Нашрияи Омӯзгор

Равзанае ба дунёи маърифат

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Забон воситаи муҳимтарини муоширати инсонҳо шинохта шудааст. Маҳз тавассути забон одамон бо ҳам муомила мекунанд, табодули афкор менамоянд, бо ҳам робитаи дӯстона барқарор месозанд.

Мегӯянд, ки дар рӯи ҷаҳон беш аз панҷ ҳазор забон мавриди истифода қарор доранд. Забонҳо вобаста ба ғановатмандӣ ва теъдоди онҳое, ки бо ин ё он забон сухан мегӯянд, хурду бузург, маҳдуду густаришёфта мешаванд. Дар аксар қитъаҳои олам робитаи байни халқҳову давлатҳо бо забонҳои бештар ғанӣ ва паҳншуда ҷараён меёбад. Аз иттилооти дастрасшуда маълум мешавад, ки Созмони Милали Муттаҳид шаш забони дунёро ба сифати забони расмӣ дар фаъолияти худ пазируфтааст ва ин забонҳо испанӣ, англисӣ, русӣ, чинӣ, ва арабӣ мебошанд. Яъне ҷаласаву мушовараву муҳовараву ҳуҷҷатнигории маъруфтарин ташкилоти ҷаҳонӣ – СММ бо ҳамин забонҳо сурат мегиранд.

Воқеан, забони русӣ, ки яке аз ин шашгонаи маъруф аст, аз забонҳои паҳншудатарин, пурғановат ва равону тавонову саҳеҳи сайёра маҳсуб ёфта, бо он теъдоди зиёди одамон гуфтугӯву фаъолият менамоянд. Ин забон дар Федератсияи Россия ва дар чанд кишвари дигар мақоми забони давлатиро дорад. Россия калонтарин давлати ҷаҳон, кишвари бағоят паҳновар аст. Дар он халқҳои зиёди гуногунзабон аҳлона кору зиндагӣ мекунанд. Забони русӣ ин халқҳоро ба ҳам овардаву дӯсту бародар сохтааст. Тамоми халқҳои Россияи беканор ин забонро медонанд ва эҳтиром мекунанд. Дар қаламрави тамоми манотиқи мамлакат забони русӣ мақоми давлатӣ дорад ва ҳама гуна санадгузориву ҳамоишу ҷаласаҳо, фаъолияти кулли созмону ташкилотҳо бо ин забон иртиботманданд. Забони русӣ дорои фонди луғавии фарогиру ғановатманд, сарфу наҳви устувор ва имконоти васеъ мебошад. Он таърихи дерину пурифтихореро дорост. Давраи ташаккулу домангустарӣ ва бештар ғанӣ гаштани ин забони тавоно ба асри XVII мувофиқ меояд. Дар ин аҳд меъёрҳои забони русӣ устувор гардиданд, забони адабӣ рушд ёфт ва ба қуллаҳои баланд расид. Дар рушду нумӯи забони русӣ, махсусан, нақши адибон ва адабиёти давр барҷаста аст. Албатта, дар саргаҳи инкишофи забони русӣ ва устуворгардии меъёру бунёди он хидмати шоири маъруфи миллат А.С.Пушкин хеле бузург мебошад. Ин шоири варзида бо осори барҷаставу мондагораш забони адабию гуфтугӯии русиро ба ҳам оварда, суфта бинмуда, забони адабии саҳеҳу пурҷозиба ва пуртавонеро офарид, ки минбаъд боз ҳам густариш ёфт, вале бунёдаш ҳамон забони пуробуранги Пушкин боқӣ монд.

Адибони шуҳратёри рус Л.Н.Толстой, Ф.Достоевский, А.П.Чехов, И.С.Тургенев ва дигарон барои тақвияту пешрафти забони русӣ хидматҳои арзишманд карданд. Умуман, нақши адабиёти бадеӣ дар такомулу инкишофи забони русӣ хеле бузург аст.

Дар кишвари мо – Тоҷикистон ҳам забони русӣ мавқеи хосеро дорост. Он дар таълимгоҳҳо мувофиқи нақшаи таълимӣ бавусъат омӯхта мешавад ва яке аз фанҳои асосист. Бо забони русӣ  дар ҷумҳуриамон рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳо ба нашр мерасанд. Хориҷ аз кишвар ин забон барои робитаи шаҳрвандони мо бо халқҳои дигар хизмати муҳиммеро сомон мебахшад.

Мо, омӯзгорони забони русӣ, мекӯшем, ки шогирдонамон ин забони маъруфро амиқ омӯзанд ва ба ин васила имконоти худро афзуда, ба дунёи васеи илму маърифат раҳ ёбанд.

 

Заррина РАСУЛОВА

омӯзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш