Нашрияи Омӯзгор

Як омӯзгору ҳазорон шогирд

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Қурбонбой Ҳотамов дар 16-солагӣ ба омӯзгорӣ шурӯъ кард. Тамоми умр дар як мактаб кор карду камол ёфт ва то ба вазифаи сарвари мактаб расид.

Сабақҳои аввалинро  дар мактаби деҳааш - Зарбед аз Фотима Каримова гирифт. Соли 1935 баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дар мактаби деҳааш  ва ҳамчунин, дар курсҳои маҳви бесаводӣ дарс медод. Соли 1939 ба Артиши Шӯравӣ даъват шуда, дар ҷанги зидди Финляндия ширкат мекунад.  Дар остонаи Маскав бар зидди қӯшунҳои фашистӣ ҷангида, соли 1942 баъди захм бардоштан дар муҳорибаҳо ба ақибгоҳ бармегардад. Аз ҳамин сол то ба нафақа баромадан ба ҳайси мудири қисми илмӣ ва директори мактаб  дар мактаби ба номи Челюскин, ки ҳоло номи шоир Бурҳон Фаррухро дорад, фаъолият карда, роҳи садҳо шогирдонро ба ҷодаи илму маърифат равшан менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров)-ро ғоибона хатм мекунад.  Аълочии маорифи Тоҷикистон Қурбонбой Ҳотамов то нафасҳои вопасин узви Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Конибодом буд ва хизматҳои шоистааш бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо қадр шудааст. Ба муносибати садумин солгарди умри ин омӯзгори зиндаёд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 маҳфили ёдбуд баргузор гардид ва шогирдону ҳамкорон аз фаъолияти пурмаҳсули ӯ дар ҷодаи таълиму тарбия ба некӣ ёд карданд. Деҳқони Каримзод, собиқадори маориф: - Устод 15 сол боз дар бари мо нест, вале ҳамоно чеҳрааш пеши назарам намоён аст. Дарвоқеъ, ӯ омӯзгори асил буд. Маро на танҳо шарафи шогирдӣ, балки шарафи ҳамкорӣ бо устод  насиб шудааст. Саҳифаҳои таърихро чунон нақл мекард, ки дар зеҳнамон чун нақш бар санг буд. Дар бораи Қурбонбой Ҳотамов ҳамкорону шогирдон чунин ибрози назар карданд.

Абдурауф АҲАДОВ,

нафақахӯр:

- Шавқи маро ба омӯзиши фанни таърих Қурбонбой Ҳотамов бедор кард. Соли 1970 мактабро хатм кардаму барои ҳуҷҷатсупорӣ ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе рафтам. Ҳамроҳи амакам Абдуғаффор Ҷӯраев дар долони донишкада Иброҳим Обидовро вохӯрдем. Аз нияти ман огоҳ шуду дар кадом мактаб таҳсил кардану номи омӯзгори таърихро пурсид. Номи муаллим Ҳотамовро шуниду бо табассум гуфт: - Агар таълими Қурбон-урусро гирифта бошӣ, ҳатман таърихдон мешавӣ.

Баъд донистам, ки муаллими моро бинобар аъло донистани забони русӣ ҳамсолон ҳамин тавр ном мегирифтаанд. Имтиҳонҳоро бе ягон душворӣ супурда, донишҷӯ шудам. Баъди хатм ба мактаб баргашта, ҳамроҳи муаллим кор кардам.

Фотима Бобоолимова,

омӯзгор:

- Баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба мактаб баргаштам ва ба дастгирии омӯзгорони соҳибтаҷриба ниёз доштам. Ҳамон лаҳзаҳо устод ба ман дасти ёрӣ дароз мекард. Таҷрибаи он касро бисёр омӯхтаму бо машвараташон донишкадаи омӯзгориро низ ғоибона хатм намудам. Таъкид мекарданд, ки муаллим бояд ҳамеша омӯзад  ва дониши қавӣ дошта бошаду дар амал онро татбиқ кунад.

Ғуломбой Икромов,

нафақахӯр:

- Баъди хатми донишгоҳ ба мактаби деҳа баргаштам. Қурбонбой Ҳотамов мудири қисми илмии мактаб буданд. Вақти таҳлили дарсҳо мегуфтанд, ки вазифаи шумо ба хонанда баҳои паст гузоштан нест, балки ӯро ба омӯзиш дилгарм бояд кард. Шарт нест, ки ҳама олим шавад, бигзор инсонҳои шоиста шаванд. «Ана бинед, Дадохон механизатори машҳур шуд, Зоҳирҷон бинокори шоиста шуд», - мисол меовард муаллим.

Қурбонбой Ҳотамов дар зиндагӣ низ шахси муваффақ буданд. Бо ҳамсарашон Қур-бонбибӣ Файёзова зиндагии шоиста ва ибратомӯз доштанд. Фарзандонро дар  рӯҳияи ватандӯстию меҳнатдӯстӣ тарбия карданд, ки имрӯз ҳар яки онҳо дар ҷомеа мақоми худро доранд.

Мавҷуда Тӯрахонова,

омӯзгор:

- Устод Қурбонбой Ҳотамов дар баробари сахтгир будан  инсони хоксору меҳрубон буданд. Қариб 50 сол боз дар ҳамин мактаб дарс мегӯям ва қариб ду даҳсола таҳти роҳбарии Ҳотамов кор кардам. Муаллим равоншиноси хуб буданд. Боре дарси кушод доштам, дар даст акси Абулқосим Фирдавсӣ аз дари мактаб медаромадам, ки бо муаллим рӯ ба рӯ шудам.  Аз саломатиам пурсон шуданду гуфтанд, ки имрӯз дарси кушод намегузарӣ, аз рангат донистам, ки нотоб ҳастӣ. “Сиҳат, ки шудӣ, дарсро мегузарӣ”, - гӯён аз дастам аёниятро гирифтанд. Пуштибони омӯзгорони ҷавон буданд. Аксарияти омӯзгорон  аз мактаби  устод Қурбонбой Ҳотамов гузаштаанд. Воқеан ҳам, фидоии соҳа буданд устод.

Таҳияи Н. Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш