Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамоянд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонанд. Имрӯз ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд.
Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебопарастии халқро таҷассум менамоянд. Инкишофи ҳисси зебопарастии инсонро дар бозёфтҳои бостоншиносон, ба монанди китобу дастхатҳои нодир ва мусаввараҳо, ки дар онҳо фарҳанг, ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рӯзгори маишии мардуми давраҳои қадим инъикос ёфтаанд, пайгирӣ кардан мумкин аст. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе як қатор тадбиру чорабиниҳо амалӣ гашта истодаанд, ки ин дар тарбияи шогирдон ва омодагии касбии онҳо дар оянда мусоидат хоҳад кард. Ман ҳамчун омӯзгори фанни технология ба хонандагон тарзи тайёр намудани таомҳои миллӣ, аз қабили: ширкаду, ширбиринҷ, фатирмаска, кочӣ, қурутоб, оши бурида, шакароб, ҳамчунин кашидадӯзӣ, чеварӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастиро меомӯзонам, ки ин самараи хуб дода истодааст. Дар давоми соли 2018 се маротиба конфронси илмию эҷодӣ ва фарҳангию фароғатӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо маҳсули корҳои эҷодии хонандагон намоиш дода шуд.
Ҳафиза Зиёева,
омӯзгори технологияи гимназияи
№2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр