Дарси кушод яке аз намудҳои асосии омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад. Он имкон медиҳад, ки кори омӯзгорони беҳтарин ва мураббияҳо бевосита мушоҳидаву баррасӣ ва таҷрибаи судманди онҳо густариш бахшида шавад.
Дарси кушод бояд аз ҷониби омӯзгорони таҷрибадор, роҳбари таълимгоҳ, муовинони директор, собиқадорон таҳлил гардад. Дарси кушодро танҳо бо ҳадафи санҷиши фаъолияти омӯзгорони алоҳида гузаронидан ба мақсад мувофиқ нест. Гузаронидани он аз тарафи ҷонишини директор бо иштироки роҳбари кабинети методӣ барои ҳар як нимсолаи соли таҳсил ба нақша гирифта мешавад. Барои гузаронидани дарси кушод нақшаи васеъ мураттаб мешавад ва он аз тарафи роҳбари иттиҳодияи методӣ баррасӣ гардида, нусхабардорӣ ва ба ҳамаи иштирокчиён тақсим карда мешавад. Даъватшудагон то саршавии дарс ба синфхона ворид гардида, дар ҷойҳои махсуси барои онҳо ҷудогардида ҷо ба ҷо мешаванд ва онҳо бояд ба рафти дарс халал нарасонанд. То саршавии дарс муаллими дарсдиҳанда ҷонишини директор ё намояндаи роҳбари иттиҳодияи методӣ ва дигар иштирокчиёнро оид ба мақсади гузаронидани дарс ва хусусияти асосии сохти он огоҳ менамояд. Ин амалро дар ғойиби хонандагон бояд иҷро кард. Аз тарафи иштирокчиён дахолат намудан ба ҷараёни дарс, гирифтани эродҳо, расонидани ягон намуд ёрӣ ба омӯзгор ё хонанда қатъиян манъ аст ва инчунин, қафо мондан ба дарс ва пеш аз анҷоми он баромада рафтан низ мумкин нест. Фаромӯш набояд кард, ки муаллим ҳокими дарси худ дар синф ба шумор меравад. Новобаста аз риояи қисматҳои додашудаи дарс, ӯ дарсро аз кадом қисмате мехоҳад, метавонад оғозу анҷом бахшад. Муҳим он ки дарс шавқовар бошад, хонандаро хаставу дилтанг нагардонад.
Пас аз дарс баррасии он баргузор мешавад. Роҳбари иттиҳодия дарси омӯзгорро дар ҳузури хонандагон таҳлил накарда, бачаҳои фаъолро бо таъриф рӯҳбаланд намуда, онҳоро ба танаффус гусел мекунад. Таҳлили дарсро дар худи ҳамон рӯз бояд ба сомон расонид, зеро дар иштирокчиён хотира ва тасаввуроти равшан боқист. Маҷлиси муҳокимаи дарсро ҷонишини директор ё раиси комиссияи методӣ роҳбарӣ мекунад. Вай таъкид ва собит мекунад, ки омӯзгор ба мақсади гузошташудааш дар дарс расид ё на, оё муаллим аз дарси худ қаноатманд гардид ё на ва суханро ба муаллими дарсдиҳанда медиҳад. Ӯ мулоҳизаҳои худро оид ба дарсаш изҳор менамояд, то чӣ андоза ба мақсадҳои хеш комёб гардид, кадом лаҳзаҳои дарсаш самараноктар буданд, кадом норасоӣ дар рафти дарс аз ҷониби ӯ содир шуд, баҳои вай ба дарси худаш чӣ хел аст ва ғайра.
Пас аз он иштирокдорони дарс хулосаҳои худро изҳор менамоянд. Таҳлили дарси омӯзгор дар ду сутун бояд баррасӣ гардад: муваффақият ва камбудӣ. Дар вақти таҳлили дарс омӯзгорро рӯҳафтода накарда, дар баробари камбудиҳои ҷойдошта муваффақиятҳои кори педагогии ӯро ёдрас бояд кард. Ба омӯзгоре, ки дарсро гузаронидааст, бояд имконияти изҳори назар намудан ва рад намудани эродҳои овардашуда дода шавад. Раисикунандаи маҷлис натиҷаҳоро ҷамъбаст намуда, хулосаҳо мебарорад. Баррасии дарси кушод бо тартиб додани протокол ба расмият дароварда мешавад: тавсияҳоро қатъӣ ва мушаххас бояд ба назар гирифт.
Ҳамин тариқ, дарси кушод аз як тараф, сарчашмаи асосии беҳтар намудани дониш бошад, аз тарафи дигар, доираи фаҳмиш, шавқ, зеҳн, хоҳишу маҳорат ва қобилияти дарккунии хонандагонро инкишоф медиҳад.
Оростамоҳ ҲУСЕЙНОВА,
омӯзгори мактаби №85-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр