Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон зеботарин кишвари дунёст

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид ва соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд.

Дар ҷумҳурии мо Консепсияи рушди туризм барои солҳои 2009-2019 қабул гардидааст, ки дар он роҳҳои фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятнок ва тақвият бахшидани соҳаи мазкур нишон дода шудааст. Мувофиқи ин консепсия то соли 2020 аз Тоҷикистон дидан намудани беш аз 1 млн. сайёҳ пешбинӣ гардидааст.

Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои зебои табиат, кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳо, обҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту наботот, мамнӯъгоҳҳо ва шикоргоҳҳо, шароити хуби кӯҳнавардӣ, мавзеъҳои табиии сайру сайёҳатиаш ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар рӯйи олам яке аз кишварҳои беҳтарин ба шумор меравад.

Шоистаи таъкид аст, ки сайёҳӣ аз соҳаҳои сердаромад дар тамоми дунё шинохта мешавад. Кишварҳои дунё манфиати соҳаи сайёҳиро хуб дарк намудаанд ва ба ин соҳаи даромаднок аҳамияти махсус зоҳир менамоянд. Даромади соҳаи сайёҳӣ, тибқи баъзе манбаъҳои иттилоотӣ, соли 2000 - ум 461 миллиард долларро ташкил дода, тахмин меравад, ки то соли 2020 ба 2 триллион доллар мерасад. Муҳиммият ва даромаднокии соҳаро баробар ба фоида гирифтан аз фурӯши нефт арзёбӣ мекунанд.

Рушди сайёҳӣ дар кишвари мо асосан баъди ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Алъон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ шудааст. Шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

Чанд нуктаи муҳим аст, ки метавонад дар рушди сайёҳӣ заминаи  воқеӣ гузорад. Имрӯз мо бояд таваҷҷуҳ ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи сайёҳиро бештар намоем. Гарчанде ки имрӯз дар чанд муассисаи таҳсилоти олӣ дар ин самт кадрҳо омода намоянд ҳам, вале ин бахши фаъолият қонеъкунанда намебошад.  Агар як муассисаи алоҳида оид ба тайёр намудани мутахассисони бахшҳои гуногуни  соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад, ба манфиат ва пешрафти ин соҳа мусоидат хоҳад кард. Робитаи мустақими ихтисосҳо ва факултаҳои соҳаҳои сайёҳӣ байни муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, таҳияву таълифи асар ва дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ ва равобит бо дигар  муассисаҳои олии кишвар таҳким бахшида шавад, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ташкили экскурсияҳои таъ-лимӣ барои хонандагону наврасон ва донишҷӯён самти саёҳии дохилиро рушд медиҳад, ҳамзамон ба ин васила аз ҷойҳои таърихӣ, табиати зебои диёр, манзараҳои дилнишин ва зебо наврасону ҷавонон дидан менамоянд, ки ин ба такомулу ташаккул ва тақвияти ҷаҳонбиниву ватандӯстии онҳо мусоидат менамояд.

Аксари муассисаҳои хизматрасониҳои сайёҳӣ ба талабот ва шароити кишварҳои ҷаҳон ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нес-танд. Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ таҷдиду навсозии инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастгирии бахшҳои сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя зарур мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда дар Паём таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд.

Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз андоз озод карда шаванд.

Воқеан, эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт.

 

Оростамо ИСКАНДАРОВА,

омӯзгори мактаби

№15-и шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш