Дар таърихи ҳар як давлату миллат ҳодисаву воқеаҳое мепайванд, ки бо таъсиргузории муассири худ ба вазъи мавҷуда ва ояндаи сиёсию иқтисодиву иҷтимоию фарҳангӣ аз дигар рӯйдодҳои ҷомеа куллан фарқ мекунанд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду мавриди истифода қарор гирифтани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии Роғун чунин воқеаи таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро ин иншооти бузург қодир аст, ки сатҳ ва сифати зиндагии аҳли ҷомеаи Тоҷикистонр ба куллӣ тағйир диҳад.
Рафти сохтмон ва ба истифода супоридани чархаи якуми неругоҳ ба ҷаҳониён собит сохт, ки давлати навини тоҷикон бо такя ба неруи созандаи халқи қавииродаи хеш аз уҳдаи ҳаллу фасли мушкилтарин масоили рӯзгори хеш баромада метавонад.
Аз ҷониби дигар, бо дасти беш аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки зиёда аз 90 фоизи онҳоро мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, бунёд гардидани НБО-и Роғун далел бар он аст, ки яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисоди мамлакат - сармояи инсонии ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бемайлон рушду нумӯъ дорад.
Рисолати мо, омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносӣ, дар он аст, ки дар мисоли раванди бунёди ин иншооти бузург насли наврас, шогирдони хешро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ватанпарастӣ ва матонати шахсӣ таълим диҳем ва тарбия намоем.
Табиист, ки иҷрои ин вазифаи ниҳоят масъулиятнок ба сатҳ ва сифати таълими фанҳои ҷомеашиносӣ, махсусан, фанҳои таъриху асосҳои иқтисодиёт вобаста мебошад.
Ба андешаи мо, имрӯз вақти он расидааст, ки бо дарназардошти муҳиммияти иншооти НБО-и Роғун дар таъриху иқтисоди мамлакат дар барномаҳои таълимии фанҳои таърих ва асосҳои иқтисодиёт бобҳои алоҳида бо мавзӯъҳои таърихи бунёд ва нақши имрӯзу ояндаи НБО-и Роғун дар дигаргунсозиҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид карда шаванд.
Омӯзиши амиқи таърихи бунёди НБО-и Роғун ва ҷанбаҳои техникӣ-иқтисодии он имкон медиҳад, ки тафаккури таърихӣ-иқтисодии хонандагон дар заминаи тақвиятбахшии донишҳои назариявӣ ва амалии онҳо ташаккул ёбад ва дар хонандагон малакаи оқилона истифода карда тавонистани донишҳои иқтисодӣ тавсеа ёфта, барои таҳсилоти минбаъдаи касбии онҳо заминаи мусоид фароҳам гардад.
Зеро мақсади асосии раванди таълими фанҳои таъриху асосҳои иқтисодиёт дар хонандагон тақвият бахшидани маҳорати баланди мутобиқгардӣ ба талаботи муосири бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.
Тавре маълум аст, дар доираи омӯзиши фанҳои таърих ва асосҳои иқтисодиёт ба масъалаҳои ташаккул додани тафаккури сиёсӣ ва иқтисодии хонандагон эътибори махсус дода мешавад.
Ба манфиати кори мо, омӯзгорони фанҳои таърих ва асосҳои иқтисодиёт мебуд, агар ба доираи омӯзиши мавзӯъҳои «Вазифаҳои иқтисодии давлат» ва «Рушди иқтисодӣ»-и барномаи таълими фанни асосҳои иқтисодиёт дар синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ масоили зерини иқтисодии мамлакат:
- нақш ва мақоми давлат дар муайянсозӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ;
- НБО-и Роғун - омили муассири таъминкунандаи рушди иқтисоди ҷумҳурӣ;
- НБО-и Роғун ва мақоми он дар рушди сармояи инсонии ҷумҳурӣ ворид карда мешуданд.
Ғуломалӣ ҲУСЕЙНОВ,
омӯзгори гимназияи №74,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр