Нашрияи Омӯзгор

Бозиҳои таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Муаллифони китобҳои дарсӣ хусусияти бо бозӣ  шавқи  зиёд доштани бачаҳоро ба инобат гирифта, ҷиҳати  инкишофи  нутқи  шифоҳию хаттии онҳо, бозиҳои  гуногун, ба монанди  аз таркиби  ҳарфҳои  калима сохтани  калимаҳои нав, бозиҳои  гурӯҳӣ ва амсоли  инро ба китоби дарсии «Забони модарӣ»-и  синфи чорум ворид намудаанд. Дар таълими забони модарӣ инкишофи малакаю маҳорати хонандагон аз маҳорат ва таҷрибаи  педагогии  омӯзгор вобаста аст. Ба сифати намуна якчанд намуди бозиро  меорем.

«Барфбозӣ»

Бозии мазкур ба хонандагон имкон медиҳад, ки мувофиқи тартиби таҳлили синтаксиси ҷумла гӯянд ва нависанд.

Тартиби  гузаронидани  бозӣ чунин аст:

Аз коғазҳои нодаркор тӯбчае омода сохта, омӯзгор ба хонандагон муроҷиат мекунад: «Ҳоло ман калимае  мегӯям ва тӯбчаро ба  тарафи  хонандае ҳаво медиҳанд. Хонанда тӯбро гирифта, бо он калима  ҷумла мегӯяд ва тӯбчаро ба тарафи хонандаи дигар  мепартояд.

Масалан: калимаи «Тоҷикис-тон»;

Хонандаи 1: Ватани мо Тоҷикистон ном дорад. Бо калимаи «баҳор»,

Хонандаи 2: Фасли баҳорро аз сабаби  зебоияш арӯси сол мегӯянд. Бо калимаи «китоб»;

Хонандаи 3:  Китоб манбаи дониш аст. Бо калимаи «синф»;

Хонандаи 4:  Мо дар синфи равшану барҳаво  дарс мехонем. Бо калимаи «дафтар».

Хонандаи 5: Дафтарро бояд тозаю озода нигоҳ дорем.

Пеш аз оғози бозӣ як-ду маротиба машқ кунед. Аз аҳли  синф хоҳиш намоед, ки  ҷумлаҳои шунидаатонро нағз дар хотир  нигоҳ доранд, ҳамчунин, ба дафтарашон нависанд.

Бозии «Савол чӣ буд?»

Бозии мазкур барои ташаккули малакаи  саволдиҳӣ дар марҳилаи  аввал гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани бозӣ чунин аст:

Дар 10 варақ қаблан саволҳои содаю  кӯтоҳро интихоб намоед. Саволҳои шумо бояд мураккаб набошанд. Саволҳоро аз доираи мавзӯъҳои таълимӣ, ки ҳоло хонандагон наомӯхтаанд, нагиред. Якчанд савол барои намуна пешниҳод карда мешаванд.

- Имрӯз ту чӣ кор кардӣ?

- Пагоҳ ба куҷо меравӣ?

- Дирӯз чӣ хӯрда будӣ?

- Кадом бозии варзиширо дӯст медорӣ?

- Кадом китоб ба ту писанд аст?

Як нафар хонандаи  қоби-лиятнокро назди тахтаи синф даъват кунед. Ба ӯ супориш диҳед, ки саволҳоро хомӯшона хонад, то дигарон нашунаванд. Ҷавоби  саволҳоро ба овози  баланд гӯяд.

Намуна:

Ман ба падару модарам ёрӣ расонидам.

Ба дигарон муроҷиат намуда, пурсед, ки савол чӣ буд?

Хонандагон намунаҳои  саволи худро пешниҳод мекунанд. Ба ҳамин тариқ, хонандаи назди тахтаи  синф буда ба чанд савол ҷавоб медиҳад.

 

Сафармоҳ ҒОИБОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш