Нашрияи Омӯзгор

Самараи талошу ҷустуҷӯҳо

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Саймумин Сафаров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Файзобод солиёни зиёдест, ки аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ ба шогирдон дарс мегӯяд. Ӯ омӯзгори заҳматкашу ҷӯянда буда, машғулиятҳои худро бо истифода аз васоити аёнӣ, дастгоҳҳои технологии муосир дар сатҳи баланд мегузаронад. Яке аз усулҳои маъмуле, ки омӯзгори варзида аз он бештар истифода мекунад, усули муқоисавӣ мебошад. Мавзӯъҳои таълимиро аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ бо дигаргунию тағйироте, ки дар ҷомеаи кунунии мо ба амал меояд, муқоиса карда аз пешрафту рушди кишвар ба хонандагон маълумоти муфассал медиҳад.  Мо шоҳиди як дарси кушоди омӯзгор аз фанни таърих дар синфи 8 будем. Саймумин Сафаров мавзӯи навро, ки «Забткориҳои Темур ва империяи ӯ» ном дошт, бо истифода аз харита ва адабиёти илмӣ (китоби «Тоҷикон»-и академик  Бобоҷон Ғафуров, «Бобурнома»-и  Мирзо Бобур) бо маҳорати баланд гузаронда, дар зимн андешаю мулоҳизаҳои  хонандагонро дар бораи бедодгариҳои Темур пурсон шуд. Ҷиҳати назарраси дарсҳои омӯзгор дар он аст, ки вай мунтазам ба мустақилона андеша рондану таҳлилу баҳогузории шогирдон вобаста ба ин ё он ҳодисаи таърихӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Зери роҳбарии С.Сафаров дар таълимгоҳ маҳфили «Таърихшиноси ҷавон» амал мекунад. Омӯзгори ҷӯянда зуд – зуд ҳафтаи фанниро аз таърих ва ҳуқуқ бо иштироки хонандагон шавқовару ҷолиб роҳандозӣ менамояд.

 

Ҳокими Сафар,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш