Нашрияи Омӯзгор

Таъсири тарбият бузург аст

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Дар машғулиятҳои тарбиявӣ ман аз асарҳои адибони гузашта ва муосири тоҷик ба таври васеъ истифода мекунам.

Ашъори панду насиҳатии шуарои гузаштаамон дар масъалаи худшиносию худогоҳӣ, маърифати донишомӯзӣ ва ватанпарварии насли наврас такони бузург мебахшанд, ба ҷавонон ҳушдор медиҳанд, ки аз душманони хориҷӣ ҳимояту дифоъ кунанд, ба ҳифзи ватани азизамон доимо омода бошанд. Шоирону  нависандагони тоҷик ба таври ҳамешагӣ коҳилию фориғболиро дар ҳаёти шахс мазаммат намуда, истифодаи ҳар як лаҳзаи вақтро ҳадафмандона ва пурсамар, муҳим ва ба нафъи ҷомеа медонанд. Инсони комил, ба андешаи эшон, онест, ки рафтору кирдор ва пиндори нек  дошта, бо саъю талош ва азми комил ба пешрафту рушди ҷомеа сабабгар мешавад. Дар таълимоти абармардони адабиёти форсу тоҷик меҳнату ранҷ ва бедорхобӣ кашиданҳо инсонро соҳибнуфуз ва обрӯманд гардонида, ӯро дар байни аҳли ҷомеа намунаи ибрати дигарон месозад. Сарчашмаи асосии хушбахтию саодати одам ин ҳамоно омӯзиши илм ва маърифатдӯстии ӯ маҳсуб меёбад. Аммо дар ин роҳ бояд ҳушёру соҳибтафаккур буд. Инсон метавонад илму дониши андӯхтаашро ба манфиати ҷамъият ва одамон равона созад ва баръакс, аз ҷаҳолату мутакаббирӣ метавонад ин илмро бо мақсадҳои нопоку ғаразнок истифода кунад. Бадбахтию шикасти иддае аз афроди нохудогоҳ дар он нуҳуфтааст, ки онҳо дар банди ҷаҳли мураккаб монда, дар ботлоқи гумроҳӣ ва худфирёбӣ афтодаанд. Бархе аз ин тирарӯзон ҳадафҳои бадгуҳаронаи худро дидаю дониста, ошкоро дар либоси ба ном «озодию демократия ва ҳувиятхоҳӣ» берун аз кишварамон таблиғу муаррифӣ намуда, аз қавле, «санги ман-даҳ ман» гӯён, аробаи холиро кашола карда, сӯйи бунбаст ва партгоҳ равона ҳастанд. Чанд рӯз қабл гузорам ба фурӯшгоҳи китоби шаҳр афтид. Дар рафҳои фурӯшгоҳ ду асари ба тозагӣ нашргардидаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда ва шоири барҷаста, устод Садриддин Айни «Ғуломон» ва «Дохунда»-ро, ки аз дер интизор будам, дида аз хушҳолӣ «дар куртаам нағунҷидам. Ман аз фанни география ба хонандагон сабақ меомӯзонам, вале ба шеъру шоирӣ ва умуман, адабиёт майлу рағбати зиёд дорам. Ҳамчун роҳбари синф китобҳои адибони тоҷик ва ҷаҳонро пайваста харидорӣ ва ба шогирдон муаррифӣ менамоям. Ба онҳо таъкид мекунам, ки бештар мутолиа намоянд, узви фаъоли китобхонаи мактаб бошанд. Мутолиаи бардавом инсонро тарбият мекунад. Таъсири тарбият аз китоб бармеояд ва ҳаёти инсонро шукуфону пурсаодат мегардонад.

 

Шамъигул Тағоева,

омӯзгори мактаби №23,

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш