Нашрияи Омӯзгор

Аз Ватанамон мефахрем

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2019 – 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Як ҳадафи асосӣ аз ин тадбир таъмини шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз мебошад. Сайёҳӣ аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандӣ низ татбиқ гардидаанд.

Мо – омӯзгорон низ бояд дар пешравии Ватани  биҳиштосоямон саҳми худро гузорем. Натанҳо ҳунармандон, балки ҳамаи шаҳрвандони кишвар (новобаста аз касбу кор) бояд маҳаллаи худро, хонаи худро ободу зебо гардонанд, чунки меҳмонон ва сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, ба тозагии муҳит ва тарзи зиндагии мардум аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Мо бояд анъанаҳои дерини меҳмоннавозӣ ва ҳунарҳои миллии худ-ро эҳё намоем, рушд бахшем. Масъалаи дигар хуб донистани забонҳои хориҷист. Рушди сайёҳӣ бо забондонӣ иртиботманд мебошад. Аксари сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Мо бояд кӯшиш намоем, ки шогирдонамон бо дарки ин воқеият ба забономӯзӣ пардозанд.

Ҳама талошҳои Сарвари муаззами миллат ба хотири беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мебошад.

Мардуми шарафманди Тоҷикистонро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, сидқан ба ободониву созандагӣ машғул шаванд.

Барно Катахонова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш