3-юми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд доир гардид, ки дар он Низомномаи пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин ҳамоиш Ф. Усмонзода - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. Ахмедов - сардори шуъбаи департаменти банақшагирии буҷет дар соҳаи иҷтимоиёти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулин аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки низомномаи мазкур дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.06.2018, №306 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2017, №7/36 «Дар бораи тасдиқи Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.03.2018, №94 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2017, №11/38 «Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31.08.2018, №438 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, №1084 таҳия карда шудааст.
Ф. Усмонзода - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ усулҳои асосии ҳисобкунии пардохти музди меҳнат, сарбории кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби ташаккули ҷадвали басти вазифаҳо ва маоши вазифавии ҳайати устодону профессорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, музди меҳнати ҳайати профессорону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, иловапулиҳо барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, тартиби сохтани ҷадвали басти вазифаҳо ва маоши вазифавӣ (меъёрӣ)–и ҳайати маъмурӣ-идоравӣ, таълимӣ ёрирасон ва дигар кормандони техникии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва пардохти музди меҳнат, пардохти музди меҳнат аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, пардохти музди меҳнати соатбайъ, пардохти музди меҳнат дар давраи ҷонишинии муваққатӣ, пардохти музди меҳнат дар давраи таътил ва дигар масъалаҳоро шарҳу эзоҳ дод.
Дар охири ҳамоиш пешниҳод ва мубодилаи афкор байни ҳозирин сурат гирифт.
Саймуҳаммад ИЗЗАТУЛЛО,
корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр