Нашрияи Омӯзгор

Таҳкимбахши давлат

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 737        Шарҳ: 0

Рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст.  Бо ин мақсад ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди мактабу маориф, ислоҳоти куллии соҳа ва татбиқи амалии қарору қонунҳои таъминкунандаи фаъолияти муассисаҳои таълимию маърифатӣ диққати махсус дода мешавад.

Бо истифода аз ин қарору қонунҳо заминаи донишандӯзии наврасону ҷавонон боло гирифта, дар натиҷаи ҳосил кардани донишҳои фаннӣ  ва соҳавӣ ихтирооти навин рӯи кор меоянд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини соҳа дар он аст, ки бояд донишу малакаи наврасонро баланд бардоранд, зеро ворид шудан ба ҷаҳони илму дониш васеъ шудани ҷаҳонбинии инсон, ҳамчун шахсият ташаккул ёфтани хислату рафтори мо маҳз аз мактаб сарчашма мегирад.  Аз ин рӯ,  муаллим –тарбиятгар дар замони муосир дар  тарғибу ташвиқи  омӯзиши илму дониш миёни қишрҳои ҷомеа  нақши бориз дошта, самараи заҳмати ӯ аз ҳама беш   ба назар мерасад.  Тарбияи насли наврасро дар баробари падару модар мактаб ва ҷомеа низ бар дӯш доранд. 

 Гурӯҳе аз падару модарон, устодони собиқадор ва шогирдони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ шикоят мекарданд, ки омӯзгорони мактабҳои олиро хатмнамуда ба тариқи бояду шояд дониш ва малакаи  казоӣ  надоранд ва равиши дарси онҳо писанди  хонанда намеояд, ки дар натиҷа ба нодонию дарсгурезии таълимгиранда сабаб мегардад.  Хушбахтона,  ин проблемаи ниҳоят муҳим рохи ҳалли худро ёфт, ки ин ҳам бошад, ҷорӣ намудани низоми нав - низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбист.

Тариқи ММТ  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил  шудани довталабон ба мактабҳои олӣ садди роҳи  тасодуфӣ дохил шудану таҳсил кардани донишҷӯён гардид. Имрӯзҳо дар донишкадаю донишгоҳҳо аслан онҳое  таҳсил мекунанд, ки нисбат ба  касбу равияи интихобкардаи хеш дар дил шавқу рағбат доранд.  Маҳз дар ин ҷойҳо  муаллимони оянда роҳу усулҳои таълим доданро ба хонандагон меомӯзонанд. Акнун ба саволе, ки  барои беҳ  шудании сифати таълим дар мактабҳои олии омӯзгорӣ чӣ бояд кард, ҷавоб ёфт шуд. Мунтазам ташкил намудани дарсҳои амалӣ, истифода аз тахтаҳои электронӣ тавассути  слайдҳо, ташкили дарсҳои кушод, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таълимӣ ва идомаи таҳсили зинагӣ: магистратура, аспирантура, докторантура ва ғайра аз ҳамин қабиланд.    

 

Қаҳрамон  Хоҷаев,

омӯзгори  кафедраи

фармакология  ва забони лотинии  коллеҷи тиббии

 шаҳри Душанбе  

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш