Дар назди литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб баҳри амалӣ намудани лоиҳаи барномаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш » омӯзиши касбҳои ғайрианъанавиро дар байни занону духтарони бешуғл ба роҳ монданд. Бояд зикр намуд, ки дар марҳилаи якуми омӯзиш аз рӯи касбҳои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, назоратчии сифат, кафшергари барқию газӣ, челонгар-сантехник ва назоратчии барқ 65 нафар занону духтарони бешуғлро аз оилаҳои камбизоат ба омӯзиш фаро гирифтаанд . Тибқи шарномаи байни муассисаи таълимӣ, корфармо ва касбомӯз занону духтарон дар ин курсҳои омӯзишии касбҳои ғайрианъанавӣ се моҳ таҳсил намуда, се моҳи дигар маҳорати касбӣ меомӯзанд. Ба касбомӯзон ҳар моҳе ба миқдори 35 доллар идрорпулӣ дода мешавад. Занону духтарони соҳибкасб баъди хатми курсҳо аз рӯи ихтисосашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр