Нашрияи Омӯзгор

Таълим бояд ҷолиб бошад

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Дар дарси забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ таълими ҳиссаҳои нутқ ҷойгоҳи муҳим дорад.  Хонанда маҳз бо амиқ донистани қоидаҳои сарфу наҳв (морфологияву синтаксис) ба моҳият ва тарзи дурусти ифодаи фикр сарфаҳм меравад. Ҳангоми гузаштани мавзӯи  «Сифат» ман ба мисолҳои мушаххас хусусияти грамматикии калимаҳоеро,  ки аломати ашёро ифода мекунанд,  ба шогирдон тавзеҳ мебахшам.

Аломати калима (ашё)-ро аз якчанд ҷиҳат метавон арзёбӣ кард.  Аз ҷумла, аз ҷиҳати ранг,  тамъу мазза, ҳаҷм, фосила (масофа) ва хусусияту характери инсонҳо (ё умуман,  мавҷудоти зинда).  Ҳар ашё ранги ба худ хосро дорост.  Таври мисол: гули сурх,  ҷомаи сабз,  пуштаҳои зард,   қалами сиёҳ,  осмони кабуд,  чодари зангорӣ ва ғ.  Ашё маззаи хоси худро дорад: себи турш, анори бомазза, тарбузи ширин, бодоми талх…  Ҳаҷмро низ ифода мекунанд: хонаи калон, кӯҳи баланд, лонаи хурд, кӯчаи танг…

Бояд қайд кард, ки сифатҳо муайянкунандаи асосии хислату атвори одамон ба шумор мераванд. Аз ҷумла: чеҳраи гарм, чашмони сиёҳ,  қомати баланд,  абрувони ғафс, дандонҳои сафед, шахси хашмгин.

Вобаста ба зиёдию камии аломати ашё сифатҳо дараҷа мегиранд; одӣ, қиёсӣ, олӣ.  Сифатҳои одӣ дараҷаи муқаррарии аломати ашё, қиёсӣ дар муқоиса бо дараҷаи одӣ ва олӣ зиёдии аломатро дар бар мегиранд.

Мисол: қуллаи баланд, қуллаи баландтар, қуллаи баландтарин, зебо - зеботар, зеботарин ва ғайра.

Ба ин тариқ, мавзӯи навро бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим дар сатҳи баланд гузаронида,  ба хонандагон навиштани ҳикояча ва аз он дарёфтани сифатҳоро супориш медиҳам.

 

Ҷонона ИНОЯТОВА, 

омӯзгори гимназияи №53, 

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш