Нашрияи Омӯзгор

Ситоиши накуӣ дар меҳвари адабиёт

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад ғазолӣ чунин гуфта: «Фарзанд амонат аст дар дас-ти падару  модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд.

Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».

Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи фарзанд дар баробари ин ки бар дӯши муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама, масъулият ва вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ҳам ҳаст.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд соли 2010 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид.

Насри гузаштаи тоҷику форс ҳам ба мисли назми оламшумули он таъриху анъанаҳои шоистаеро дорост. «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус зиёда аз 900 сол пеш аз ин эҷод шуда, то имрӯз арзиши худро аз даст надодааст ва ҷилову дурахшашро гум накардааст. Ин китоб, ки аз панду андарзҳои ҳакимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш иборат аст, чандин насл сабақи зиндагӣ омӯхта, дарси ахлоқу одоби хамида гирифтаанд ва ба тарзи рӯзгордории гузаштагон шиносои пайдо карда, анъанаҳои неки онро давом додаанд.

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ва дар таърихи тамаддуни умумибашарӣ ҳамчун файласуф, риёзидон, олими илмиҳои табииёт, ситорашинос ва табиби ҳозиқ маълуму машҳур гардидааст.

Ӯ зиёда аз 400 асар офаридааст, ки бузургтарини онҳо «қонуни тиб», «Донишнома», «Китобуннаҷот», «Китобушшифо» ба шумор меравад. Китобҳои ба мавзӯи тиб, фалсафа ва мантиқ бахшидаи ӯ «қонуни тиб», «Китобушшифо» ва «Донишнома» дар мамлакатҳои Шарқ ва ғарб зиёда аз чаҳор аср аст, ки ҳамчун китоби дарсӣ ба донишҷӯён то ҳол таълим дода мешаванд.

Носири Хусрав дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ҷойгоҳи хосса дошта, бо назму наср асарҳои зиёде эҷод намудааст.

Маснавии «Саодатнома» яке аз асарҳои маъруфи шоир буда, дорои 300 байт аст. Мавзӯъҳои асосии «Саодатнома»-ро масъалаҳои панду ахлоқ, некӣ, бурдборӣ, эҳсон, ҷавонмардӣ, меҳру вафо дарбар мегирад.

Умуман, дар осори шоир тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷомеа мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Носири Хусрав ба ҳамаи ин масъалаҳо аз диду назари инсондӯстӣ назар афкандааст. Фикру ақидаҳои пешқадами шоир то ба имрӯз барои мардум писанду судманданд.

Соҷида Саидасанова,

омӯзгори мактаби №92-и

 ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш