Яке аз ҷабҳаҳои муҳими тарбияи хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ дар онҳо парваридану инкишоф додани ҳисси муҳаббат ва эҳтиром ба табиат мебошад. Шогирдони мо аз хурдӣ бояд хуб донанду дарк намоянд, ки инсон низ як ҷузъи табиат мебошад ва тақдири ӯ, сатҳи зиндагиаш бо табиат пайванд аст.
Бояд табиат ва ҳаводиси онро омӯхт, ба он чӣ гуна муносибат карданро донист. Инсон табиатро ҳифз намуда, ҳаёти осоиштаашро таъмин менамояд. Табиат ба инсон барои истироҳату табобат ва фаъолияти босамар шароити созгор фароҳам меоварад. Ҳисси муҳаббат ба табиатро дар дили хонандагони хурдсол бо воситаҳои гуногун парваридан мумкин аст. Дар ин самт дарсҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои гуногун, вохӯриву тантанаҳо, созмондиҳии намоишҳо, саёҳат ба табиат, мутолиаи асарҳои бадеӣ, тамошои филмҳои махсус… воситаҳои самарабахштарин мебошанд.
Албатта, дар ин силсилаи тадбирҳо саёҳат ба табиат бештар муассир аст. Дар оғӯши табиат омӯзгор ба шогирдон дар бораи зебоӣ, дарахту гиёҳон, обшору гулзорҳо, хазандаю парандаҳо нақл карда, баъзе ҳодисаҳои табииро шарҳ медиҳад. Ба суолҳои шогирдон бо истифода аз гӯшаҳои табиат (чун аёният) посух мегӯяд. Бо онҳо суҳбати тавзеҳию тарбиявӣ меорояд. Пас аз ин гуна саёҳат ба шогирдон супориш дода мешавад, ки таассуроту бардоштҳои худро дар ҳаҷми 4-5 ҷумла нависанд. Ҳамчунин, кашидани расми манзараҳои табиатро супориш додан муфидл хоҳад буд. Дар лаҳзаҳои алоҳидаи дарсҳо хонандагон метавонанд ба тарзи шифоҳӣ оид ба саёҳаташон ба табиат ба таври мухтасар ҳикоят бикунанд. Саёҳат ба табиат боиси рӯҳбаландию болидахотирии шогирдон низ мегардад.
Воситаи дигари афзудани муҳаббати хонандагон ба табиат истифода аз адабиёти бадеист. Дар асарҳои зиёди адибони тоҷик тасвиру тавсифи табиат мавқеи васеъ доранд. Қироати ин гуна пораҳои насрӣ дар дарс ( ҳам аз ҷониби омӯзгор ва ҳам аз ҷониби хонандагон) муфиду самарабахш хоҳад буд. Ҳамчунин, аксари шоирони тоҷик ба васфи табиат шеърҳо иншо кардаанд. Аз ин гуна шеърҳо дар дарсҳо истифода кардан ва ин гуна шеърҳоро ба шогирдон барои азёд кардан супориш додан айни муддаост.
Ҳар қадар шогирдони мо ба табиат дилбаста бошанду ба он бо меҳру муҳаббат муносибат намоянд, ҳамон қадар васеъназару комёб хоҳанд шуд.
Шарофат ШАРОФОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,
ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр