Дар забонҳо анъана, хусусиёт, ҳодисаву воқеот, қоидаҳои махсусу гуногун роиҷанд. Забони русӣ низ аз ин ҷиҳат истисно нест. Яке аз махсусиятҳои ин забони маъруф, ки дар қатори забонҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир аст, истифодаи фаровон аз ихтисораҳо (калимаҳо ва ибораву ифодаҳои ихтисоршуда) мебошад. Ин гуна ҳодисаи забониро дар забоншиносии рус аббревиатура меноманд. Ин вожа аслан баромади лотинӣ дошта, ба маънои «ихтисор мекунам» омадааст. Дар забони русӣ намудҳои гуногуни ихтисораҳо мавҷуданд, ки дар давраҳои гуногун вобаста ба пайдоиши калимаву ибораҳои нав арзи ҳастӣ кардаанд. 1) Маъмултарин навъи ихтисораҳо он аст, ки нахустҳарфи калимаҳо ба ҳам оварда мешаванд. Чунончи: ЦУМ – Центральный универсальный магазин, ВУЗ – высшее учебное заведение… Замоне машҳуртарин чунин навъи ихтисора СССР (Союз Советских Социалистических Республик) буд, ки маъмулан дар байни тамоми собиқ ҷумҳуриҳои ҳайати ин давлати пошхӯрда бидуни тарҷума истифода мешуд.
2) Ихтисораҳое, ки аз ҳиссаи нахустини калима сохта мешаванд: Чунончи: местком – местный комитет, продмаг – продовольственный магазин, комсомол – коммунистический союз молодёжи…
3) Ихтисораҳое, ки ба тарзи омехта – аз ҳисса ва овозҳои нахустини калимаҳо сохта мешаванд. Чунончи: Гороно – городской отдел народного образования, Собес-социальное обеспечение, Главк– главнокомандующий…
4) Ихтисораҳое, ки аз ҳиссаи аввали калима ва калимаи дуюми пурра сохта мешаванд. Чунончи: запчасти - запасные части, оргработа – организатционная работа…
5) Ихтисораҳое, ки аз ҳиссаи аввали калима ва ҳиссаи мобайн ё охири калимаи дигар сохта мешаванд. Чунончи: Мопед – мотоцикл – велосипед, эсминец – эскадренный миноносец, военкомат – военный комиссариат, торгпредства – торговое представительство…
Намудҳои дигари ихтисораҳо низ дар забони русӣ мавҷуданд, вале намудҳои машҳуртарину паҳншудатарин онҳоеанд, ки дар боло шарҳ додем. Дар Федератсияи Россия борҳо луғати аббревиатураҳо дар шакли китобҳои алоҳида ба нашр расидааст. Дар омӯхтани забони русӣ донистани аббревиатураҳо низ муҳим аст, дар акси ҳол, дарки маънои бисёр калимаҳо душвор мегардад.
Фарангис Гулматшоева,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр