Нашрияи Омӯзгор

Либос ҳуснафзои инсон аст

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 736        Шарҳ: 0

Тарбияи хонандагон амали хеле серҷабҳаю фарогир ва гоҳе мураккабу печида аст. Дар мактаб ҳар як амалу ҳаракат, ҳар воқеаю гуфтор бо тарбия алоқамандии қавӣ дорад.

Аз нахустқадамҳои хонанда ба мактаб барои тарбияи ҳаматарафаю устувори ӯ, барои минбаъд ба шахсияти фаъоли ҷомеа табдил ёфтанаш замина гузошта мешавад. Яъне, бинои маънавияти шогирдон бояд аз хиштҳои нахустинаш росту беғалат бошанд. Дар қатори дигар самтҳои тарбия бояд ба тарбияи эстетики (зебоишиносӣ)-и хонандагон диққати ҷиддию ҳамешагӣ  дод. Тарбияи эстетикӣ бо рафтору гуфтор, нишасту хез, гирумон, муносибату муошират ва бо либоспӯшию озодагии насли наврас алоқаманд мебошад. Имрӯз ба масъалаи либоспӯшии хонандагони мактаб диққати махсус дода мешавад. Дар таълимгоҳҳо либосҳои ягона муқаррар карда шудаанд, ки якчанд намуна доранд. Таҷриба нишон дод, ки бо либосҳои гуногун ба мактаб омадани хонандагон баъзе тарафҳои манфиро низ дорост. Чунончи, хонандагон аз назорат дур монда либосҳои тангу булъаҷаб, гуногунрангу гуногундӯхт, гоҳе хеле васеъ ва ба маданияти миллӣ бегона ба бар кашида ба мактаб меомаданд ва дар либоспӯшӣ аз пайи мӯд рафта, бо ҳам як навъ мусобиқа меоростанд. Дар ин ҳолатҳо дар шогирдон таъсири маданияти бегона, таъсири қаҳрамонони кинофилмҳо ва манобеи дигар ба мушоҳида гирифта мешуд. Хонандагон ба либосҳо аз матоъҳои сунъӣ майли бештар доштанд ва гоҳе бо либосҳои  варзишӣ ва ё саҳнавӣ низ ба мактаб меомаданд. Ҷорӣ шудани либоси ягонаи мактабӣ ба ин ҳама харҷу марҷ хотима бахшид. Акнун шогрдон бо либосҳои  махсус, ки хушнамуду шинаманд, ба мактаб меоянд ва ба ҳам хеле мушобеҳанду дар маҷмӯъ ба таълимгоҳ ҳусни тоза мебахшанд. Либоси мактабӣ ба тарбияи эстетикии шогирдон таъсири файзбор мерасонад, онҳоро ба ҳам наздиктар месозад.

Дар тақвияти қоидаҳои либоси ягонаи мактабӣ, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми мамлакат ҷорӣ гардид, омӯзгорон, махсусан, роҳбарони синфҳо бояд бо хонандагон суҳбатҳои махсус, дарсҳои тарбиявӣ, намоишгоҳҳо ва озмунҳо баргузор намоянд. Бо шогирдон дар мавзӯъҳои одоби либоспӯшӣ, хусусиёти либосҳои миллӣ, ҳунари либосдӯзӣ, аҳамияту моҳияти либоси ягонаи мактабӣ суҳбат оростан хеле муфид хоҳад буд. Намоиши либосҳои мактабӣ ва либосҳои миллӣ барои шогирдон мароқовар аст ва ба таҳкими тарбияи эстетикии онҳо мусоидат мекунад. Ба шогирдон аз он хусус ҳам маслиҳатҳо бояд дод, ки дар хона, дар кӯча, дар меҳмонӣ…чӣ гуна либос ба бар кардан хубу мувофиқ мебошад.

 

Дилором Салимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш