Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли маорифи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳамовозии гарму ҷӯшонро ба амал овард.
Дар Паёми Президенти кишвар, бахусус, ба мушкилоти ҷойдошта дар зинаи таҳсилоти томактабӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Сарвари давлат махсус таъкид карданд, ки шумораи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд карда шавад. Дар иртибот ба ин масъала, раёсати маорифи вилоят як қатор корҳоро анҷом додааст. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят талабот ба муассисаҳои томактабӣ афзуда истодааст.
Вазъи таълиму тарбия ва сатҳи донишазхудкунии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии қаламрави вилоят қонеъкунанда буда, дар ин самт пешравиҳо ба мушоҳида мерасанд. Соли гузашта 336 нафар мутахассиси ҷавон бо таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ба раёсати маорифи вилоят ҳозир шуданд, ки аз онҳо 96 нафарашон бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Соли 2018 аз 2597 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят 1420 нафар аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд. Тибқи квотаи Президентӣ бошад, 172 нафар соҳиби номи донишҷӯ гардиданд, ки 89 нафари онҳо духтарон мебошанд.
- Мо, - гуфт сардори раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев, - ба ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва бо имтиёзоти пешбинигардида таъмин намудани мутахассисони ҷавон диққати махсус зоҳир менамоем. Соли гузашта ба 11 нафар омӯзгори ҷавон қарзи имтиёзнок дода шуд. Иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф дар вилоят хуб ба роҳ монда шуда, феълан шумораи умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ 2696 адад ва принтерҳо 179 ададро ташкил медиҳад. 31 таълимгоҳ дар ҳудуди вилоят ба шабакаи интернет пайваст мебошанд. Ҳоло ба 7 хонанда 1 компютер рост меояд. Дар 246 муассисаи таҳсилоти умумӣ 243 синфхонаи фаннии технологияи иттилоотӣ ташкил карда шудааст, ки бо васоити аёнии зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки соли гузашта аз фанни забони англисӣ дар байни хонандагони синфҳои 4-11 гузаронида шуд, аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят 68 нафар иштирок намуда, 23 нафарашон ғолиб дониста шуданд. Дар даври чоруми олимпиадаҳои фаннии таълимӣ (дар давраҳои анъанавӣ, даставӣ ва номӣ) 162 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят иштирок намуданд, ки 3 нафарашон сазовори ҷойҳои аввал ва ба гирифтани Ифтихорномаи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ мушарраф гардиданд. Иштироки мактабиёни қаламрави вилоят дар конфронсҳои илмӣ – тадқиқотии Академияи хурди илмҳо (АХИ) низ сазовори таҳсин буда, аз сесаду наваду ҳашт нафар дусаду чилу ду нафар бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Аз ин теъдод ҳафтоду ду нафар хонанда дар конфронси ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо ширкат намуданд.
Оид ба фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагии назди раёсати маориф Э.Ҷонмирзоев зикр намуд, ки айни ҳол дар марказ 50 маҳфил амал мекунад, ки аз он 6 маҳфил ҳамчун маркази омӯзишӣ ба таълими хидматрасонӣ ба сайёҳон машғуланд. Маҳфилҳои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, амсоли муҳрабофӣ, дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ дар худи марказ, маҳфилҳои пазандагӣ, рубобсозӣ ва рубобнавозӣ (дар Бартанг) ташкил карда шудаанд. Сардори раёсати маорифи вилоят ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русию англисӣ, ки ин масъала дар Паёми Президенти мамлакат ба таври махсус зикр гардид, қайд кард, ки ҳоло дар 313 муассисаи таълимии вилоятӣ 496 нафар омӯзгори фанҳои забони русӣ ва 382 нафар забони англисӣ фаъолият доранд.
- Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд, - гуфт сардори раёсати маорифи вилоят. Соли гузашта биноҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз, мактабҳои рақами 8 ва 41- и ноҳияи мазкур, бинои раёсати маорифи вилоят, мактаби №4-и ноҳияи Ванҷ, мактабҳои рақами 53 ва 55-и ноҳияи Шуғнон, кӯдакистони Шитхарв дар ноҳияи Ишкошим, мактаби наву кӯдакистон дар шаҳри Хоруғ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди синфхонаҳову биноҳои иловагӣ ва муассисаҳои нави таълимӣ дар қаламрави вилоят бо маром идома дорад.
Дар баробари ин, дар вилоят дар масъалаи рушд бахшидан ба соҳаи маориф камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, талаботи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муассисаҳои типи нав – гимназияю литсейҳо рӯз ба рӯз меафзояд, мутаассифона, теъдоди онҳо махсусан дар шаҳру навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Хоруғ кам буда, инчунин, бунёди хобгоҳҳо барои хонандагоне, ки дар литсейю гимназияҳо аз деҳоти дурдаст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, зарур аст. Масъалаи дигар, то ҳол мавҷуд набудани кабинети методӣ дар раёсати маорифи вилоят мебошад. Бо ҳамин сабаб раёсати маорифи вилоят ҷиҳати расонидани ёрии амалии методӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯхтану паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон ба мушкиливу проблемаҳои зиёд дучор мегардад. Хотирнишон бояд кард, ки масъалаи пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ва шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим ба шабакаи интернет то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст.
Ҳамзамон, боиси нигаронист, ки ҷиҳати баргузории чорабиниҳои гуногуни соҳа дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ, ба монанди озмунҳои «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», «Мактаби сол», олимпиадаҳои фаннӣ ва иштироки омӯзгорону устодон дар семинару конфронсҳо ва курсҳои такмили ихтисос маблағи зарурӣ ҷудо карда намешавад. Аз ҳамин сабаб, омӯзгорони вилоят дар баъзе озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда наметавонанд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр