Пас аз ба анҷом расидани хидмати афсарӣ, соли 1992 ба мактаби азизам, ки дар деҳаи Меҳтарӣ ҷойгир буд, баргаштам. Аммо вазъи сиёсии кишвар ноором гардидаву тадриҷан тамоми соҳаҳои идоракунии давлатиро бесарусомонӣ фаро мегирифт.
Ҳамин таъсири нохушоянди фазоҳои сиёсӣ ба фаъолияти омӯзгории банда низ латма ворид кард. Автобусҳои мусофирбари Душанбе - Мағ-мурӯд дигар мисли солҳои қаблӣ ҳаракати муназзам надош-танд. Аксар вақт ман ҳамроҳи ҳамкорам акаи Саид, ки ба шогирдон аз фанни математика дарс мегуфт, тақрибан 7-8 километрро пиёда тай карда, гоҳҳо аз байни деҳаҳои Оқчакману Нилкон роҳро миёнабур карда, хаставу афсурда ба мактаб мерасидем. Ба машғулиятҳо дер мемондем. Суханҳои пасту баланд мешунидем аз мудири мактаб. Чанде пештар омӯзгори ҳамдеҳаам акаи Баракатулло (рӯҳаш шод бод!) ин вазъро шоистаи идома бахшидан ба фаъолияти омӯзгориаш дар деҳаи Меҳтарӣ надониста, дар мактаби зодгоҳаш – Моинкаҷ ба кор оғоз кард. Дақиқан намедонам чанд муддат дар мактаби рақами 98-и деҳаи Меҳтарӣ омӯзгорӣ кардам. Тирамоҳон, ноилоҷу ошуфтаҳол ариза навишта, ба тариқи гузариш ба мактаби зодгоҳам – Моинкаҷ ба фаъолият шурӯъ намудам. Фиғону фарёде аз қалбам бармехест, ҳеҷ наметавонистам ҳамкорон – ёрони деринро ин гуна зуд ба боди фаромӯшӣ бис-порам. Субҳ аз хоб бармехестаму нохудогоҳ тез – тез ноништо ва либосҳои навро ба бар карда, озими роҳи калони мошингард мешудам. Ҳамсарам маъюсона огоҳам мекард, ки роҳат минбаъд аз байни кӯчаҳои деҳаи худамон мегузарад. Фаромӯш накун, ки муаллими мактаби деҳаи Моинкаҷ ҳастӣ! Оҳиста-оҳиста, бо сипарӣ гардидани рӯзҳову ҳафтаҳо ошӯбу исёни қалбам, ки таҳаммулнопазир менамуд, хомӯш гардида, ба шуғли доимии худ дар мактаби зодгоҳам идома додам. Сарвари таълимгоҳ (ҷояш биҳишти адн бошад!) Бобомуродов Сайидмурод, марди миёнаумри батамкин, солору ботаҳаммуле буд. Нарму оҳиста гом мениҳод ва кам сухан мегуфт. Корҳои ҳуҷҷатдорию санаднигорӣ ва навиштанро зиёд меписандид. Ҳуҷраи кории муаллим дар шафати дафтари омӯзгорон ҷойгир шуда буд. Бобомуродов шахси зоҳиран мулоимгуфтор ва дар муносибат бо омӯзгорон самимию садоқатпеша менамуд. Вале дар мавриди кор сахтгиру серталаб, дақиқкор ва дар нисбати фориғболон, ки машғулиятҳои худро як навъ карда ба анҷом мерасонданду шиорашон «хоҷа, боғ дорӣ?» маҳсуб меёфт, ниҳоят оштинопазир ва ҷиддӣ буд. Дақиқкорияш ба дараҷае буд, ки агар як дақиқа аз вақти дарсӣ мегузашту овози занг намебаромад, оҳиставу бесадо дар остонаи дафтари омӯзгорон пайдо гардида, ҳарфе ба забон наоварда, зангро зер мекард. Ҳангоми зангро зер кардан дурудароз ва рамзомез ба омӯзгорон менигарист ва танҳо баъди ангушташро аз занг гирифтан:
- Муаллими навбатдор, - гуфта хитоб мекард, - зангро дар вақт – вақташ зан! Мо ҳақ надорем, дақиқаи ба мо бовар кардаи давлатро ба фоидаи худ истифода кунем. Ин гуноҳ аст. Ва ҳамчунон вазнин – вазнин қадам зада аз дари муаллимон мебаромад. Азбаски соатҳои дарсӣ пурра ба омӯзгорон тақсим карда шуда буд, директор ба ман синфи 2а – ро супурд, ки муаллимаи ин синф тоза ба рухсатии таваллуди кӯдак баромада, чанд рӯз боз ин синф бе омӯзгор монда буд. Аз чӣ бошад, рӯҳафтодаю маъюс будам ва ба муҳиту фазои нав дар мактаби зодгоҳам ҳеҷ хӯ гирифта наметавонистам. Ба болои ин, ба мане, ки чаҳор сол дар мактаби деҳаи Меҳтарӣ ба хонандагони синфҳои болоӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегузаштам, сабақ омӯзондан ба шогирдони синфи ду (ҳарчанд ман таҷрибаи дар басти дуюм дар синфҳои ибтидоӣ машғулият баргузор намуданро низ доштам) он қадар писанду рағбатовар набуд. Вале пеши худ гуфтам, ки аз рӯйи виҷдон ва эҳсоси масъулият нахоҳад буд, то ман машғулиятҳоро дар синфи дуюм сатҳию сарсарӣ гузарам. Охир, фарзандони ҳамдеҳагон бо як ҷаҳон умеду орзу ба остонаи таълимгоҳ қадам мениҳанд ва камоли беинсофию худфиребист, ки ман аз рӯйи сидқу садоқат ба онон дарс нагузарам.
Ҳуққабозист ин амал, ба шахсе чун банда, ки тарбияти комилу дилсӯзона ва дар айни ҳол сахтгиронаю қотеонаи падари соҳибдиламро гирифтаам. Дар заминаи барномаи таълимии синфҳои ибтидоӣ нақшаи тақвимӣ – мавзӯии худ-ро таҳия намуда, дар вақтҳои холиям ба мураттаб сохтани дафтарҳои алоҳида, ки асноди роҳбарисинфиамро дар бар мегирифтанд, машғул гардидам. Аммо барои ман машғулиятҳои таълимӣ кайфияту завқи аҷибе дошт. Каҳолату танбалиро аз худ дур сохта, бо шӯру шавқ ва ҳиссиёти баланд машғулиятҳоро баргузор мекардам ва дар ин кор аз мактаби таҷрибаи пешқадами устодон Нуриддин Насриддинов ва Бобобек Раҷабов ба гунаи судманду муассир истифода мекардам. Боре сарвари мактаб маро ба дафтари корияш даъват карда, аз раванди дарсҳо ва вазъи саводу донишомӯзии хонандагон пурсон гардид. Чун ҷавоби қаноатбахш гирифт, маслиҳат дод, ки пагоҳиҳо ба мактаб ҳозир шуда, ба машғулиятҳои устодону омӯзгорони пуртаҷ-риба – Ҳасан Убайдов, Тоҳир Иброҳимов, Давлатшо Раҳматов, Бобобек Раҷабов, Раҷабгул Саидова, Маҳмудхон Убайдов даромада, таҷриба андӯзам, сабку шеваи таълимии худро такмил бахшам.
- Медонам, ки дар мактаби Меҳтарӣ чор сол ба омӯзгорӣ машғул гардида, таҷрибаи кофӣ ҳам андӯхтаӣ, - оромона суханаш идома дод директор ва афзуд;
- Вале омӯхтан, такрор ба такрор ҳам бошад, зарар надорад. Боз ин ки ду сол дар хизмати афсарӣ қарор доштию аз мактаб дур монда, баъзе чизҳоро фаромӯш кардаӣ.
Эътироз накардам ва аз пайи иҷрои супориши сарвари мактаб шудам. Чанд ҳафта барвақт ба дабистон ҳозир шуда, ба дарсҳои устодони собиқадору таҷрибаманд ва соҳибмактаб ворид гардида, аз сабку усулҳои дарсҳои онҳо бархӯрдор мешудам. Ниҳоят, директор рӯзе гуфт, ки ба дарсҳоят даромада, мувофиқи нақша таҳлили машғулиятатро анҷом медиҳем. Устод Саидмурод Бобомуродов ба дарси забони модарӣ дар синфи 2 ворид шуд. (Он замон таълими ҳамгиро ба роҳ монда нашуда буд, аз ин рӯ, дарсҳои забони модарӣ ва хониш алоҳида – алоҳида гузаронида мешуданд).
(Давом дорад)
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр