Дар атрофи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» - и аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида дарҳол набошад ҳам, баъдтар, тайи солҳои 2014 то ба имрӯз ҳам аз тарафи шаҳрвандон ва ҳам бевосита аз тарафи собиқ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Д. Саймиддинов) чандин мақола ба табъ расиданд. Махсусан, мақолаи устоди ДМТ, номзади илми филология М. Музофиршоев, ки муҳтавои он ҳанӯз моҳи феврали соли 2014 бахшида ба Иди забонҳо дар ДДЗТ ба номи С. Улуғзода аз тарафи муаллиф қироат гардид, ҳамагонро басо хуш омада буд.
Мутаассифона, дар ҷаласа сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон Зулфониён Раҳим Раҷабзод дар мавзӯи «Вазъи истилоҳнигорӣ дар фаъолияти шӯрои ҳамоҳангсозии Кумита» маърӯза карда бошад ҳам, зимни баромади ӯ ҳарфе ҳам атрофи истилоҳоти забоншиносӣ шунида нашуд. Аммо ҳангоми муҳокимаи маърӯза баромадкунандагон бештар дар иртибот ба калимаҳои иқтибосӣ суханронӣ намуда, хулосаашон чунин буд, ки бояд аз як забон ба забони дигар, аз ҷумла, ба забони тоҷикӣ (Ин ҷо ҳадафи асосӣ ба тарзи қабули калимаҳои арабӣ нигаронида шуда буд) калимаҳо дар қолаби аслӣ – тарзи навишти таърихиву талаффузи классикиашон қабул карда шаванд.
Инак, доир ба, навиштаҷоти охир, ки дар иртибот ба тарзи қабули калимаҳои иқтибосӣ ақидаи бархе аз баромадкунандагонро аз ҷаласаи кумита меорем. Дар мақолаи М. Музофиршоев (Ниг.: «Омӯзгор», 30.05.2014) омада: «Мусаллам аст, ки дар дунё ҳатто забонҳои муқтадиртарин ҳам луғат иқтибос мекунанд, аммо вожаҳои вомгирифтаро ҳатман ба қоидаҳои луғавию овоӣ ва грамматикаи хеш мувофиқ мегардонанд…, дар қоидаҳои нави имлои тоҷикӣ, баръакс, қонунияти меъёрии забони тоҷикиро ба иқтибосот тобеъ кардаанд».
Чунонки эҳсос мекунем, навиштаҷоти мазкури ин олими забоншинос басо ҳақбинонаву дурандешона рӯйи қоғаз омадааст. Дар воқеъ, агар дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» асли навишти таърихӣ ва тарзи талаффузи классикии бахусус, вожаҳои арабӣ қабул ва нигоҳ дошта шавад, зарур аст, ки хилофи пешниҳоди «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик» - и соли 1972 на танҳо дар калимаҳои мӯҳтарам, бошукӯҳ, шӯҳрат, шӯҳратёр, бӯҳрон, нумӯъ, мӯҳлат, шӯъба, тӯъма, Сӯҳроб, Мӯҳсин ва амсоли онҳо ба ҷои садоноки ӯ у нависему онҳоро бо ҳамин у талаффуз намоем, боз дар забони мо даҳҳо вожаҳои арабиро аз қабили илм, олим, маориф, муаллим, муаззам, муаллақ, муовин, муолиҷа, ошиқ, обид, одатан, олӣ, омма, офият метавон мисол овард, ки бояд чунин калимаҳо ҳам «бо риояи меъёри суннатии таърихӣ» (ФИЗТ, с.5) бо иловаи айн ё худ аломати сакта (ъ) дар қолаби зерин навишта ва талаффуз карда шаванд: ъилм, ъолим, маъориф, муъаллим, муъаззам, муъаллақ, муъовин, муъолиҷа, ъошиқ, ъобид, ъодатан, ъомма. Ҳамчунин, дар иртибот ба меъёри мазкур зарур аст, ки калимаҳои зерини арабиасос, аз қабили, эҳё, эҳсон, эҳсос, эҳтиёт, эҷод, эҷоз, эълон, ва амсоли инҳоро ҳам дар қолаби аслиашон (иҳё, иҳзон, иҳсон, иҳтиёт, иҷод, иҷоз, иълон) нависему ҳамон тавр талаффуз кунем, ки ин ҳолат, бахусус, дар талаффузи мо, тоҷикон, ҳатман, душвориҳоро эҳё хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, ҳақ ба ҷониби М.Музофиршоев аст, ки дар ҳамон мақолаи худ чунин нуктаро ҳам таъкид намудааст: «Оре, чун мувофиқ кардани имлои вожаҳои забони имрӯзаи тоҷик «бар пояи имлои таърихии онҳо» (ФИЗТ) зарур бошад, ҳазору як душвории дигар аз пеш хоҳад омад, ки мардумро ҳам аз имло безор мекунаду ҳам аз забон».
Инчунин, чунон ки дар боло ишора рафт, имрӯз хилофи пешниҳоди «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик» - и соли 1972 дар калимаҳои арабии амсоли мӯҳтарам, шӯҳрат, лӯъбат ба ҷои садоноки ӯ навиштани у (муҳтарам, шуҳрат, луъбат) меҳнати аксари онҳоеро, ки қалам ба даст гирифта, чизеро иншо карданӣ мешаванд, дучанд намудааст: На танҳо ба истиснои он 66 калима (Ниг.: Феҳристи навишти «у» бар ивази «ӯ» пеш аз ҳарфи «ҳ» ва аломати «ъ». – Рӯзномаи «Ҷумҳурият», 8 – уми сентябри соли 2012), балки дар навишти вожаҳое ҳам, ки дар таркибашон «ӯ» ё худ «у» доранд, ҳатман ба луғати тафсирӣ рӯ оварда, асли баромадашон – тоҷикӣ ё худ арабӣ будани онҳоро муайян намуда, сипас, қолаби дурусти онҳоро рӯйи қоғаз меоваранд, ки дар воқеъ, чунин амал иншокунандаро мондаву дилбазан накунонда наметавонанд. Ба ҷуз ин, риоя нашудани навишти меъёрии бархе аз вожаҳо дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» - и соли 2011 низ ҷо – ҷо ба чашм мерасад, ки ин ҳолат ҳам касро ба тааҷҷуб меоварад. Ин нукта дар мақолаи устоди ДМТ Азим Байзоев мӯшикофона зимни далеловариҳо сабти худро ёфтааст. Ӯ менависад: «Ба хотири комилан дуруст риоя кардани қоидаҳои имло хостам, онро бори дигар мӯшикофона хонам. Мутаассифона, ба ҷойи ба саволҳоям ҷавоби қотеъ гирифтан ба вартаи ҳайрониву сарсонӣ ғарқ шудам». Гап дар сари он ки ӯ як матни нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» - ро дар се нашр - якеро дар китобчаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (Нашриёти «Шарқи озод», с. 2012), дигареро дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Шарқи озод», с. 2013) ва севумиро боз дар ҳамон китобчаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (Нашриёти «Маориф ва фарҳанг», с. 2013) муоинаву мушоҳида намудааст, ки меъёри навишти садоноки у ба ҷои ӯ хилофи тавсияҳои дар «Қоидаҳои имло…» омада пеш аз ҳарфи ҳ ва аломати ъ на ҳамеша дар калимаҳои маъмул, аз қабили, шӯъба, сӯҳбаткунон, Зӯҳро, Саидмӯъмин риоя шудаанд.
Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баъзе нуктаҳое ҳам ба назар мерасанд, ки нисбат ба онҳо ҳам наметавон хомӯшӣ варзид. Он нуктаҳо бештар ба имлои калимаҳои дорои овозҳои ташдиднок, исмҳои хоси таркибӣ, калимаҳои дар охирашон ҳамсадои й – дошта, тарзи ба сатри дигар кӯчонидани ҳиҷои баъзе калимаҳо ва нуктаҳои ҷузъие, ки ба андаке таҳрир ё худ ислоҳкунӣ ниёз доранд, мансубанд. Аз ҷумла, чунон ки дар ҳамон мақолаи М. Музофиршоев ҳам таъкид гардидааст, дар «Қоидаҳо…» вожаи пашша дуруст, яъне бо ташдиди ҳамсадои ш пешниҳод шуда бошад ҳам, он дар саҳ. 190 – и матни «ФИЗТ» бе ташдиди ҳамсадои мазкур (паша) навишта шудааст, ки нодуруст меҳисобад. Зеро дар чунин навишт тарзи талаффузи он коҳиш ёфта, зада, чунон ки буд, на ба ҳиҷои дуюм ( - ша), балки ба ҳиҷои аввал (- па) меафтад. Ба ҳамин монанд калимаҳои содда ва оддӣ дар «ФИЗТ» дар шакли сода, одӣ, яъне бе ташдиди ҳамсадои д сабт шудаанд, ки низ нодуруст аст. Зеро, чунон ки ба забоншиносон маълум аст, аз ҳиссаҳои мустақили нутқ, ба ҷуз дар калимаҳои русии байналмилалӣ, дар гурӯҳи калимаҳои мансуб ба исм, аз ҷумла, дар калима - исмҳои иқтибосии забони араб, инчунин, дар сифат, шумора ва ҷонишин ҳангоми талаффуз зада, одатан, ба ҳиҷои охир меафтад.
Нисбат ба навишти калимаҳои таркибии ба исмҳои хос мансуббуда дар қоидаҳои имлои солҳои 1972 ва 1998, аз ҷумла, дар қоидаҳои имлои соли 1998 чунин таъкид гардида буд, ки «а) ҳар калимаи номи мақомоти давлатӣ, мансабҳои олӣ, парчам ва нишони миллӣ, бо ҳарфи калон навишта мешаванд. Аммо басти б) – и қоидаҳои бо ҳарфи калон навиштани исмҳои хоси таркибӣ дар «Қоидаҳои имлои…» охир андаке дигаргуна – дар қолаби «номи (ба ҷои ҳар калимаи номи. – С. Ш.) мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ ва рамзҳои давлатӣ» пешниҳод шуда бошад ҳам, ба назари мо, на дар ҳамаи мисолҳои овардашуда якгунагии қолаби навишт марбут ба номҳои мақомоти олии давлатӣ риоя шудааст. Масалан, ибораи Маҷлиси Олӣ мутобиқ ба қоидаи пешниҳодшуда бошад ҳам, аммо дар ибораҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, ки ин ҳар ду ҳам ифодакунандаи номҳои мақомоти олӣ маҳсуб меёбанд, бо ҳарфи хурд баррасӣ шудани калимаҳои дуюм (миллӣ, намояндагон) нодуруст аст. Инчунин, дар ибораҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар кадом ифодакунандаи унвони рамзҳои (нишони) давлатианд, то ки ҳамгунагӣ риоя гардад, лозим аст, ки калимаҳои давлатӣ ва миллӣ низ бо ҳарфи калон (Чунончи, Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон) навишта шаванд.
(Давом дорад)
С. Шербоев,
узви вобастаи АТТ,
доктори фанҳои педагогӣ,
профессор, методист
Иловакунӣ
Иловакунии фикр