Нашрияи Омӯзгор

Дуруст омӯзонед!

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Забон чун яке аз рукнҳои давлатдорӣ шинохта мешавад ва эҳтироми он барои ҳар як соҳибзабон қарзи муқаддас аст. Ростӣ, қариб дар ҳар шумораи нашрияи «Омӯзгор» дар бораи беғалат навиштану бехато сухан гуфтан мавод нашр мешавад, аммо ҳанӯз ҳам сари ҳар қадам бо ғалатҳои имлоӣ вохӯрдан мумкин аст.

Чаро меъёри забони адабии тоҷикӣ аз тарафи соҳибони забон риоя карда намешавад? Ин ҷо сухан на дар бораи гуфтугӯи мардум дар кӯчаву бозор, балки дар бораи суханронии зиёиён, забони маҷаллаву рӯзномаҳо садо ва симо меравад, ки бояд ифодагари намунаи меъёри забони адабии тоҷикӣ бошанд. Ман, ҳамчун омӯзгор, аз таҷрибаи кори худ дар муассисаҳои таълимӣ хуб медонам, ки меъ-ёри забони адабии тоҷикӣ аз тарафи омӯзгорон қариб, ки риоя намешавад. Шогирдон бошанд,  тарзи навишту суханронии омӯзгоронро қабул намуда, онро пурра дуруст мешуморанд. Ҳамин тариқ, шогирдон ба макотиби олӣ мераванд ва дигар дар таҳкурсии каҷ хиштро рост чидан хеле душвор ва ё ғайриимкон аст. Пас аз гирифтани маълумоти олӣ ба касбу кори гуногун машғул мешаванд. Қисме таълими насли наврасро интихоб мекунад ва «мерос»-и аз омӯзгорон расидаашро ба шогирдон медиҳад. Ана ҳамин хел ғалат навиштану нодуруст сухан гуфтан аз насл ба насл мегузарад.

Ҳамкасбони муҳтарам, дониста бошед, ки мо ҳуқуқи хато кардан надорем. ҳангоми таҳлили дарсҳои омӯзгорони фанҳои гуногун, махсусан, таҳлили дарси омӯзгорони ҷавон аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба ба онҳо маслиҳатҳо дода мешавад. Гоҳо омӯзгорон эътироз баён намуда мегӯянд, ки мо омӯзгори фалон фанем, на муаллими фанни забони модарӣ . Яъне барои онҳо риояи меъёри забони адабии тоҷикӣ гӯё ки дуюмдараҷа бошад, аммо ҳаргиз чунин нест. Имлои забони тоҷикӣ танҳо барои омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик нест. Риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои ҳама ҳатмист.

Акнун мехохам дар бораи як хато сухан гӯем, ки баробари дидану шунидани он хомӯш нишастан барои як омӯзгори фанни забони тоҷикӣ аз рӯи виҷдон нест. Дар имлои забони тоҷикӣ як қоидаи бисёр одӣ ва фаҳмост. «исм пас аз шумора дар шакли танҳо меояд. » Мисол: бист дарё, сад гул, ду-се рӯз, чанд нома ва ғайраҳо. Мутаассифона, ин қоидаи одӣ ва фаҳмо аз тарафи на ҳамаи зиёиён; омӯзгорон, соҳибқаламон ва ровиён риоя карда мешавад ва ибораҳои нодурусти зерин хеле зиёд истифода бурда мешаванд: ҳазорон шоирон, садҳо оилаҳо, се-чор бачаҳо, даҳ иншоотҳо ва ғайра.

Инчунин, баъзан исм пас аз нумеративи «нафар » дар шакли ҷамъ меояд. Мисол: даҳ нафар ихтиёриён, се-чор нафар беморон ва ғайраҳо.

Омӯзгорони муҳтарам, шогирдонро дуруст омӯзонед, зеро ҳар суҳани моро онҳо дуруст мешуморанд ва дар ҳамон шакл қабул мекунанд.

 

Идибег МИРЗОРАҲИМОВ,

омӯзгори мактаби №10-и

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш