Мусоҳиба бо ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии
кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, доктори илми таърих Хоналӣ Қурбонзода
- Муаллими муҳтарам, солҳост, ки шумо роҳбарии яке аз сохторҳои муҳими соҳаи маорифи ҷумҳуриро ба зимма доред ва қаблан ҳам дар бахшҳои гуногуни соҳа кор кардаву таҷрибаи зиёде андӯхтаед. Мехостем дар ин замина аз дастоварду навгониҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ, мақому манзалати мактабу маориф дар ҷомеа, дурнамои соҳа, нақш ва мавқеи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар татбиқи сиёсати Президенти мамлакат дар соҳаи маориф, вазъи имрӯзаи таълиму тарбияи насли ҷавон ва дигар масъалаҳои рӯзмарра сӯҳбат ороем.
- Дар иртибот бо дастуру нишондод ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гаштанд. Бунёду азнавсозии мактабҳо, компютеркунонию бо воситаҳои электронӣ таъмин намудани таълимгоҳҳо, омӯзиши васеи забонҳои хориҷӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ, ба роҳ мондани таълиму тарбия дар асоси талаботи муосир дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва корҳои зиёди дигар тадбирҳое мебошанд, ки маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар сурат гирифтанд. Аслан, мактабу маориф дар ҳама давру замонҳо дар роҳи рушду нӯмуи иҷтимоию иқтисодӣ ва зеҳнию ақлонии ҳар як миллати мутамаддин ва худогоҳ мавқеъ ва манзалати хоса дорад. Танҳо миллати босавод метавонад, ки насли сохибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад. Дар ин замина, маҳз соҳаи маориф дар пешрафти дигар соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Дар Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «...моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем”. Вобаста ба ин вазифагузориҳои Сарвари давлат масъулияти аҳли маорифи кишварамон дар шароити имрӯза боз ҳам афзудааст.
- Акнун мехостем атрофи фаъолияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, самтҳои асосии фаъолияти он, натиҷаву дастовардҳо, нақши он дар амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи маориф сухан бигӯед.
- Такмили ихтисос ва бозомӯзӣ воситаи муҳими баланд бардоштану ташаккули малакаву маҳорати кормандон ба шумор меравад ва бо назардошти вазъияти феълӣ такмили донишу ихтисос ва усули роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ василаи муҳими рафъи мушкилот дар самти беҳдошти сифати таълимот ва дар маҷмӯъ, рушди муассисаҳои таълимист. Ба ибораи дигар, ҳеҷ соҳа бе мутахассисони варзида ва огоҳ аз илми муосир ба комёбӣ ноил намегардад. Бахусус, соҳаи маорифу мактаб бе омӯзгорони таҷрибаандӯхта, мусаллаҳ бо илму дониш, бархӯрдор аз технологияи муосир муваффақ намешавад. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар ба масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. 28 июни соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф барои солҳои 2018 -2022 қабул гардид. Донишкада тибқи ин барнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал менамояд. Фаъолияти кормандони муассиса серпаҳлӯ ва гуногунмуҳтавост. Барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки аз ҳисоби омӯзорон, директорони мактаб аз тамоми ҷумҳурӣ ҷалб мегарданд, дар донишкада шароити зарурии моддиву техникӣ мавҷуд буда, мутахассисону олимону варзида ба гузаронидани курсҳо ҷалб гаштаанд. Дар баробари ин, як қатор кадрҳои ҷавони болаёқат дар донишкада ба кор ҷалб гаштаанд. Ду сол инҷониб Шӯрои муҳаққиқони ҷавон дар муассиса амал менамояд, ки 17 нафар олими ҷавон ба он шомиланд ва ба тадқиқоти илмӣ машғуланд. Дар донишкада инчунин Созмони ҷавонон, Шӯрои занон, Маркази омӯзиши забонҳо ва технологияи информатсионӣ фаъолият менамоянд.
Як ташаббуси маъмурияти донишкада аз он иборат аст, ки ҳар субҳ дар донишкада аз рӯи асарҳои Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Чеҳраҳои мондагор” лаҳзаи (дарси) сиёсӣ барои омӯзгорон ва шунавандагон доир карда мешавад. Ҳамзамон, ҳар ҳафта, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа бо ҷалби мутахассисони варзида барои шунавандагон дар доираи як мавзӯъ машғулиятҳо сурат мегиранд.
Дар ҷараёни баргузории курсҳо бо мақсади табодули таҷриба, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор ва омӯзиши таҷрибаи мактабҳои пешқадам бо унвонҳои “Муаллими муваффақ” ва “Мактаби таҷрибаи пешқадам” дар донишкада тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. Илова ба ин, дар ҷараёни гузаронидани курсҳо миёни шунавандагон мунтазам семинару конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ созмон дода мешаванд. Дар маҷмӯъ, донишкада тайи солҳои охир дар таҳаввулу такомули низоми таҳсилот, рушду пешрафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иқдому ташаббусҳои навоваронаи ҳайати устодону омӯзгорон дар масъалаи татбиқи амалии барномаву консепсияҳо ва стандартҳои таълими соҳа, роҳандозии шаклу шеваҳои ҷадиди тадрис тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд.
- Дар саргаҳи фаъолияти муассисаи таълимӣ директори мактаб қарор дорад ва шумо борҳо дар мавриди рисолати ӯ аз минбарҳо сухан гуфтаед. Соле қабл маҷмӯа - дастуреро ҳам бо номи “Роҳбарӣ дар муассисаи таълимӣ”чун роҳнамо ба нашр расонидед. Мехостем дар мавриди рисолати сарвари муассисаи таълимӣ дар шароити замони иимрӯза суҳбатамонро идома диҳем.
- Дар замони муосир дар ҷумҳурӣ пешниҳоду интихоби сарвари муассисаи таълимӣ яке аз масъалаи умдаву аввалиндараҷа ба шумор рафта, пешрафти соҳаи маориф, дастовардҳои назаррас дар таълиму тарбия, таҳаввулу такомули фаҳмишу ҷаҳонбинии хонандаи мактаби муосир, истифодаи огоҳмандона аз дастгоҳҳои техникӣ дар раванди машғулиятҳо ва ба фатҳи баланду қуллаҳои илму дониш ноил гардидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ маҳз аз ҳамин сарчашма мегирад. Сарвари муассисаи таълимӣ дар шароити муосир бояд фарди ҳамадон, иқтисодшинос, фарҳангӣ ва пажуҳишгару аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаву закӣ бошад. Мақом ва мартабаи ӯ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки бо донишу фаросат ва хирадмандии хеш дар муҳити ҳайати муътабари омӯзгорон ҷойгоҳи вижа дошта бошад. Салобати вай дар маърифатмандист, на дар чизи дигар.
- Шумо дар мавриди худшиносиву худогоҳии насли наврас, ки дар шароити имрӯза аҳамияти махсус касб намудааст, ёдовар шудед. Ба андешаатон, худшиносиву хештаншиносӣ аз куҷо сарчашма мегирад ва ин мафҳумҳо дар зери худ чӣ моҳияту маъниро нуҳуфта доранд?
- То он вақте ки хонандаи мактаби муосир ба умқу паҳнои мафҳумҳои “ватан”, “зодгоҳ”, “якпорчагию ваҳдат”, “сулҳ”, “миллат” ба таври мушаххас, на ин ки бо гуфторҳои умумиву шиорзаданҳои ҳавоиву бемақсад, сарфаҳм наравад, худшиносии вай мукаммал ва ҳамаҷониба буда наметавонад. Ғояи ваҳдати миллӣ низ аз шинохти Ватан, яклухтии сарзамини тоҷикон, муқаддас шуморидани арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба ормонҳои миллӣ ва эҳтиром ба Пешвои миллат ва Ҳукумату давлати Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар ин замина, сараввал худшиносиву худогоҳии насли наврас аз омӯзиши бардавому огоҳмандонаи фарҳангу тамаддун, адабиёту таърих ва урфу одату анъанаҳои ибратбахши қадимаи миллати тоҷик маншаъ мегирад. Мусаллам аст, ки даврони истиқлолияти давлатӣ истиқлолияти андешаву фикрро фароҳам меорад. Ва фикру андешаҳо бояд созанда бошанд, на ин ки сӯзанда. Осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири худшиносии насли ҷавон роҳнамо ва сарчашмаи арзишманд буда, ҳидоятгари самти асосию аслии шоҳроҳи ҳаёти бошукӯҳу зиндагии саодатмандона аст. Насли наврас ба омӯзиши адабиёту таърихамон бояд бештар рӯ орад. Чи тавре Пешвои миллат фармудаанд: “Асоси сиёсати фарҳангии давлати мо тавассути тарғиби ҳамаҷонибаи таърихи ибратомӯзи халқамон, мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабии миллати куҳанбунёдамон, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву ватанпарастии ҳар як фарди ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти ватанамон мебошад”.
- Имрӯз дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Дар ин вазъ масъалаи зиракии сиёсии ҷавонони кишвар аҳамияти махсус пайдо намуда. Мехоҳем вобаста ба ин масъалаи мубрам изҳори назар мекардед.
- Воқеан, вазъи зудтағйи-рёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстре-мистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.
Насли ояндасози кишвар бояд асолати азалии хешро дарк намуда, дар замоне ки сару садоҳои фаровоне дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда ҷиҳати созмон додани иттиҳодияҳою гурӯҳҳои муташаккили экстремистӣ, дар фазои фаромиллӣ ба воситаи шабакаҳои махсуси таб-лиғотии ҷараёнҳои ифротгароии интернетӣ дар ҳама ҷо паҳн мегардад, ба ҳам омада, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Маҳз ифротгароӣ ва тундгароӣ боис гаштанд, ки Сурия, Ироқ ва Афғонистон ва як қатор давлатҳои дигар гирифтори бозиҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ шаванд. Бинобар ин, мо бояд бепарво набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намуданашон талош варзем. Мутаассифона, имрӯз бинобар камтаҷрибагӣ далелҳое кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротагаро мепайванданд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо орӣ нест. Дар ин замина, тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар он, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро бояд ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монему онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: “Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бояд танҳо ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату худшиносии миллӣ ташкил диҳад”.
Мавлон ШАРИФОВ,
узви ИЖТ, Аълочии
матбуоти Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр