Нашрияи Омӯзгор

Дил аз паси ту, ман аз паси дил!

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

1. Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд

Ман дар шаҳри Кӯлоб, дар ҳуҷраи  кори  устод Ҳақназар Ғоиб, ин шоири тавонову  маъруфу маҳбуби  миллат, нишастаам. Устод дар рӯ ба рӯям қарор доранд ва табассум бар лаб хеле  самимона ба ман  менигаранд. Ва ба такрор  ба забон меоранд:

- Ҳай, кори аҷиб кардӣ, Муродии ҷон! Хуш омадӣ, дидор ғанимат. Як нафасатро рост кун, он тарафашро баъд мебинем. Аз роҳи  дур омадӣ, охир.

Ба устод арзи  матлаб мекунам:

- Омадам, ки аз номи аҳли  қалами  ҳафтаномаи «Омӯзгор» шуморо  ба ифтихори  75-умин солгарди  умратон табрик гӯям. Мо, ҳама, таманнои  онро дорем, ки шумо боз  солиёни  зиёд тансиҳату  ғайратманд бошеду ба адабиёти  тоҷик хидмат  бикунед.

- Ташаккур ба ҳамаи азизонам. Ин  табрикот бароям бештар гуворост, зеро ман ҳам замоне «аҳли  қалами «Омӯзгор» будам. Он вақт нашрия «Маориф ва маданият» ном дошт.

- Устод, дар арафаи  солгарди умр ҳар шахс хоҳ-нохоҳ аз лаҳзаҳои  умри  гузашта, аз воқеоти муассиру  ҷолиби  зиндагии хеш фикр  мекунад. Ҳамбаста ба ин, ҳамкоронам аз ман  хоҳиш карданд, ки аз устод ба мо «як  пора хотира» ҳадяи сафар биовар.

- Дуруст, ҳамин шабу рӯз бештар хотираҳоямро  тагурӯ мекунам, ба сафари  гузаштаҳо меравам, гӯё савори  мошини  вақтам. Хотираҳо зиёданд: ширину гуворою нишотбахш ва ҳам ғампечидаву ҳасратбор. Ба ҳар ҳол, ифтихорманд аз онам, ки зиндагиям бештар бо ҳаводиси сурурбахш иртиботманд аст.

- Ман чанд суол  барои  суҳбат бо шумо дорам, аммо  мехоҳам нахуст шумо аз ҳар  хусусе, ки  дилатон  мехоҳад, сухан бигӯед барои  хонандагони «Омӯзгор».

- Як одати  аҷибе дорам, ки намедонам аз куҷо ба ман часпида: ҳамин ки  рӯзноманигореро  дар рӯ ба рӯи  худ мебинам, пеш аз он ки ӯ бароям суоле бидиҳад,  дарзамон дар дилам хоҳише пайдо мешавад, ки  барояш  аз овони  кӯдакию наврасиам ҳикоят бикунам. Ин давраи  зиндагии ҳар фард барояш, албатта, хеле азизу гуворост. Шояд аз ҳамин  сабаб бошад?

- Пас, чӣ ҷои таъхиру таҳаммул, устод. Гӯшам ба шумо.

- Буд, набуд, замони кӯдакӣ буд. Ва дар деҳаи Офтоблиқои  шаҳри Кӯлоб кӯдаки шӯху чобуку чаққони ҳавасзадае буд.  Ин кӯдак Ҳақназар ном дошт… (механдад устод ва нақлашро ба гунаи  дигар идома  мебахшад. А.М.). Ҳамеша аз овони кӯдакию  наврасиам бо ҳасрат  ёд меоварам. Ба гуфти дӯсти зиндаёдам,  устод Лоиқ «Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд, Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд, Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт». Ман ифтихормандам, ки дар деҳаи хеле зебою  дилрабои  Офтоблиқо ба дунё омадаву дар оғӯши он ба камол  расидаву то ба имрӯз аз канораш дур нарафтаам. Аҳли ин деҳа тоҷикони  асиланд, хоксору самимӣ, меҳмондӯсту чеҳракушодаанд, ҳамдигарро эҳтиром мекунанд, ба дастгирии  якдигар ҳамеша омодаанд, махсусан, ба адабиёту ҳунар арҷ мегузоранд. Падарам раиси  колхоз буданд, модарам – як  зани одии  деҳотӣ. Зиндагии осудаю хоксоронае доштем. Волидонам танҳо аз он шикастадилу ғамзада буданд, ки  фарзандонашон пас аз таваллуд дер намепоиданд. Як апаву  шаш хоҳарам ҳамагӣ ба 3-4-моҳагӣ  расида фавтидаанд. Ман фарзанди ягонаи  хонадон  мондам. Падару модарам хеле эҳтиётам мекарданд ва барои ҳар як тори мӯям ҳамеша дилашон  дар ларза будааст. Маро дар иртибот ба ириму  боварҳо аз сӯрохи деворҳо гузарондаву ба қабристон бурда овардаанд, бо назру  ният  дар сарам кокул мондаанд, аз суфу куфи  муллоён  низ бенасиб намондаам. Алқисса, аз чашми марг дур ва зинда мондам. Вале бачае будам басо шӯху серҳаракату ноором. Ҷӯраҳои бисёре доштам, ки рӯзи  дароз бо онҳо хокбозию  даводав мекардам ва чун бегоҳ мешуд, аз тарси эҳсоси танҳоӣ яке аз дӯстонамро хоҳиш мекардам, ки бо ман бимонад, дар хонаи  мо бихобад.

Бисёр бемор мешудам ва волидонамро сахт ба ташвиш меовардам. Махсусан, модарам аз бемориам меҳаросид, ба назарам, беш аз ман дард мекашид.

Борҳо зери  лаб пичиррос заданашро шунидаам: «Илоҳо, зудтар шифо ёбӣ, намурӣ, бачам! Охир, ту фарзанди  ягонаи манӣ, бе ту зиндагиам маънӣ  нахоҳад дошт». То ҳол ин нидои пурҳаросу  илтиҷоомези  модарам дар гӯшам садо медиҳад…

Ҳангоми беморӣ табам баланд мешуд, то ҳадде ки гоҳе бехуд мешудам, хобҳои аҷиб медидам:  ба осмонҳо парвоз мекардам, бо абрҳо ҳамболу пар мешудам, худро дар боғҳои  афсонавӣ, дар қуллаҳои  баланд дармеёфтам, гоҳи дигар байни марғузоре медавидаму медавидам. Пайваста мубталои  беморӣ  шудани  маро ҳама медонистанд ва баъзеҳо мегуфтанд, ки даргумон аст, ки ин касалӣ  одам шавад. Вале ман оқибат аз қабзаи бетараҳҳуми  бемориҳо ворастам ва тадриҷан «одам» шудам. Бачаи «касалӣ» ба шӯху бебоку чолоктарин бачаи  деҳа табдил ёфт. Оҳиста-оҳиста ба шеъру суруд дил бастам, ҳофизӣ мекардам. Як «минбар»-и баланду дилписандам болои дарахти  олуи  саҳни ҳавлиамон буд. Гумон мекардам, ки аз ин ҷо садоямро  тамоми олам мешунавад. Овозамро  пурра сар дода суруд мехондам. Баъзеҳо аз сурудхонии бардавоми ман безор шуда, зери дарахти олу омада, хоҳиш мекарданд: -  Ҳақназар, поён фаро, ба ту як каф қандалот медиҳам, фақат ҳамин ҳаёҳуятро  бас кунӣ, кифоя!

Ман орзу мекардам, ки овозамро  устод Турсунзода бишнаванду ба суроғам оянд. «Сурудро зӯр мехондааст, ҳаводори шеър будааст»,- гӯянду маро  бо худ ба Душанбе баранд, одами  машҳур кунанд.

Дар зарурат танҳо муаллим  Абдулмаҳмадро даст медод, ки маро аз тори  олу поён  фарорад. Ман ин муаллимамонро дӯст медоштам ва ҳаргиз гапашро «ду» намекардам. Шояд ин аз он буд, ки ӯ илова ба омӯзгори  синфҳои  ибтидоӣ буданаш ба санъат гаравиш дошт ва дар базму сури деҳа дойразанӣ мекард. Умуман, дар муҳити  кӯдакии ман дилбастагони  боистеъдоди  санъат зиёд буданд. Ҳатто директори мактабамон  Мирзо Назар  ҳунарпеша буд: най  менавохт. Падарам низ най, сурнай ва думбураро бо маҳорати баланд менавохт ва аз  навозишаш ман роҳат  мекардам. Навохтани ин ҳама асбоби  мусиқиро ман бештар  аз ҳама аз падарам омӯхтам. Баъдтар  ғижжакнавозиро низ ёд гирифтам. Ғижжакамро худам сохта будам, най ё думбура менавохтам, ҳофизӣ ҳам мекардам. Дар давраи интихоботҳо фаъолияти ман  авҷ мегирифт. Батадриҷ, ба назарам, «халқ ҳунарамро эътироф кард», «шуҳратёр» шудам. Ба гумони содалавҳонаам, аз бисёр ҳофизону навозандагони  маъруфи  замон  бартарӣ  доштам.

Баъзеҳо ба падарам гуфтаанд, ки  писаратро эҳтиёт бикун, ки чашм мерасад. Инро шунида хандаам меомад; мардумро фаҳмида намешавад, дирӯз «ин касалӣ даргумон аст, ки одам шавад» мегуфтанд, имрӯз «чашм мерасад» мегӯянд…

Чордаҳсола будам, ки  пас аз хатми  синфи ҳафтум донишҷӯи  омӯзишгоҳи  омӯзгории Кӯлоб шудам. Ин ҷо аз ҳунарҳои  ман зуд пай бурданд ва ман  узви дастаи  санъаткорони  омӯзишгоҳ шудам ҳамчун  найнавоз. Дар ҳайати  ин даста  гоҳо ба тӯю маъракаҳои  деҳоти  атроф рафта, «хизмат» мекардам.

Лекин бо чӣ ангезае рафта-рафта худро аз санъаткорӣ дур кашидам ва дилбандиам ба адабиёти бадеӣ, ба вижа, ба шеър қавитар  гардид. Пайваста китоби шеър мехондам, шеър азёд мекардам. Гоҳ пинҳонию гоҳ ошкоро шеър ҳам  менавиштам. Донишҷӯи соли чоруми  омӯзишгоҳ будам, ки нахустин шеърам  дар рӯзномаи  «Ҳақиқати  Кӯлоб» чоп  шуд. Дар бораи механизатордухтар – ронандаи комбайни пахтачинӣ буд он шеър. Он айём дар паси рули  комбайни пахтачинӣ дидани  тоҷикдухтар як ҳодисаи  ғайриодӣ буд, одамон барои тамошои комбайнронии  духтар ба саҳро мерафтанд. Шеъри ман (ҳоло дар ёдам нест) ҳамагӣ аз чор мисраъ иборат буд, вале аз шодии чопаш қадам гӯё чор метр «боло» шуд. Нахусткомёбиям  хеле илҳомбахшам  шуд ва дигар ба шеър сахт «часпидам». Омӯзишгоҳро хатм  кардаму меҳри шеър маро  ба факултаи забону адабиёти  тоҷики  Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб овард. Ҳангоми донишҷӯи соли аввал буданам боз як шеърам бо суратам дар «Ҳақиқати Кӯлоб»  чоп шуд. Баъдтар «Дил аз паси  ту, ман аз паси дил» ном  шеърам дар рӯзномаи  маъруфи  ҷумҳурӣ  - «Маориф ва маданият» ба нашр расид. Ба корманди рӯзнома, шоири номвар  Мастон Шералӣ писанд омадааст он шеър. Ӯ, ҳатто, ба ман мактуб навишта буд, ки тақрибан чунин маъно дошт: навис, омӯз, заҳмат бикаш, шоири хуб мешавӣ.

Як ҳодиса дар овони  донишҷӯиям сахт  дар хотирам нақш бастааст. Гурӯҳе аз навқаламони донишгоҳ, ки дар байнашон ман набудам, ба Иттифоқи  нависандагони ҷумҳурӣ нома навишта, шикоят кардаанд, ки мо шоиршавему роҳбар надорем, касе бароямон ғамхорӣ намекунад. Иттифоқи нависандагон баҳри шунидани  арзи «шоиршавҳо» ва суҳбат бо онҳо ба Кӯлоб шоири маъруф Аминҷон Шукӯҳиро  фиристод. Омад-омади  ин шоири  машҳурро  шунида, ректори  донишгоҳамон Тоҳир Умаров маро ба наздаш  даъват карду гуфт, ки аз Душанбе як шоир меояд барои  вохӯрӣ  бо эҷодкорони ҷавон. Медонам, ки ту шеър менависӣ, дафтари шеърҳоятро ба ман оварда бидеҳ.

Ман дарзамон супориши ректорро  иҷро  кардам.

Ба ифтихори ташрифи  шоири  маҳбуб Аминҷон Шукӯҳӣ, ки он  вақт котиби  раёсати  Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ буд, дар Қасри  фарҳанги  шаҳри Кӯлоб базми шеър ороста шуд. Чун мардуми  мо табиатан  шеърпарастанд, дар ин  базм одамони  зиёде  гирд омаданд, толори қаср пуропур буд. Устод Аминҷон Шукӯҳӣ дар бораи  шеъру шоирӣ, гаравиши ҷавонон ба адабиёт ва зебоиҳои  мулки Кӯлоб басо самимӣ, бавазн, ҷаззоб ва бо меҳру  муҳаббат  сухан  гуфтанд дар оғози базм. Шеър ҳам хонданд, лутф ҳам карданд. Ва сазовори кафкӯбиҳои  бардавоми аҳли толор шуданд.

Пасон навбати  шеърхонии «довталабон» (муаллифони номаи шикоятӣ) ва чанд навқалами дигар расид. Ман ҳам шеър хондам, чанд шеър аз Аминҷон Шукӯҳӣ ва ҳамон шеъри  «Дил аз паси ту, ман аз паси дил!»-ро. Дар чунин ҳамоиши бошукӯҳ бори аввал шеър мехондам.

Устод Аминҷон Шукӯҳӣ ҳамаро бо диққат  ва таваҷҷуҳи махсус шуниданду дар дафтарчаашон  қайдҳо карданд. Дар ҷамъбасти базми шеър шоири маъруф боз чанд сухани  дигар дар тавсифи шеъру шоирӣ гуфта, шеъргунаҳои  аз забони  «шоиршавандаҳо» шунидаашонро ба риштаи таҳлил кашиданд.

Алқисса, маълум шуд, ки  ба устод танҳо шеъри  ман мақбул афтодааст. Эшон ба ҳамаи навқаламон комёбӣ орзу карда, дафтари  шеъри  маро бо худ бурданд. Ҳангоми хайрухуш дасти  маро самимона фишурда (чӣ қадар пурифтихор буд ин  бароям!) гуфтанд, ки ҳар гоҳ ба Душанбе оӣ, ба Иттифоқи нависандагон, ба назди ман даро.

Як моҳ пас ба пойтахти ҷумҳурӣ омадам ва ба ҳузури устод Шукӯҳӣ расидам. Устод маро самимона ба оғӯш кашиданд, гӯё ки дӯстони дерин будем. Баъд дастамро  гирифта, ба назди  Муъмин Қаноат бурданд. Дафтари шеъри  маро ба дасти  ин шоири  машҳур дода будаанд. Устод Муъмин Қаноат маро хуш пазируфтанд, таъриф ҳам карданд. Хеле  суҳбат кардем бо устод.  Як ҷаҳон лаззат  бурдам,  сабақ омӯхтам аз ин суҳбат. Ҳар ду якҷо дар  чойхонаи  Иттифоқи нависандагон чой хӯрдем. Тасаввур мекунед, ки бо як шоири  номвар  суҳбат  оростану чой нӯшидани як донишҷӯи соли сеюми донишгоҳи  минтақа чӣ қадар пурифтихор асту афсонагуна!

Ҳамин тавр, ман дар олами  адаби кишвар «ба чашм намоён шудам». Ин буд, ки соли 1964 (дар давраи  донишҷӯиям) маро аз ҳисоби эҷодкорони  ҷавон ба Анҷумани Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон даъват карданд…

Ин ҷо устод Ҳақназар Ғоиб чанде хомӯш монданду пасон бо табассуми малеҳе гуфтанд: - Сарҳади мавзӯи суҳбатамонро убур кардем-ку! Охир, ман ҳоло танҳо аз хотироти даврони кӯдакиям ҳикоят карданӣ будам. Ба давраи  ҷавонӣ гузашта рафтем ноаён.

- Ҳеҷ гап не, устод, суҳбататон хеле ҷаззобу муассиру шуниданӣ  буд. Акнун лутфан ба чанд суоли  ман посух бигӯед.

- Не, ин тавр намешавад. Давоми  суҳбатамон дар ҷои дигар сурат хоҳад гирифт. Ба хонаи мо меравем!

(Давом дорад)

 

Таҳияи

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш