Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакон шавқманди варзишанд

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 737        Шарҳ: 0

Машғулияти тарбияи ҷисмонӣ яке аз қисмҳои муҳими омодагии ҷисмонӣ ва психологии кӯдакони давраи омодагӣ ба мактаб буда, мақсад ва вазифаҳои зеринро дар бар мегирад: ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатӣ, обутобдиҳии бадан, ба корҳои ҷисмонию фикрӣ сафарбаркунии кӯдакон; ташаккули ҳаракатҳои муҳим, роҳгардӣ, давидан, ҷаҳидан, часпида баромадан, хазидан, партофтан, доштан ва саф кашидан.

Тарбияи дурусти ҷисмонӣ дар ҳама гурӯҳҳо аз назорати доимии тиббӣ вобаста аст. Барои нигоҳдории саломатии ҷисмонӣ ба кӯдакон рӯзҳои таътил ташкил карда мешаванд. Онро дар давраи томактабӣ оғоз намуда, ҳафтаи аввали моҳи январ ва ҳафтаи охири моҳи март мегузаронанд. Бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии кӯдакон дар назди мо вазифаҳои зерин гузошта шудааст: мустаҳкамсозии саломатии ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон; бедор намудани шавқу завқи фаъолона иштирок кардан дар машқҳои варзишӣ; шинос намудани кӯдакон ба қоидаҳои бехатарӣ дар вақти иҷрои машқҳои варзишӣ; омӯзонидани роҳгардӣ, қадду қоматро рост доштан; дар иҷрои машқҳои варзишӣ ва бозиҳои гуногун ҷасурӣ, чусту чолокиро омӯзондан.

Хусусияти фарқкунандаи давраи томактабӣ дар он аст, ки малака ва маҳорати ҳаракат кардан дар давраи инкишофёбӣ мебошад. Бинобар ин, дар назди калонсолон, ки дар тарбияи кӯдакон машғуланд, вазифаи асосӣ мустаҳкам намудани ҷисми кӯдак ва инкишофи саривақтии ҳаракатҳои ӯ ба ҳисоб меравад. Барои ин ҳалли вазифаҳо машқҳои ҷисмонии махсус интихобгардида, ки асосашон ҳаракатҳои фаъолро дар бар мегиранд, истифода бурда мешавад. Дар машқҳо давомнокӣ ва фаъолнокӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар вақти инкишоф додани мушакҳои шикам кори узвҳои ҳозима дуруст мегарданд.

Ташаккули дурусти қомат вобастагӣ дорад аз инкишоф додани мушакҳои миён, ки дар синни томактабӣ нақши асосиро мебозад. Чунки шаклгирии ҳамаҷиҳатаи сутунмӯҳра аз ин синну сол оғоз ёфта, дар 11-13- солагӣ ба анҷом мерасад. Қомати зебо ва дуруст инкишофёфта барои давраи мактабӣ зарур аст, чунки дар рафти омӯзиш дуру дароз дар як ҳолат нишастан лозим мешавад. Либос барои гузаронидани машғулияти тарбияи ҷисмонӣ бояд, ки якхела аз матоъҳои табиӣ ва сабук, пойафзол барои иҷрои бомусоиди машқҳо мувофиқ бошад. Дар вақти гармо кӯдакон метавонанд ҷӯроб пӯшанд ва машқҳоро иҷро кунанд. Машқҳои нав дар рафти машғулияти тарбияи ҷисмонӣ омӯзонида шуда, сипас ба маҷмӯи варзиши пагоҳирӯзӣ дохил карда мешаванд.

 

Адолат САЙВАЛИЕВА,

мураббияи

ширхоргоҳ-кӯдакистони

№52-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш