Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи усули интерактивӣ дар дарсҳои физика

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Пеш аз шурӯи дарс хонандагонро бояд бо мафҳуми интерактив шиносонд. Яъне интерактив аз калимаи англисӣ – «interact»  гирифта, «inter» маънояш якҷоя, воридшавӣ ва «act» амал, фаъолият, кор мебошад. Яъне, интерактив фаъолияти якҷоя дар омӯзиш аст.

Мувофиқи ин усули омӯзиш дар дарс бояд ҳамкорӣ ё фаъолияти якҷояи педагогӣ ташкил карда шавад. Ҳамкорӣ байни омӯзгор ва талабаи алоҳида ва гурӯҳи талабагони синф, талаба ва талаба, як талаба ва гурӯҳи талабагон дар ҷараёни дарс мебошад.

Меъёрҳои асосии ташкили фаъолияти якҷоя дар таълим ин имкони дар талабагон ба вуҷуд овардани муҳокимаронӣ, баҳс, пешниҳоди озоди мавзӯъ, фаъолиятҳои амалии талабагон, озодфикрию озодандешӣ, ташаббускорӣ, иҷрои корҳои фардӣ, дукаса, чоркаса, гурӯҳӣ ва аҳли синф, гурӯҳбандӣ, бозиҳои таълимӣ, ҳуҷуми фикрӣ, ҳамчунин, иҷрои корҳои гуногуни хаттиро, ки фаъолияти якҷояро талаб мекунад, мебошад. Яке аз шаклҳои ташкили фаъолияти якҷоя гурӯҳбандӣ ба шумор меравад. Омӯзгор метавонад ба хонандагон ба таври фардӣ, дар гурӯҳ, дунафарӣ, чор, шашнафарӣ, ба аҳли синф дарс гузарад. Вақте ки омӯзгор нақшаи дарсро тартиб медиҳад, мувофиқи мавзӯъ бояд лаҳзаҳои дарс, ҳамчунин, ташкили фаъолиятро дар ҳар лаҳза ба назар гирад. Дар ин қисм аз гурӯҳбандии талабаҳо истифода кардан бамаврид аст.

Бояд гуфт, дар гурӯҳбандӣ нақши омӯзгор муҳим аст. Вақте ки ман дар дарс талабагонро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунам, бо кадом гурӯҳ зиёд кор карданро  пешакӣ муайян менамоям, саволу супоришҳо тартиб медиҳам. Баъд  назди ҳар як гурӯҳ омада мебинам, ки оё онҳо супоришро дуруст фаҳмидаанд? Ҳамаи ин корҳоро  ҳангоми тартиб додани нақшаи дарс муайян менамоям.

Дар кори гурӯҳӣ мусобиқа ҷойи асосиро ишғол мекунад, зеро ҳар як гурӯҳ мехоҳад пешсаф бошад. Аз ин хотир гурӯҳҳо корро бо ҳавас иҷро мекунанд. Гурӯҳбандӣ вобаста ба мавзӯъ дар лаҳзаҳои зарурӣ ташкил карда мешавад. Ҳангоми гузаштани мавзӯи «Нуктаҳои асосии назарияи молекулӣ – кинетикӣ» ба хонандагон, аниқтараш ба гурӯҳҳои ҷудокардашуда се савол пешниҳод менамоям: 1. Шумо аз ҳаёти ҳамарӯзаатон кадом мушоҳидаҳоро номбар карда метавонед, ки аз мавҷудияти фосилаҳои байни молекулӣ гувоҳӣ диҳанд? 2. Нуктаҳои асосии назарияи молекулӣ – кинетикии сохти модда аз чӣ иборатанд? 3. Далелҳое  биёред, ки молекулаҳо доим дар ҳаракати бефосилаи бетартиб бошанд. Гурӯҳе, ки  супоришро аз ҳама пеш ва дуруст иҷро  намояд, ғолиб дониста мешавад.

Таваккал АБДУЛЛОЕВ,

омӯзгори физикаи мактаби № 53,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш