Дар маҷлисгоҳи мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 5 январи соли равон ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти вазорат дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммад Сафолзода, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони идораҳои дахлдор, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорони раёсати маорифи вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Оид ба фаъолияти вазорат дар соли сипаригашта вазири маориф ва илм Нуриддин Саид маърӯза карда, аз ҷумла иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) таъкид карданд: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».
- Рушди устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобастагӣ дорад, - зикр кард Нуриддин Саид ва афзуд, ки вобас-та ба ин, аз тарафи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, маблағгузории ин соҳаи калидӣ ва ҳаётан муҳим сол аз сол зиёд мегардад. Аз ҷумла, соли 2018 барои соҳаи маориф 3 миллиарду 863 миллиону 64 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2017-ум 8% зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки дар давоми соли 2018 қарздорӣ аз музди меҳнати кормандони соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Восеъ, Темурмалик, Вахш, Панҷ, Бохтар, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Шаҳритуз, Фархор, Балҷувон, Ховалинг ва Зафаробод ба назар расид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он бартараф карда шуд.
Роҷеъ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ гуфта шуд, ки давра ба давра фаро гирифтани кӯдакон зиёд гардида, айни ҳол дар 619 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 93 307 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 254 нафар зиёд мебошад. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ ба 91 адад расида бошад ҳам, татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» дар ҷумҳурӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Тибқи талаботи барномаи мазкур дар тӯли 4 сол бояд 249 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ бунёд мегардид. Вале дар ин муддат ҳамагӣ 11 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ (дар шаҳрҳои Душанбе 5, Бохтар 1, Бӯстон 3 ва ноҳияи Спитамен 2-то) таъсис дода шудааст, ки он 4,4%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар баробари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ 1666 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 45 476 кӯдак фаъолият менамоянд, ки фарогирӣ нисбат ба соли 2017-ум 1810 нафар зиёд шудааст. Мутаассифона, фаъолияти ин марказҳо то ба ҳол ба таври бояду шояд роҳандозӣ нагардидааст. Аз ҷумла, дар ин марказҳо ба таълиму тарбияи кӯдакон шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар мавриди қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» ва «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таъкид шуд, ки раванди татбиқи онҳо мувофиқи матлаб нест. Аз ҷумла, дар соли 2018 харидории 10378 адад компютер пешбинӣ шуда буд, мутаассифона, танҳо 3171 компютер харидорӣ шуд, ки ҳамагӣ 31%-ро ташкил медиҳад.
Вазир вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо бо истифода аз модулҳои таълимӣ аз оғози соли таҳсили 2018-2019 қайд кард, ки панҷ фанни таълимӣ: химия, физика, биология, география ва технологияи иттилоотӣ ба низоми муносибати босалоҳият ба таълим оғоз карданд. Ҳамзамон, зиёда аз 7 ҳазор омӯзгор аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар назар аст, ки омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносӣ дар оғози соли нави 2019 аз омӯзиш гузаронида мешаванд ва бо ҳамин гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом мерасад. Ба таъкиди вазири маориф ва илм, азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таҳсилот нисбат ба соли таҳсили 2016-2017 таносубан 1,6% ва 0,4% баланд гардидааст, ки ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Бинобар ин, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи усулҳои муосири таълим ва тавсеаи сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чораандешӣ намоянд.
Нуриддин Саид, ҳамчунин, қайд кард, ки Вазорати маориф ва илм дар баробари таълим оид ба тарбияи шаҳрванди шоиста тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст, ки иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дорад.
Ба иттилои вазири маориф ва илм, соли 2018 дар ҷумҳурӣ 2045 адад истироҳатгоҳ ташкил карда шуд, ки онҳо 173 ҳазору 336 нафар кӯдаку наврасро фаро гирифтаанд. Аз ин шумора 1150 нафар кӯдакони ятиму бепарас-тор ва 2850 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат буданд.
- Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маорифи ва илм дар чанд соли охир пеш гирифтаву он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, ин таҳкиму вусъат бахшидани ҳаракати олимпӣ мебошад, - қайд кард Нуриддин Саид. - Аз амалӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» чор сол сипарӣ шуда бошад ҳам, масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо моҳияти масъалаи мазкурро дуруст дарк накарда, нисбат ба фаъолияти марказҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шудааст, вале ҷиҳати ҷудо намудани бинои алоҳида, додани мустақилияти молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида намешавад. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо воҳидҳои кории ҷудогардида ба ин марказҳо аз ҳисоби буҷети муассисаҳои таълимие, ки омӯзгорон дар онҳо фаъолият менамоянд, маблағгузорӣ карда мешаванд.
Соли 2018 дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 1753 хонанда иштирок намуд, ки аз ин 443 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ (98 медали тилло, 141 нуқра, 204 биринҷӣ) гардиданд. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе сазовори 149 ҷой, вилояти Суғд 138 ҷой, вилояти Хатлон 107 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 41 ҷой ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 8 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Аз 5 муассисаи таълимии барои хонандагони болаёқат дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ – муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе 36 ҷой мақоми аввал, муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» 27 ҷой мақоми дуюм, муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 ҷой мақоми сеюм, муассисаи таълимии хусусии литсей-инернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе 14 ҷой мақоми чорум, мактаби хусусии «О.Ҷӯраев»-и шаҳри Конибодом бо гирифтани 13 ҷой сазовори мақоми панҷум гардиданд.
Ҳамчунин, соли 2018 хонандагони кишвар дар 22 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла, 17 олимпиадаи фаннӣ ва 5 олимпиадаи лоиҳавӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чехия, Словакия, Португалия, Япония, Хитой ва Озарбойҷон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 260 медал (56 медали тилло, 92 медали нуқра, 112 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба соли 2017 95 медал (22 медали тилло, 35 медали нуқра, 38 медали биринҷӣ) зиёд мебошад. Ҳамзамон, бори нахуст аз 27 май то 5 июни соли 2018 дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ баргузор гардид, ки дар он 170 нафар довталаб аз 10 давлати дунё иштирок намуданд. Хонандагони тоҷик дар ин олимпиада сазовори 38 медал (10 тилло, 11 нуқра ва 17 биринҷӣ) гардиданд. Таҳлили 10-солаи иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки сифати таҳсил сол аз сол тақвият меёбад. Агар дар соли 2009 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагони кишвар сазовори 55 ҷойи ифтихорӣ гардида бошанд, дар соли 2018 шумораи медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба 260 адад расидааст.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид дар мавриди фаъ-олияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ иброз дошт, ки онҳо аз рӯи 96 ихтисос мутахассис омода менамоянд. Вале таъмини муассисаҳои таълимии мазкур бо технологияи ҳозиразамон, компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ ба истиснои якчанд литсейи касбӣ-техникӣ ба талабот ҷавобгӯ набуда, сатҳи дониши хонандагони онҳо ҳам наметавонад моро қаноатманд созад. Ҳамчунин, таъмин ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз вазифаҳои муҳимму саривақтӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, таҳлили сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар умум нишон дод, ки азхудкунӣ ба 69,5 % ва сифати таҳсилот ба 45,6 % баробар аст.
Ба андешаи вазири маориф ва илм, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷии кишвар омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад. Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 21.06.2018, №306) ба тасвиб расид. Соли 2018 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳазору 354 нафар қабул гардиданд. Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати таҳсил барои таҳсилоти дуюми олии касбӣ 2 ҳазору 495 нафар, барои идомаи таҳсил пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 5 ҳазору 674 нафар донишҷӯ қабул карда шуданд.
Оид ба вазъи таълиму тарбия ва сифати тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ Нуриддин Саид таъкид кард, ки дар ин самт камбудиву норасоиҳо ҷой доранд ва сатҳи донишандӯзӣ ҳанӯз ба меъёрҳои талаботи давлатӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сифати таълим чораҳои амалӣ андешанд.
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид дар идомаи суханронӣ ба масъалаҳои бо ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони равияҳои омӯзгорӣ, вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳо, дастрасии муассисаҳои таълимӣ ба интернет, фаъолияти корҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъминоти ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф, хадамоти матбуотӣ, сохтмону таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ дахл карда, дар баробари ин, фаъолияти муассисаҳои тобеи вазорат, аз ҷумла, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таълимии занон «Сарвар», Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, муассисаи наш-риявии «Маориф», раёсати сохтмони асосӣ ва нашрияҳои соҳаи маорифро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар музокира сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе М. Азизӣ, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Розиқзода иштирок варзида, зикр карданд, ки аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид тамоми паҳлуҳои соҳаи маориф ва илми кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва метавон онро ҳамчун раҳнамо ҷиҳати бартараф кардани нуқсонҳои ҷойдошта истифода намуд.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Сафолзода низ оид ба муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маориф сухаронӣ намуда, таъкид кард, ки аҳли маорифи кишварро мебояд ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳким бахшидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир, корҳои эҷодиву техникӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳамвора талош варзанд.
Дар анҷом вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид таъкид кард, ки кормандони соҳаи маориф ва илм аз дастуру ҳидоятҳо ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди илму маориф ва тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст равона шудаанд, илҳом гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ намоянд. Ҳамзамон, вобаста ба эълон шудани солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну санаҳои муҳими милливу таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои таъмини сифати таҳсилот, тарбияи насли наврас ва омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саъю талош меварзанд.
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр