Устод шахсест, ки ҳамаи хушиҳо, ободии маҳфилҳо, камолоти шогирдон маҳз ба ӯ вобаста аст. Яке аз чунин устодон густаришгари илму маърифат, раҳнаварди муваффақи ҷодаи илм, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Олимҷон Қосимов мебошад.
Ӯ соли 1959 дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, имрӯз забоншиноси варзидаи тоҷик, доктори илми филология мебошад. Аз соли 1982 инҷониб ба омӯзиши масъалаҳои калимасозӣ ва вожашиносии забони тоҷикӣ, маданияти гуфтор, фарҳанги номгузорӣ ва дигар паҳлуҳои забони адабии тоҷик машғул аст.
О.Қосимов муаллиф ва мураттиби зиёда аз 300 рисолаву мақолаи гуногуни илмию оммавӣ мебошад. Фаъолияти илмии мавсуф масоили муҳим ва мубрами забони тоҷикӣ, вижагиҳои луғавии “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, таърихи вожаҳо ва номвожаҳои тоҷикӣ, таҳқиқи меъёрҳои вожагузинӣ ва истилоҳсозии забони тоҷикиро дар бар мегирад.
Нигоштаҳои ӯ, хусусан, роҷеъ ба омӯзиши хусусиятҳои сохториву маъноии “Шоҳнома”–и Фирдавсӣ ҷолиб мебошанд. Асарҳои илмиаш «Деривация в «Шахнаме» Фирдоуси» (с. 2006), “Картина животного мира в «Шахнаме» Фирдоуси”, “Лексика растений в “Шахнаме” Абулкасима Фирдавси”, “Лексика и словообразование в “Шахнаме” Абулкасима Фирдоуси” ба баҳои баланди аҳли илму адаб сазовор гардидаанд. О.Қосимов муаллифи китоби дарсии “Забони давлатӣ” барои синфҳои 5-уми мактабҳои Тоҷикистон, китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои гурӯҳҳои тоҷикии макотиби олӣ (барои донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон), муҳаррири ҷилди дуюми “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (ҳарфи Б), яке аз мураттибон ва муҳаррирони “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (с.2008-2010, дар 2 ҷилд), “Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ” (ҷ.1, с. 2018) мебошад. Муҳаррири чандин асари илмӣ, аз ҷумла, муҳаррири илмии нашри тоҷикии китоби дарсии «Таърихи фалсафа» (муаллифон-олимони норвегӣ Г. Скирбекк и Н. Гилье, М., 2000 с., 887 с.) низ мебошад.
О.Қосимов дар тарбияи кормандони илмӣ низ саҳми арзанда гузоштааст, чандин шогирдаш дар соҳаи забоншиносӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Ӯ дар давоми панҷ сол (с.2007-2012) масъулияти котиби илмии Шӯрои ҳимояи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиро ба уҳда дошт.
Ин олими номвар бо шӯроҳои илмии муассисаҳои гуногун ҳамкорӣ дорад, чандин экспертизаи забоншиносӣ ва коршиносии лоиҳаҳоро анҷом додааст, узви сексияҳои забониносии ИЗА ба номи Рӯдакӣ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДМТ, узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории ИЗА ба номи Рӯдакӣ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Суханшиносӣ”, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Маҷмӯаи таҳқиқи Осиёи Марказии Донишгоҳи Кангнам”-и Кореяи Ҷанубӣ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, узви Созмони ҷанговарони интернатсионалист мебошад.
Дар чандин конфронси байналмилалӣ, (дар Ереван, Самарқанд, Улан-Батор, Ашқобод, Теҳрон, Караҷ, Машҳад, Табрез, Урумчӣ, Қизил-Ӯрда, Қазон, Деҳлӣ...) бо гузоришҳои ҷолиби илмӣ иштирок намудааст, ки маводи онҳо ба шакли маҷмӯа ба нашр расидаанд.
Соли 1997 аз рӯи барномаи мубодилаи мутахассисони Авруосиё дар Донишгоҳи Небраскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳи гурӯҳи устодон машғули коромӯзӣ будааст.
Дар тӯли понздаҳ соли охир дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои гуногуни ватаниву байналхалқӣ дар рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон саҳм гирифтааст. Дар амалӣ сохтани бисёр барномаҳои омӯзишӣ, аз ҷумла, “Усулҳои фаъоли таълим” ва “Усулҳои таълими калонсолон” дар ҳамкорӣ бо созмонҳои номбаршуда ҳиссаи шоиста гузоштааст. Доираи фаъолияти омӯзгории О.Қосимов низ васеъ буда, дар давраҳои гуногун дар вазифаҳои мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, сардори департаменти улуми башарӣ, декани факулта (Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат), мудири кафедраи улуми иҷтимоӣ, проректор оид ба корҳои илмӣ (Донишгоҳи озоди Тоҷикистон) кор кардааст. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барои магистрҳо ва аспирантҳо аз бахшҳои забоншиносӣ дарс мегӯяд.
О.Қосимов бо ифтихорномаҳои мақомоти гуногун, бо медали “Панҷсолагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ”, медали “Ветерани амалиёти низомӣ”-и Кумитаи ҷанговарони интернатсионалисти ИДМ, медали ҷашнии ЭКО “Ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” ва ғайра мукофотонида шудааст.
Бояд таъкид кард, ки асарҳои таҳқиқотии ин олими тозакор дар рушду таблиғи забони давлатӣ ва эҳёи арзишҳои волои он нақши муҳим доранд.
Он мақолаҳои ӯ, ки ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, кореягӣ ва забонҳои туркӣ тарҷумаву нашр шудаанд, муаррифи асолату ғановати забони тоҷикӣ, хусусан, забони “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ дар арсаи ҷаҳон мебошанд.
Моҳи июли соли сипаришуда бо ташаббуси устод О.Қосимов дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Роҳи абрешим ва робитаҳои байнифарҳангии Авруосиё” дар сатҳи олӣ гузашт, ки дар он меҳмонон аз Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо иштирок доштанд. Меҳнатдӯстӣ, ғановати маънавӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати нек бо ҳамкорон заминаи обрӯю эҳтироми ӯ дар байни ҳамагон гаштааст. Дар тарбияи оила ва фарзандон низ муваффақ аст: ҳамаи 4 фарзандаш таҳсилкардаи макотиби олӣ ва пайрави падаранд. Устоди арҷманд Олимҷон Қосимовро ба ифтихори шастсолагиаш самимона табрику таҳният мегӯем ва таманнои онро дорем, ки боз солиёни зиёд сиҳатманд ва дар хидмати илму маорифи кишвари азизи хеш бошад.
Т. ВАҲҲОБОВ,
д.и.ф., профессор,
М.КАЛОНОВА,
н.и.ф., омӯзгори кафедраи
забони тоҷикии ДДТТ ба номи
Абӯалӣ ибни Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр