Рӯй овардан ба таълими ҳамгиро дараҷаи маърифат ва маънавияти хонандагони синфҳои ибтидоиро боло мебарад ва ба рушди тафаккури онҳо мусоидат менамояд. Таълими ҳамгирои фанҳо ба муаллим имкон медиҳад, ки барои омӯзонидани ин ё он мавзӯъ вақтро самаранок истифода барад. Барои ҳамгиро кардани дарсҳои забони модарӣ муаллим бояд роҳу усулҳои навро ҷустуҷӯ намояд ва дар машғулиятҳо аз асбобҳои аёнии мавҷуда ё худсохт мунтазам истифода намоянд. Инчунин, байни таълими ҳамгиро ва алоқаи байнифаннию дарсҳои омехта тавофут гузошта тавонад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар синфҳои ибтидоии мактабҳои кишварамон таълими ҳамгиро ба роҳ монда шудааст. Таълими ҳамгиро дар мактабҳои ибтидоӣ мақсаду вазифа, талабот ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар ҷараёни таълими ҳамгиро на танҳо сохти дарсҳо, балки лаҳзаҳои дарс низ ба дигаргунӣ дучор меоянд…
Дар раванди таълими ҳамгиро инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон ба воситаи мусоҳибаву муҳокима, саволу ҷавоб, хониш, иншо, иҷрои корҳои хаттӣ, корҳои амалӣ дар робита бо забони модарӣ ва адабиёт ба роҳ монда мешавад. Мақсад аз қироату таҳлили асарҳои бадеӣ ва кори луғатомӯзӣ инкишофи нутқи шифоҳӣ ва тафаккури хонанда, ташаккул ва такомули ҳусни баён, дарки мазмуни матн мебошад. Масалан, агар омӯзгор ҳангоми омӯзиши матни «Донистани ҳаққи модару падар» аз «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус маънои луғавии калимаҳои «ҷоҳил», «ҷаҳд», «хирад», «тааҳҳуд», «дарвеш», «муқассир», «тамаъ»-ро ба хонандагон тавзеҳ диҳад, амали судмандест, зеро ин калимаҳо барои захираи луғавии шогирдон заруранд. Маҳорати истифодаи луғатҳои азёдшуда ҳангоми суҳбатҳо ҷиҳати хеле муҳими инкишофи забони хонандагон ба шумор меравад.
Дар давоми соли таҳсил хонандагон дараҷаҳои инкишофи забонро зина ба зина аз худ мекунанд ва бо мурури замон забони гуфтугӯи онҳо мукаммал, ғанӣ ва шеваи баёнашон ифоданоктар мегардад.
Таълими усули ҳамгиро имкон медиҳад, ки хонандагон мустақилона ва бошавқ дониш омӯзанд, дараҷаи тафаккурашонро баланд бардоранд ва дар дили онҳо азме пайдо гардад, ки донишҳои омӯхтаашонро дар зиндагии имрӯза ва оянда ба нафъи ҷомеа истифода баранд.
Сабоҳат Раҳимова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр