Заминаи таълиму тарбияи насли наврас дар мактаб дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад. Номгӯи фанҳо дар ин зинаи таҳсилот чандон зиёд нест, вале дар маҷмӯъ фанҳое, ки дар синфҳои 1-4 омӯхта мешаванд, бо кулли фанҳои минбаъд меомӯхтаи шогирдон алоқамандӣ доранд.
Ҳамчунин, маҳз дар синфҳои ибтидоӣ бояд бар он кӯшид, ки хонандагон тадриҷан дорои беҳтарину заруртарин хислатҳои шахси таҳсилдидаву соҳибмаълумот, огоҳу худшинос гарданд. Дар онҳо, пеш аз ҳама, парваридани нахустунсурҳои эҷодкорӣ, таҳлилгарӣ, масъулиятмандӣ, адабпарварӣ ва монанди инҳо хеле муҳим аст. Умуман, дар синфҳои ибтидоӣ омӯзгор бар он бояд бикӯшад, ки бунёди бинои маънавияти хонанда дурусту устувор гузошта шавад. Яке аз хусусиёти умда, ки дар кӯдакону наврасон бояд ба вуҷуд оварда шавад, талқин кардану парваридани тафаккури эҷодӣ мебошад. Тафаккури эҷодӣ чист? Ин ба ҳодисаву воқеаҳо, ба муҳит, ба дидаву шунида эҷодкорона, мушоҳидакорона, ба таҳқиқ муносибат кардан аст. Яъне кӯдакон ба ҳар чиз на ба таври умумиву муқаррарӣ бингаранд, балки дар бораи он фикр кунанд, моҳияташро, ҷолибияташро дарк намоянд ва бардошту мулоҳизаҳояшонро эҷодкоронаву тозанигоҳона иброз доранд ё бинависанд.
Тафаккури эҷодӣ дар кӯдакон бештар ба василаҳои зерин парварида мешавад: хондани китобҳои бадеӣ, азёд кардани пораҳои назму наср, мушоҳидакорӣ дар оғӯши табиат, мулоҳизаронӣ, ибрози ақида дар дарсҳо вобаста ба саволҳои проблемавӣ, иштирок дар ҷашнвораю намоишномаҳо, тамошои филмҳои мувофиқ, расмкашӣ, навиштани иншо ва нақли хаттӣ…
Барои пайдо шудани тафаккури эҷодӣ дар хонандагон нақши суханони омӯзгор ва саволгузориҳои ӯ хеле муҳим аст. Масалан, дар бораи рафтори ношоистаи касе дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳикоят карда, омӯзгор савол ба миён мегузорад, ки чаро ӯ чунин кард. Ин хонандагонро ба фикр кардан, эҷод намудан водор месозад. Ё худ, омӯзгор афсонаеро нақл карда, хотимаашро намегӯяд ва аз шогирдон мепурсад, ки ба фикри шумо, баъд чӣ шуд, идомаи афсона чӣ гуна буда метавонад. Ин ҳолат низ ба рушди тафаккури эҷодии хонанда мусоидат мекунад.
Агар хонанда зимни саёҳат ба табиат ва навиштани таассуроту мушоҳидаҳояш «Баргҳои дарахтон мерехтанд» гӯяд, ин ба эҷодкорӣ, ба тафаккури эҷодӣ иртиботе надорад, вале ба ҷойи ин хонанда «Баргҳои дарахтон чун кабӯтаракон болзанон дар ҳаво бозӣ мекарданд» гӯяду нависад, ин ҷо нақши тафаккури эҷодии ӯ ба мушоҳида мерасад.
Аз хонандае, ки тафаккури эҷодиаш тақвият ёфтан мегирад, минбаъд эҷодкори хуб ба воя хоҳад расид.
Дилбар Холова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр