалб намудани  ҷавонон, тануманду солиму қавирӯҳ ба камол  расондани онҳоро вазифаи муҳими ҷомеа меҳисобанд. Пешрафти ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ - яке ба илму техника, дигаре ба солимии афроди ҷомеа сахт марбут аст. Рушди техника ва технология бе ҷисман солим ташаккул ёфтани афрод амалӣ нахоҳад шуд. Дар воқеъ,  шахс  тавоноии  ҷисмониашро  бо хирад  пайваста, ҳамеша  соҳиби обрӯву  эҳтиром мегардад. Ба ақидаи Зардушт, «Тани солиму ақли солим  кори солимро анҷом медиҳад».  

-  Дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон баланд бардоштани сатҳу сифату таълимро дар муассисаҳои таҳсилотии кишвар яке аз масоили асосии соҳаи маориф арзёбӣ намуданд. Андешаи шумо дар ин маврид. 

- Мо комилан тарафдори нуктаҳои таъкиднамудаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Ин гуфтаи Президенти мамлакат аз омӯзгорон масъулияти ҳар чӣ бештарро дар кори таълиму тарбия тақозо менамояд. Тавре дар Паём омадааст, агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи маорифро чун соҳаи афзалиятнок пайваста дар мадди назар қарор дода, барои рушди он, аз ҷумла, барои фароҳам овардани шароити созгор барои омӯзгорон чораҷӯиҳои зиёд менамояд. Касби омӯзгор касби пуршараф аст ва албатта, он нафарон дар ин роҳ муваффақ мегарданд, ки сарсупурдаву ватандӯсти воқеӣ бошанду рисолати бузурги ба зимма доштаашонро амиқ дарк намоянд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки омӯзгорони гиромимамон дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои ҷомеа аз уҳдаи бартараф намудани ҳама гуна мушкилоти мавҷуда дар самтҳои таълиму тарбия мебароянд. Фарзандонро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои хайру савоб, омӯзиши илму ҳунар ва ободии Ватани азиз ҳидоят намудан вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як падару модар, аҳли мактабу маориф ва ҷомеа  мебошад. 

 

Мусоҳибон

А. МУРОДӢ,

“Омӯзгор”

М. ШАРИФОВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш