Дар таърихи адабиёти рус Николай Василевич Гогол ҳамчун нависандаи барҷаста, муаллифи асарҳои пурмуҳтаво, ки ҳақиқати ҳаёти мардумро бо ҳама мураккабиҳояш, бо зарофату танзи ба худ хос ва тавъам бо унсурҳои тахайюлию фантастикӣ воқеъбинона инъикос намудааст, шинохта шудааст.
Гогол дар хонадоне чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, ки аҳли адабу фарҳанг буданд. Падари Гогол ба таълифи пиесаҳо машғул шуда, зуд – зуд дар хонадонаш аз рӯйи навиштаҳои худ намоишномаҳоро ба наз-диконаш пешниҳод менамуд. Ҳамзамон, қиблагоҳи Гогол китобхонаи муҳташаме дошт ва аксар вақт асарҳои бадеии ҳамзамононашро бо овози баланд қироат мекард. Мусаллам аст, ки як чунин муҳит ба зеҳну тафаккури Гоголи наврас бетаъсир намонда буд. Ҳамин буд, ки аз давраи донишҷӯӣ дар гимназия вай ба таҳриру иншои мақолаҳо дар маҷаллаи «Северная заря» машғул гардида, соли 1827 достони «Ганс Кюхелгартен» - ро таълиф мекунад. Бо гузашти солҳо Гогол бо Пушкин – шаҳсутуни адабиёти рус шиносоӣ пайдо мекунад, ки ин ошноӣ дар тақдири минбаъдаи нависандаи ҷавон такони бузурге мебахшад. Баъдтар, пас аз эҷоди қиссаи «Шабнишиниҳо дар назди хутори Диканки» мулоқоти Гогол бо мунаққиди машҳур В.Белинский баргузор мегардад. Белинский ба асари мазкур баҳои баланд дода, қайд мекунад, ки муваффақияти чашмгири Гогол бо таълифи ин асар дар он аст, ки ҷанбаъҳои халқиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш таҷассум сохта, образи қаҳрамононеро меофарад, ки одию хоксор буда, аз байни табақаи камбағал баромадаанд.
Рӯҳи барозандаи мардумӣ дар қиссаи «Шабнишиниҳо дар назди хутори Диканки», махсусан, дар образи Панка баръало ба мушоҳида мерасад. Гогол нависандаи реалист маҳсуб меёфт. Инро ду қиссаи баъдинаи ӯ «Миргород» ва «Арабески» исбот мекунанд. Дар китоби «Миргород» асари барҷастаи Гогол – «Тарас Булба» ҷой дода шуда буд. Ин асар дар тарбияи ҳисси худшиносию ватандӯстии миллати рус нақши босазо дорад. Қиссаҳои «Вий», «Помешикони қадима» ва «Чӣ тавр Иван Иванович бо Иван Никифорич ҷанҷол карданд» ва драмаи «Муфаттиш»-у достони «Ҷонҳои мурда » на танҳо дар таърихи адабиёти рус, балки дар хазинаи адабиёти ҷаҳон нодиру нотакрор мебошанд. Таъсири Н.Гогол ба адабиёти рус ва нависандагони баъдӣ, амсоли Салтиков – Шедрин, Г.Успенский, А.Чехов, М.Горкий хеле бузург буда, адиби маъруфи қирғиз Чингиз Айматов ӯро яке аз устодони маънавии худ дар ҷодаи адабиёт шуморидааст. Мунаққиди донишманд В.Белинский ба эҷодиёти Гогол таваҷҷуҳи хоса дошт. Аз ин рӯ, вай соли 1835 мақолае бо номи «Дар бораи повестҳои русӣ ва повестҳои ҷаноби Гогол» ба таври мушаххас ҳақиқати бадеии асарҳои нависандаро муайян ва амиқрафти реализмро дар қиссаҳои ӯ дақиқ намуд. Як силсила қиссаҳои зарофатомезу танқидии Гогол, аз қабили «Хиёбони Нева», «Бинӣ», «Коляска» ва «Шинел» ҳамчунон маҳбубияти хосаеро дар байни хонандагон пайдо намуданд. Умуман, Н.Гогол бо асарҳои безаволи худ дар адабиёти рус ва ҷаҳон ҳиссаи мондагори худро гузоштааст ва баҳри инкишофу рушди минбаъдаи адабиёт хидмати бузурге анҷом додааст.
Зевар Ғолибшоева,
омӯзгори забони русии
мактаби №54-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр