Нашрияи Омӯзгор

Баланд бардоштани сифати  таҳсилот амри воқеист

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Дар Паёми навбатии (26.12.2018) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои гуногуни низоми маорифи ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо таълиму тарбияи насли наврас ҳамаҷониба таҳлил гардида, дар ин замина дастурҳои мушаххас ироа гардиданд. Аз ҷумла, дар Паём таъкид шудааст:

“Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.

Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.

Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.

Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.”

Дар ҳақиқат, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар миқёси байналмилалӣ аз муҳимтарин омилҳои тайёр кардани мутахассисони варзида ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат эътироф гардидааст. 

Ин мулоҳиза моро водор мекунад, ки роҳҳои муассири расидан ба ин ҳадафи наҷибро муайян ва роҳандозӣ кунем. Дар ин маврид ба чанд нуктаи муҳим бояд эътибор диҳем. Аввалан, худи мафҳуми “сифати таҳсилот”-ро дақиқан муайян бояд кард. Сониян, нишондиҳандаҳои асосии сифати таҳсилот бояд бори дигар таҷдиди назар шаванд. Масъалаи дигаре, ки ба нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот вобаста аст, механизми баргардон кардани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ аст. Ниҳоят, дар баробари омилҳои таъсиррасон ба сифати таҳсилот ба назар гирифтани натиҷаҳои ҳақиқии таълим ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои асосии он бояд баррасӣ шавад.

Дар муайян намудани сифати таҳсилот омилҳо ва нишондиҳандаҳои он нақши муҳим мебозад. Мутахассисони соҳа, маъмулан, 1) ҳайати устодон (омӯзгорон, профессорон), 2) сатҳи таъминот бо маводи таълимию методӣ, 3) заминаи моддӣ-техникӣ, 4) неруи зеҳнии муассисаи таълимӣ 5) худи донишомӯзон (хонандагон, донишҷӯён)-ро ҳамчун муҳимтарин омилҳои сифати таҳсилот эътироф кардаанд.

Омили охирин – сатҳи донишу салоҳиятҳои худи хонандагон (донишҷӯён), ки бевосита дар ҷараёни таҳсил ба даст меояд, муҳимтар аз ҳама аст. Аввалан, омилҳои дигарро дуруст арзёбӣ кардан осонтар аст, ин омилҳо дар заминаи нишондиҳандаҳои миқдорӣ (мушаххас ва шумурдашаванда) муайян мегарданд. Сониян, ҳамаи ин омилҳо ба хотири ба даст овардани натиҷаи ниҳоӣ – тайёр кардани мутахассис дар сатҳи баланди касбӣ равона шудаанд. Аз ин ҷо масъалаи таҳияи нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) ва дигар воситаҳои муайян кардани сатҳи донишу салоҳиятҳои донишомӯзон ба масъалаи ҷиддӣ дар таъмини сифати таҳсилот табдил меёбад.

Имрӯз сатҳи омодагии касбии донишомӯзон аз рӯйи баҳоҳои имтиҳоноти гуногун (ҷорӣ, солона, хатм, давлатӣ), ҳуҷҷатҳои расмии таҳсилот (шаҳодатнома, диплом) арзёбӣ мегардад. Масъала ин ҷост, ки баҳои гузошташуда ба сатҳи ҳақиқии донишу салоҳиятҳо то кадом андоза мувофиқат мекунад? Агар ин ё он донишомӯз айнан ҳамон имтиҳонро дар ҷойи дигар ва ба шакли дигар супорад, боз ҳамон баҳоро ба даст оварда метавонад? Оё механизмҳои ҷории имтиҳонсупорӣ ва баҳогузорӣ пурра ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ ҳастанд? Нақши худи омӯзгори фан, аз як тараф ва технологияҳои иттилоотӣ (барномаҳои компютерӣ), аз ҷониби дигар, дар арзёбии сатҳи донишу салоҳиятҳо чӣ гуна бояд бошад?

Табиист, ки аксари устодони соҳибтаҷриба ба ин саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода наметавонанд. Ба андешаи инҷониб, шумораи онҳое, ки мавҷуд будани мушкилотро дар ин самт эътироф мекунанд, ба маротиб бештар аз онҳоест, ки механизмҳои мавҷудаи баҳогузориро пурра ҷонибдорӣ ва роҳандозӣ мекунанд.

Мо ба ҷузъиёти ин масъала дахл намекунем, зеро дар як мақола баррасӣ намудани тамоми паҳлуҳои он, гузашта аз ин, бе гузаронидани таҳлилҳои амиқ, аз имкон берун аст. Таъкиди мо ба эътирофи мубрамияти ин мавзӯъ аст. Ба ин хотир, пешниҳод мекунем, ки доир ба ин масъала як конфронси илмӣ ва амалӣ бо иштироки мутахассисон ва намояндагони мақомоти расмии идораи маориф доир гардад. Шиори ин конфронс набояд ба шиорҳои аксар конфронсҳои маъмулӣ (омаданду нишастанду гуфтанду рафтанд) шабоҳат дошта бошад, балки натиҷаи он бояд таҳияи пешниҳодоти мушаххас барои такмили низоми арзёбии мавҷуда бошад ва баррасии ин натиҷаҳоро аз ҷониби масъулони соҳа тақозо намояд. Гузашта аз ин, дар ҷараёни омодагӣ ба ин конфронс бояд таҳлилҳои ҳақиқии ҷанбаҳои мусбат ва манфии низомҳои мавҷудаи баҳогузорӣ, аз ҷумла, бо доир намудани назарсанҷиҳо (пурсиши афкори омма) сурат гиранд. Муҳимтар аз ҳама, ин конфронс бояд бо ҷонибдории худи масъулони соҳа – кормандони масъули ВМИ ҶТ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва иштироки коршиносони мустақил доир гардад.

 

Азим Байзоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш